ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Феврал 2020 15:26

    Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид медорад, ки роҳандозии фаъолияти Маркази протсессингии интиқоли пул, ки дар оғози моҳи декабри соли гузашта дар кишвар ба кор шуруъ кард, ба хотири таъмини шаффофияти маблағҳои мардум, ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон ва ба низом даровардани ин раванд, яъне интиқоли пул ба Тоҷикистону аз Тоҷикистон буда, он алакай натиҷаҳои хуб дода истодааст.

    - Муҳимтарин нуқта он аст, ки 20 соли гузашта шаҳрвандони тоҷик бидуни боз кардани суратҳисоб бо пешниҳоди код маблағро интиқол медоданду ба даст мегирифтанд. Дар ин самт тӯли ин солҳо механизми ҳимояи маблағи мардум аслан вуҷуд надошт ва низомҳои пулинтиқолдиҳанда, ки сармояи лозимаро надоштанду бе маблағи кафолатӣ фаъолият менамуданд, метавонистанд ҳар лаҳза муфлис гашта, пули интиқолшуда бисӯзанд. Ҳамакнун низомҳои пулинтиқолкунанда бо талаботҳои нави Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа намуда, кори худро дар асоси тартиби нави муқарраргардида ва бо гузоштани маблағи муайани кафолат-дар сурати муфлисшавӣ оғоз кардаанду бибунед, ки танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми маблағи интиқолшуда назар ба ҳамин моҳи соли 2019 беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфтааст. Ин маънои онро дорад, ки маълумотнокии молиявии шаҳрвандон ба маротиб беҳтар шуда, мардум ба кортҳо рӯ овардаанд. Ин худ 1 реформаи беҳамтост,-таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 5.02.2020.

 

Ҷ.Ҳусейн, СССР

 

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 15:22

    Дар нишасти матбуотии Бонки милли Тоҷикистон, имрӯз, 5.02.2020 баргузор шуд, хабар доданд, ки дар соли 2019 маърифати молиявии шаҳрвандони кишвар ба маротиб боло рафта, миқдори сураҳисобҳои бонкӣ барои муштариён дар ташкилотҳои қарзӣ кушодашуда нисбат ба соли 2018 15,4 дарсад афзоиш ёфта, 4 057 782 ададро ташкил додааст. 

    Миқдори умумии кортҳои пардохтӣ дар ин давра аз ҷониби бонкҳои ватанӣ  ба муомилот бароҷвардашуда, 2 483,9 ҳазорро ташкил дод. Нишондиҳандаи бола нисбати соли гузашта 36,7 дарсад бештар аст. 

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 15:07

    Мувофиқи иттилоои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2019 дороии умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 22-млрд. сомониро ташкил додааст. Нишондоди мазкур нисбат ба соли қабли 3,7 дарсад зиёдтар аст. 

    Тавре Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси БМТ иттиллоъ дод, соли 2019 дар кишвар дар маҷмуъ, 75 ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷумла 16 бонк, 1 бонки исломӣ, 22 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд, 30 фонди қарзии хурд инчунин 328 филиал  ва 1500 маркази хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ фаъолият намудаанд. 

Исмоилҷон Маликов, СССР

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 11:12

Ҳар сол, бо дидани буҷети нави Тоҷикистон мағзам фишор мехурад. Як чиз шигифт меорад, ки бо ҳама нодорию нотавонии кишвар, аз панҷ як пораи буҷет, аз 26 миллиард беш аз 5 миллиард пул барои омӯзишу парвариш, ё "маъъориф" ҷудо мешавад. "Аммо, вале, лекин...."

Бовар кунед, ки бо ин "маъъориф" е, ки дорем, ояндаи ториктарин моро дар камин аст. Оё медонем, ки беш аз 90% мардуми мо, он чӣ мардуми дигар сохта аст, корбурд кардан наметавонад? Аз роботу ҳуши сохтаю космосу нано намегӯям, оё чанд % мо аз техникаҳои содатарини рӯзгор корбурд кардан метавонад? Сохтан не, соз кардан не, кор фармудан!!!

Чанд % "ҳушёр" фарзандонашонро дар дигар кишвар мехононанд. Ҳич хубӣ надорад. Дар мардумие, ки сиёҳӣ зер карда бошад, фарзанди донишгирифтаи шумо нишони тир мешавад. Саркӯбаш мекунанд. Ё ҳамаи мардум рӯ ба дониш меорад, ё дониш зоғи ало мешавад. Дигар роҳе ҳаргиз набуда аст. 

Чандин бор навистаю "гап шунидаам", лекин боз менависам: дар 100 соли гузашта, ҳамаи сангинии рӯзгори мардуми мо бо дасти омӯзгорон сохта мешавад. Оре, бо дасти омӯзгорон! Чунки ҳамаи "ҳавзаҳои интихоботӣ" дар дабистонҳоянду "комиссия" омӯзгорон. Пештар аз омӯзгорони тозадаст бахшиш мехостам, ин бору дигар бор не. 

Омӯзгорони арҷманд! Ҳамаи "интихобот" дар дасти шумост! Дар дасти системаи шумост! Ин шумоед, ки ё аз тарс, ё аз худширинкунӣ, ё барои кадом чизи беарзиш сарнавишти мардуми худро ба дасти бесаводон медиҳед. Ҳамаи омӯзгорон номи ҳамкорони чиркини "интихоботсоз" и худро медонанд! Ҳамаашон медонанд ва чизе намекунанд! Барои ҳамин бахшиш намепурсам. 

Ҳамин сиёкорӣ аст, ки ҳарчанд панҷяки буҷет ба номи шумост, шумо камбағалед. Дар ғами мардум, ки нестед, ҳич не дар ғами худ бошед??? Чаро шумо дуздонеро "интихоб" мекунед, ки фардо пули кори шуморо дузданд? Оё ин дуруст аст?

Як ҳампешаам Завқибек Саидаминӣ номзадии худро гузоштаст, номнавис кардаст, офаринаш. Лекин шумо боз чӣ хеле, ки Раҷаби Мирзоро нагузоштед, намегузоредаш. Овозҳояшро медуздед. Медуздеду ба дузди дигаре медиҳед. Чун ҳамеша. Чунки Раҷабу Завқибекҳо дуздиро наметавонанд, пули шуморо намедузданд. 

Донеду огоҳ бошед, ки виждон чизи буда аст. У ҳаст. Рӯзе гиребонгиратон мешавад. "Чаро бад кардам? Чаро дидаму хомӯш нишастам? Чаро донистаму накардам?" Ин пурсишҳо рӯзгоратонро аз дарун месӯзад.

То омӯзгори мо ОМӮЗГОР нашавад, то фасодро аз бадани худ берун наронад, то дасти сиёҳ ба овози мардумон назанад, панҷяку чоряки буҷет ба номи "маъъъориф" ҷудо шуда, "дерибан" мешаваду мардум мардикору омӯзгор гурусна хоҳад монд.

 

С. Бурҳонов

Одесса

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 11:05

 

 Манон Махсумов, хонандаи доимии газета ба идора меҳмон шуда, иброз кард, ки дар шумораҳои гузашта матлабе бо номи “Автономияи тоҷикон дар Русия” чоп шуд. Ин пешниҳоди хуб аст, аммо мо ба ин матлаб монанд, яъне ин мавзӯъро чанд сол қабл, 9 майи соли 2012 дар шумораи 19 (192 газетаи СССР) мо низ навишта будем. Ин мавод вобаста ба ташкили субъекти тоҷикон дар ФР ва ҷонибдории устод Назар Мирзода аст! Дар мақола чунин навишта шуда буд: ФР 1 проблемаи ҷиддии дохилӣ дорад, аҳолиаш ҳар сол кам шуда истодааст ва ин муаммои демографии сарбаста боиси нигаронии роҳбарони Кремл ва аксари субъектҳои ФР гардидааст.Тоҷикон табиатан халқи демократанд ва метавонанд дар ҳалли проблемаи НУФУС ба Кремл  кумак расонанду ба ин васила дар пойдорию мустаҳкамсозии Федератсияи сермиллату абадқудрати Рус нақши муҳимро бозанд. Танҳо Президенти Русия В. В. Путинро зарур аст, ки 1 карори таърихӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ сенсатсиониро доир ба Тоҷикони Русия кабул созаду дар ҳайат ва ҳудуди ФР Вилояти Тоҷикон-“Таджикская область” ташкил ва пойтахташ шаҳри Ориён (ё Ориёнград ё Сомонград) шавад.

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:57

(Кӣ ба онҳо иҷозаи фаолият додааст?)

Дар яке аз шумораҳои газета мо дар бораи фаъолияти шабонаи тарабхонаи «Караоке «Прайд», ки дар шафати бинои Сирки давлатии Тоҷикистон қарор дошта, мардуми майпарасту ҷанҷоливу занҳои сабукпо онҷо аз поси шаб то субҳи содиқ ҷамъ омада, бо садои баланду гӯшхароши худ ба оромиши сокинони биноҳои ҳамсоя халал мерасонанд, навишта будем. Дар мавриди он, ки мақомоти қудратӣ-Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, ШВКД Фирдавсӣ-2, Прокуратураи н.Фирдавсии пойтахт оё нисбати шикояти мо ягон чораандешӣ кардаанд ё не, хабар надорем, зеро аз ин сохторҳои дар боло зикрёфта вокунише ба идораи редаксия ворид нашудааст. Аҷиб аст, ки онҳо ба кӯчактарин матлаби хонандагон эрод гирифта, парванда боз кардаву ҳафтаҳо таштишот мебаранд, лек нисбати шикояте, ки далели ҷиддӣ доштаву шоҳидонаш аз 17 нафар зиёданд, касе лаб во накард… 

    Мо сари ин мавзӯ боз ҳатман хоҳем баргашт, вале бояд ин нуктаро зикр намуд, ки пас аз нашри матлаби танқидӣ дар бораи «Караоке «Прайд» ба идораи редаксия садҳо нафар хонандагон ва сокинони пойтахт занг зада, дар бораи тарабхона, қаҳвахона ва даҳҳо клубҳои шабонаи дигар арзу шикоят карданд.

 «PMS»-бародари «Караоке «Прайд»?

   Давлатмурод Ҷабборов, 1 сокини пойтахт дар бораи тарабхонаи «PMS», воқеъ дар к.Борбади ш.Душанбе ба редаксия шикоят кард. Мавсуф иброз дошт. ки ин қаҳвахона ё тарабхона, ки дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматӣ ҷойгир аст, пас аз соати 21-и шаб ба кор сар карда, то субҳ ба макони айшу ишрат, даъвову додувойи майпарастону занҳои сабукпо ва фисқу фуҷур мубаддал гашта, мардуми маҳал аз дасти ин бетартибиҳо на осоиш доранду на оромиш. Шабе нест, ки дар ин ба ном клуби шабона ҷанҷолу низоъ ба вуқӯъ напайвандаду кӯдакон аз хоб бедор шуда, чунин ҷангҳои бидуни қоидаро тамошо накунанд.    Шикояти чандинкаратаи сокинон ба милисаву прокуратура бенатиҷа монд ва «PMS» ҳанӯз ҳам боз аст.

Иҷозат дар дасти кист?

    Тибқи Фасли 2-юми Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар ш.Душанбе, бо имзои раиси ш.Душанбе ба тасвиб расида, омадааст, ки «Дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе манъ аст:

а) дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд;». 

Саркашӣ аз ин Қоидаҳо ҷавобгарии маъмурӣ дошта сохторҳои қудратӣ ва назоратӣ барои риояи он муваззафанд. Вақте дастури шахсии раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳаст, пас чаро мақомоти қудратӣ ва ниҳодҳои дигари марбута сари ин масъала ҷиддӣ намеандешанд?

 То ҷое хабар дорем барои фаъолияти тарабхона ва клубҳои шабона иҷозатномаи махсус дода мешавад. Мо дунболи ин мавзӯ ҳам ба Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ва ҳам ба МИҲД ш.Душанбе муроҷиат намудем, аммо дар ягон сохтор бароямон ҷавоби аниқ ва дуруст надоданд. Пас, кӣ ба чунин тарабхонаҳои кӯчагӣ амсоли «Караоке «Прайд» ва «PMS» иҷозати фаъолияти шабона додааст? 

Зидди клубҳои шабона нестем, аммо…

Дар ш.Душанбе клубҳои шабонаи хеле ҳам хуб, амсоли «Гэтсби», «Гэлекси», «Роял Клаб», «Лофт», «Х.О.» хеле зиёданд ва хизматрасонии онҳо дар дараҷаи олист. Муҳимтар аз ин мо ҳеҷ гоҳ садои мусиқии баланд ва шурӯ мағали мардумро дар чунин ҷойҳо намешунавем, зеро дари онҳо баставу таҷҳизоти садобарории мусиқиашон ҳам тибқи талаботи меъёр асту касеро нороҳат намекунад. Бигузор чунин клубҳо бошанд, вале на клубҳое мисли «Караоке «Прайд»-у  «PMS» ва даҳҳо ба қавле «забегаловка»-ҳое, ки хизматрасониашон бад буда, на шароити хуби мусиқӣ доранду на ошхонаи хуб ва на ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯянд. То он ҳадде шароит надоранд, ки дар фасли зимистон дар ҳарорати -4 низ дар берун караоке гузошта, барои гарм шудани савдои худу мизоҷони майпараст дарёи арақ мерезанд, то каме ҳам бошанд гарм шаванд. Мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард. Мо Метавонем!

 

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:50

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:35

 

саҳ 11 аз 13

Китобҳо

Flag Counter