ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:14

    Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 12-уми феврали соли равон зимни нишасти хабарӣ дар масоили хисороти аз  коронавирус ба иқтисодиёти кишвар расида гуфт, ки пайдоиши вируси нав ҳеч мушкиле дар додугирифт бо Чин ба миён наовардааст. 

    Мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфта, инчунин оморҳои худи Хадамоти гумрук нишон медиҳанд, ки дар моҳи феврал 51 мошини борбар аз Чин ба кишвар камтар мол ворид шудааст. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон буда, бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо воридот мешавад. 

   Бино ба иттиллоъи мавсуф Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти хӯрокворӣ ворид намекунад, вале ин дар ҳолест, ки дар аксари мағозаҳои мо чандин намуди маҳсулоти хӯрока, аз қабили витаминҳо ва хокаҳоеро, ки дар зерашон ҳарфҳои чинӣ сабт шудааст, дидан мумкин аст.

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:13

 

 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар соли 2019 2154 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодию хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуд, ки аз ин теъдод 644 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  Сулаймон Султонзода, раиси ин ниҳод хабар дод.

    Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 345 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 231 ҷиноят марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 572 ҷинояти қочоқ, 16 ҷинояти саркашӣ аз супоридани пардохти андозҳо, 107 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаҷҷӯӣ, 73 ҷинояти сӯистифода ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, 230 ҷиноят марбут ба сохтакории хизматӣ, 156 ҷиноят оиди ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва 403 адад дигар ҷиноятҳо мебошанд.

 

СССР

 

Панҷшанбе, 13 Феврал 2020 13:11

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки доираи васеъи намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти  матбуотӣ бо суханронии Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини аввали сардори Хадамоти мазкур сурат гирифта, мавсуф зимни суханронии хеш доир ба фаъолияти ниҳоди зертобеаш дар соли 2019 маълумоти мухтасар дод.

   Дар қисмати суолу ҷавобҳо аз ҳафтаноми СССР ба муовини аввали сардори Ҳадамоти гумруки кишвар суол доданд, ки “Кадом ширкатҳои бузург аз барасмиятдарори молу маҳсулот ва таҳҷизоташон ҳангоми воридот ба ҶТ озоданд?”, Азим Ҳайдар дар ҷавоб гуфт, ки “ Имтиёзҳо барои таҳҷизоти технологиву тандурусти бениҳоят бисёр буда, аз ба расмиятдарорӣ озод шудани онҳо ҳангоми воридот ба кишвар ба ниҳодҳои дигар марбут аст».

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 14:08

 

1 манбаъи боэътимод дар Вазорати тандурустии кишвар гуфт, дар дараи Харангон 920 тан аз шаҳрвандони мо, ки аз Хитой баргаштаанд, дар ҳолати инзивоъ ё худ карантин қарор доранд. Ин манбаъ гуфт, 46 донишҷӯе, ки дирӯз, 11.02.2020 ба осоишгоҳи Харангон оварда шуданд, низ бар ин саф фузудаанд.

Дар посух ба суоли хабарнигори СССР, ки ҳамаи ин 920 тан аз Хитой баргаштаанд, манбаъ гуфт:

-Не, аксари онҳо тавассути Қазоқистон, Ӯзбакистон, Русия омадаанд. Вале онҳо бо ин ё он сабаб дар Хитой буданд. Мо рӯйхати онҳоро доштем ва баробари ба замин фаромадани тайёраҳо онҳоро ташхис карда, дар ҳолати инзивоъ қарор додем. Ин кор ба нафъи ҷамъият ва худи бозгаштагон аст ва миёни мо ягон нофаҳмие сар назадааст. Онҳо, иншооллоҳ, агар сиҳҳат бошанду сироят наёфтаанд, пеши аҳли байт бармегарданд.

Ҳамин манбаъ афзуд, худи Вазири тандурустии кишвар, Насим Олимзода шабонарӯзӣ дар Харангон аст, ситоди вежаи коронавирус таъсис ёфтааст ва вазъият таҳти контрол мебошад.

Вазири тандурустии кишвар дар сӯҳбати эксклюзив бо СССР гуфт, «хушбахтона то ҳанӯз касе аз ин афрод мариз нашудааст. Вале бояд онҳо тамомии талаботи карантинро пушти сар кунанд!».

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

М. Мубориз

СССР

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 13:01

 Зайнулобиддин Ҳусейнов, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газета аз деҳаи Гулибодоми н. Ёвон меҳмони редаксия шуда, дар бораи камбудиҳои ҳалнашуда дар ноҳияи мазкур гуфт: «Бо омадани раиси нави ноҳия Ҷамшед Саидзода кор дар н.Ёвон вусъати наву тоза гирифт. Аз ҷумла, барои обод шудани шаҳраку ҷамоатҳо ва таъмиру таҷдиди пули Ёвонруд алакай корҳои сохтмонӣ сар шудаанд ва ҳамаи ин хеле хуб аст. Муҳимтарин коре, ки раиси нав карда истодааст-ин бозсозии осорхонаи ноҳия аст, ки солҳои тӯлонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буду раисони қаблӣ ба он аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Аммо новобаста аз рафти корҳои ободониву созандагӣ камбудӣ дар Ёвон хеле зиёд аст, сар аз пур будани синфҳо дар мактабҳо, то рушди боғоту заминҳои кишоварзиву сохтмони биноҳои баландошёна. Дар ин маврид метавонам 1 ҳолатро мисол дорам: соҳибмулкон хонаҳои тайёрро гирифта, ба ҷои ба иҷора додану шинонидани одамони бехона, онҳоро ба доррухонаву ҳар гуна озмоишгоҳҳои тиббӣ мубаддал карда истодаанд. О, ба мардум ҷойи зист диҳед, аз дорухона беҳтар нест!? Камбудӣ ва проблемаҳо хеле зиёду раис танҳост, оё фурсати бо навбат ҳаллу фасл намудани онҳо мерасида бошад?

 

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 12:52

4 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2019 бо иштироки васеи рӯзноманигорон аз васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.

Сараввал Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли 2019 ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд. Сипас, рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои мавқеи «Амонатбонк» миёни бонкҳои дохилӣ ва хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ, қарзҳои батаъхирафтода ва баргардиши ин қарзҳо, арзиши кортҳои пардохтии бонкӣ, мӯҳлати қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо фоизҳои дастрас, маблағҳои ғайринақдии воридшуда тариқи постерминалҳои Бонк дар соли сипаригардида, кӯмакпулиҳо ба ниёзмандон дар як сол, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкии фаъолияти шабонарӯзидошта дар пойтахт ва ҷалби бештари занон ба кор дар Бонк суолҳо пешниҳод гардиданданд, ки аз ҷониби Раиси Раёсат посухҳои мушаххас дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар нишасти матбуотии мазкур Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ,сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Наимӣ, муовинони Раиси Раёсат Фирдавс Зикр, Шаҳло Сайфзода, сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ва беш аз 40 рӯзноманигор ширкат доштанд, инчунин ҳамаи рӯзноманигорон бо варақаҳои иттилоотии натиҷаҳои молиявии «Амонатбонк» дар соли 2019 таъмин карда шуданд.

Раиси Раёсат Икромӣ С.С. аз ҳамаи рӯзноманигорон барои ширкат дар нишасти матбуоти сипосгузорӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки танҳо ҳамкориҳо бо ВАО ва Бонк омили пешравиҳо дар кор ва рафъи камбудиҳо дар ҳама соҳа хоҳад буд. Дар хотима, ҳамаи меҳмонон аз Осорхонаи «Амонатбонк» дидан намуда, якҷо бо Роҳбарияти Бонк акси хотиравӣ гирифтанд.

 

Ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ш. Душанбе

   Рӯзи 08.02.2020 дар бинои асосии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷаласаи кории Раиси Раёсати БДА ЧТ «Амонатбонк» бо кормандони МХБ ва масъулони филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ш.Душанбе баргузор гардид. 

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат С.Икромӣ оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои ш.Душанбе маълумот пешниҳод намуд.

Шумораи МХБ-и филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк”дар ш.Душанбе ба санаи 31.01.2019 с.- 56 адад ё 10 %-и МХБ-и «Амонатбонк»-ро ташкил медиҳад.

Дар соли гузашта бобати иҷрои саривақтии амалиётхои бонкӣ, бартараф намудани тамбашавии мизоҷон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ҳамаи марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои ш.Душанбе пурра бо компютер ва таҷҳизоти муосири бонкӣ таъмин гардиданд. 

   Дар доираи ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

   Дар Паёми навбатии худ низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон вобаста ба масъалаи ҷалби бештари бонувон дар «Амонатбонк» дастуру супориш доданд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар зерсохторхои БДА ҶТ “Амонатбонк” шумораи занону духтарон дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ 65 нафар ё 45% буда, 24%-и шумораи умумии занҳои МХБ-и БДА ҶТ “Амонатбонк”-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта (14%) зиёд мебошад.

Дар ҷаласа Раиси Раёсат С.Икромӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муносибат бо мизоҷон, риояи давомоти корӣ, иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятӣ ва ғайра супориш доданд. 

   Инчунин, роҳбарияти «Амонатбонк» барои пешравии кор ва ҳавасманд намудани кормандони бонк пешниҳод намуданд, ки соли 2020 дар миқёси кишвар озмуни “Беҳтарин МХБ- сол” баргузор карда шавад. 

 

Ташрифи собиқадорони «Амонатбонк» ба бинои нави Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»

    Як гурӯҳ собиқадорони бонк, ки ҳанӯз 40-50 сол пеш ба ҳайси кадрҳои роҳбарикунанда дар «Амонатбонк» кор ва фаъолият мекарданд, аз шароити муосири имрӯзаи Бонк диданд карданд. Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ ва ҷавондухтарони фаъол меҳмононро дар ошёнаи якуми Бонк истиқбол намуда, ба ҳайси роҳбалад аз хизматрасониҳои бонкии муосир ошно карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ошёнаи 10-уми Бонк Осорхонаи «Амонатбонк» ҷойгир аст. Дар осорхонаи мазкур таърихи таъсиёбии аввалин хазинаҳои бонкдорӣ дар Тоҷикистон, намунаҳои пулу қоғазҳои қимматбаҳо ҷойгир буда, осорхона бо услиби шарқӣ сохта шудааст. Меҳмонон ҳар яке бо шавқу меҳри беандоза дар ин толори таърихӣ хотираҳои гузаштаи хешро ёдовар шуданд.

Баъд аз дидани осорхона собиқадоронро, дар толор-маҷлисгоҳ мутахассисони касбӣ ва ҷавонони Бонк истиқбол намуданд. Дар рафти вохӯрӣ собиқадорон ба ҷавонони имрӯза аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кории худ, шароит ва бурду бохти Амонатбонки пешин ёдовар шуда, шароити имрӯзаи кориро афсонаи амалишудаи худ арзёбӣ карданд.

     Собиқадорон ба ҷавонон тавсия доданд, ки ба халқу миллат содиқона хизмат расонад, зеро Амонатбонк бонки мардумӣ аст ва дар Бонк барои халқу миллат фаъолият кардан мояи шараф ва ифтихор мебошад. Дар охир аз тарафи роҳбарияти Бонк ба собиқадорон чун рамзи нек, тӯҳфаҳо супорида шуд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

 

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 12:46

 

Имрӯзҳо сомонаҳои иҷтимоӣ, ки барои муошират равона карда шудаанд, ба минбари дашному ҳақорат, таҳқиру таҳдид табдил ёфтаанд. Корбарандагони тоҷикони “хориҷӣ” 1 сӯ, ташвишовараш аст, ки баъзе аз истифодабарандагони интернетӣ дар дохили кишвар низ бо 1 маърифати хеле паст набуди граматикаву этика, дар саҳифаҳои гуногуни сомонаҳои иҷтимоӣ “публикатсия, комментария ва поделится” мекунанд... 

Инстаграм: “Фу мегум, Фу!”

   Дар шабакаҳои ичтимоӣ, амсоли Инстаграму Фейсбук ва Одноклассники қариб тамоми сарояндагону шахсиятҳои шинохтаи ҷомеаи тоҷик саҳифаҳои шахсии худро доранду ҳар яке барои зиёд намудани аудиторияи худ талош мекунад. Барои ин гоҳе бо либосҳои нимбараҳна ва навиштаҷотҳои таҳқиромез мардумро ба худ ҷалб месозанд. Сипас, оғоз мешавад таҳқиру дашному таҳдид дар комментҳои мардум.

  Масалан, Меҳринигори Рустам вақте дар саҳифаи “Инстаграм”-аш аксеро гузошту мардум дашному ҳақоратро оғоз карданд. Аз ҷумла  истифодабарандае бо номи “ufc_boroda_” менависад, ки “Эээ мехригори ё чумагули либос пушид чазир шдай ку дхтарорам чазир мекни”. Ба ин монанд Фируза Ҳафизова, сарояндаи дигари кишвар дар саҳифаи худ навореро аз ҳаёти шахсии худ гузошт, ки он ҳам зери танқиди зиёд аз ҷониби мардум гардид. 

Мисоли дигар, истифодабаранди дигаре бо номи___rus1k___03 меанвисад, ки “И мошина ба зобонш тоза мекна просто барой сурат гири болошда шиштай. Мардум дар интернет нишаста, аҳамият намедиҳанд, ки ин ҳама таҳқиру дашномҳо онҳоро расвои 2 олам мекунад!

     Маҳз ба хотири нафароне, ки вақти зиёдеро барои таҳқири сарояндагон дар Инстаграм сарф мекунанд, Фируза Ҳафизова дар охири соли 2019 сурудеро бо номи “Фу мегум” нашр намуд, ки муҳтавои кутоҳаш  “мардум ба ман кор нагирен” буд.

Фейсбук-ҳақоратхонаву ғайбатхона?

    Фейсбук низ ба яке аз минбари “Ҳақоратхонаву Ғайбатхона” табдил гардидааст. Хуб, аст, ки ҳар лаҳза мо аз хабарҳои дохиливу хориҷи бохабар мешавем ва ҳама намуди рекламаро мебинем. Аммо расмҳо, навору навиштаҷотеро, ки душманони миллати тоҷик нисбат ба ватан омода месозанд, хело нигаронкунанда аст. Зеро дар аксарияти матлабҳояшон бо расм, видео, графика кадом 1 мақомдори тоҷикро дар либоси ҳар гуна ҳайвон, карикатура ва факту рақамҳои бардуруғ нашр мекунанд. Сипас баҳсу мунозираҳои шадид байни ҳамдигар  оғоз мегардад, ки саропо иборат аз ҳақорат, ҳамоқат, дашному тадвини миллати тоҷик аст. Дар ҳоле, ки дар пушти ҳар 2 девор тоҷикакон менишинад, тамошобинони дигари хориҷӣ муноқишаи бародаронро назорат мекунанд ва ба ҳоли мо механданд. Ҳарду ҷониб меъёр ё худ этикаи инсониро риоя намекунанд. Зеро ҷангҳои зеҳнии мухолифону ҳукуматиро душманони миллати тоҷик метавонанд бар нафъи худ истифода кунанд... агар накардаанд. Мо Метавонем!

 

Шералӣ Давлатов, СССР 

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 12:40

 

(Оё мардум вакили худро мешиносад? Хулоса дар шахсияти 1 тан...)

5 сол муқаддам, аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21, собиқ раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназар вакили парлумон таъин гардид. Барномаи пешазинтихобии ӯ беш аз 30 бандро ташкил медод, ки барои ба ёди худи вакилу интихобкунандагони ҳавза овардан онро инҷо кӯтоҳ карда меорем: 

1.Андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати таъмини ғановати буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тавассути ҷалби сарчашмаҳои истифоданашуда ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон;

2.Воридоти технологияи муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ташкили  корхонаҳои нави хурду миёна...

3.Мусоидат дар эҳё ва рушди ҳунарҳои суннатии кашидадӯзиву қолинбофӣ ва пазандагӣ...

4.Мусоидат дар таъмини иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватанӣ дар ғановати бозори дохилӣ...густариши шарикии бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ;

5.Ширкат дар таҳияи Барномаҳои миллии таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нерӯи барқ ва гармӣ тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд ва истифодаи сӯзишвориҳои алтернативӣ;

6.Чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти мӯътадили корхонаҳои саноатии муваққатан азкорбозмонда ва тозабунёд, дар самти истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва воридотивазкунанда;

7.Ба анҷом расонидани таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент;

8.- Ба истифода додани коргоҳи дуюми ҶДММ КМ «Зарафшон»;

9.- Сохтмони хати баландшиддати 220 кВ «Айнӣ – зеристгоҳи Рӯдакӣ»;

10.- Сохтмони зеристгоҳҳои барқии 110 кВ «Қавола» ва «Хамиртеппа»;

11.- Сохтмони хонаи саломатӣ дар мавзеи навбунёди Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа  Ҳасан;

12.- Сохтмони бинои шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи марказии шаҳр; 

13.- Таъмир ва тармими шабакаҳои гармидиҳии  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент.

14.- Аз таъмири асосӣ баровардани кӯдакистони №7;…

   Ба фиркам кофист…!

Коршиносони шаҳри Панҷакент мегӯянд, қариб нисфи пунктҳои барноми Хисрав Абдуназар иҷроношуда боқӣ мондааст. Он корҳое, ки дар ин муддат амалӣ гардиданд, на бо мусоидати депутаташон амалӣ шудаанд.  Балки кори ҳамарӯза иҷро мешудаи идораву корхонаҳо буд. Мактабҳо боз чун ҳамешагӣ аз ҳисоби хонандагон таъмир гардиданд, роҳу ҷодаҳоро шахсони сахӣ ва ё тариқи ҳашар поккорӣ намуданд ва ғ. ва ҳ. 

Вале ин нуктро мӯҳтарам вакили халқ аз Панҷакенти бостонӣ радд карда наметавонад, ки дар муддати 5 сол депутатии ӯ, чанд корхонаи саноатӣ аз қабили корхонаи “Тамоку”, Заводи биринҷ  ва “Шарбат” пурра аз байн рафтанд. 

Хуршед Фозилов, Панҷакент, СССР

PS: Он бандҳое, ки зерашон хат кашида шудааст, тамоман иҷроношуда боқӣ мондаанд.

 

саҳ 8 аз 13

Китобҳо

Flag Counter