ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 08:46

 Нуриддин Саид раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин пресс – конфронси худ, ба суоли хабарнигори СССР, доир ба кам будани барномаҳои панду ахлоқӣ дар телевизион гуфт, ки вобаста ба ин масъала мо дар маҷлис бо кормандон суҳбат кардем. Супориш дода шуд, ки минбаъд барномаҳо, мизҳои мудаввар, суҳбат бо шуаро, бо сиёсатмадорон, бо олимон, хусусан бо муаррихон, бо философу адабиётшиносон,  бахусус бо шоирон ва нависандагон ҳатман ба роҳ монда шавад.Барномаҳои телевизионии Тоҷикистон куллан тағйир дода мешавад ва барномаҳои тафсили шеъриро низ бештар тақвият  медиҳем. 

О. Достиева

Барои СССР

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 08:42

 Сабаби дар умум муроҷиат карданам ин надонистани шахсияти якояки шумост, он тараф истад кору фаъолиятатон. Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу «пурталотум», ки маъракаи интихоби шумо наздик мешавад ва аллакай мушоҳидачиёни байналхалқӣ шурӯъ ба санҷиши омодагии участкаву ҳавзаҳо ва мардум намудаанд, инчунин тамоми рӯзномаҳою дигар расонаҳои иттилоотӣ пайгири ин мавзӯанд, ман низ дар музофот ба ҳайси 1 журналисти аз ҳуқуқҳои Конститутсиониам бархурдор, ҳамзамон пиёдакунандаи сиёсати давлат, хостам барои рӯзномаи ноҳиявӣ маълумоте оид ба номзадҳо ба мақоми вакилӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳияю вилоят ва ҳам ҷумҳуриявӣ гирам. Аммо масъулон тавре вонамуд мекунанд, ки ин кори махфӣ бошад. Тарсам аз он аст, мабод аз он рӯзе, ки боз дар  маҷлисгоҳи мақомот бо ҳамон 40 нафар вакилони ба мисли моҳӣ безабону хомӯш рӯ ба рӯ оям. Аз вакилони вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ умуман хабар надорам, ки кистанд. Пас, Шумо гумон доред, ки мардуми оддӣ медонанд вакилони худро?!. Дар навбати худ вакилони аз тарафи ҷамоатҳо ба чӣ роҳҳое пешниҳодшуда оё дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ва  дар баррасии масъалаҳо ба  баҳсу мунозира шудан қодиранд?!  Чӣ хеле дар урфият мегӯянд: «Духтарам ба ту мегӯям-келин ту бишнав». Ин суханон ба номзадон ба вакилии маҷлиси вилоят ва ҳам  ҷумҳуриявӣ низ таалуқ дорад.

                                                               Адолат Сайфуллозода  

                                                                     сармуҳаррири  Тахти Қубод

 

Панҷшанбе, 20 Феврал 2020 08:39

Проблемаи миллӣ-8

1 миллати максималист шудаем: Мехоҳем ҳама чиро дошта бошем ва дар 2 дақиқа, вале барои расидан бар ҳадаф ягон кас бизнес-план надорад. На дорем ва на таҳия кардаему на дар фикраш ҳастем. Вале дар сар Карт-Бланш дорем. Яъне мехоҳем бо чӣ роҳе набошад, вале ҳатман дар 2-3 рӯз, максимум 2-3 ҳафта ҳатман соҳиби мошин, хонаву дар, пулу мол ва сарвату ғановат бошем. Карт-Бланшро ҳазрати Ҷомӣ (агар хато накунам) дар диалоги падару писаре меорад. Аҳамият деҳ, хонанда, муаллиф дар асри 15 мезист:

Падаре аз писар пурсид, ки эй ҷони падар, магар рӯзе Риши Гов будаӣ?

Писар гуфт, Риши Гов чист, падар? -Риши Гов нафарест, ки коре накунад, каҷпаҳлӯ хоб аст ва фикр дорад, ки соҳиби давлату сарват гардад! Писар гуфт, эй падар, то оне, ки будаам, Риши Гов будаам!

Мо низ Риши Говем. Тақрибан ҳама! Танҳо 1 нафарро, шахсан худам медонам, ки мехоҳад соҳиби Ҷоизаи Нобел шавад ва корро аз сифр-0 сар кардааст. Файзулло Сафаров, олими ҷавон, ки аз Маскав ба Тоҷикистон баргаштааст, Бизнес-план дорад, реформаи маорифро даст заданист. Вале барои расидан ба ин ҳадаф ба сангарҳои сунъиву табиие дучор омад, ки ҳисобаш гум. Аммо бовар дорад, ки ҳамро пушти сар мекунад. Зеро бизнес-план дорад ва қадам ба қадам, шаг за шагом, step by step пеш меравад. Бовар дорам ҳатман муваффақ мешавад. Зеро Риши Гов нест!

Ҷавонони мо дар Университет (!!!) мехонанду, дар сар ҳавои ғуломӣ, муздурӣ, гастербайтерӣ доранд. Ва медонед барои чӣ? Зеро Риши Гованд! Мехоҳанд ҳарчӣ зудтар соҳиби мошин, хона, зан шаванд. Маҳз зан, на оила. Зеро барои насли нави мо, мутаассуф, зан ва оила 2 чизи тамоман муғаййиранд. Зан барои «престиж»-и гастербайтер аст, ки баъдан Русия баргашта, тариқи телефон, назди дигар гастербайтерҳои ҷавон ӯро, яъне занро дашном диҳанд, таҳқир кунанд, фаҳмонанд, ки Шери Наранду занкалон не ва чанде ба баъд талоқаш кунанд. Тамом! Оила капут!!! Аммо воҳима, престиж, занНОкалонӣ дар амал. Ва ин ҳама пеши ким? Пеши чанд гастербайтери дигар, ки низ дар партави ин ҷавон илҳом гирифта, оилаашонро вайрон мекунанд. Маҳз ана ҳамин максимализми авомонаи насли нави мост, ки ин масал дар ҷамъият мӯд шуда:

-Любой дурак, 1 опелу 2 зан дорад…

Империзм барои мо бегона аст. Ба дониш ками дар кам такя мезанем. Куллан ва бебозгашт чунин шудаем. Зеро агар чунин намебудем, ҳатто китобхариву китобхониамонро баъди фармон аз боло шуруъ намекардем. Имрӯз тараддуду такудави вазирону раисонро дар мавриди китобхариву китобхониву китобхонаву рафҳои китобсозӣ дида, ростӣ, ҳайрон мешавам, ки то дастури президент ин мардум бо чӣ кор банд буданд? Ҳоло дар бинои шифохонаву  ёрии таъҷилӣ, долону даҳлезҳо, таваққуфгоҳу бозорҳо, меҳмонхонаву фароғатгоҳҳо  ва ғ. ва ҳ. оҷилан китобхона месозанд, библиотека меороянд. Метарсам, ҳоло дар истгоҳҳо низ китобхона насозанд. Империзм ҷояшро ба максимализм дода истодааст. Ин доду ситадро дида, бегумон андеша мекунӣ, ки ҳамин мардум, ҳамин масъулин, агар чархаи Чарх андаке тағйир пазирад, аз фанатҳои имрӯзаи мазҳабӣ ба карат мегузаронанд… 

Воқеан ҳам, агар хонанда фикр дорад, фанатизмро мо варшикаставу мардумро куллан дунявӣ, яъне мусалмони муосиру замонавӣ кардаем, хато мекунад. Фанатизм ба пинҳонкорӣ рафтааст. Чун дар солҳои қабл. Ришҳоро ба фукҳо, сатрҳоро ба каллаҳои пуч ва юбкаҳои салафиро ба устухони почакҳо пинҳон кардаем. Фишор сари мардуми вораста, ки сафашон ба миллион карат коҳиш ёфтааст, бештар гардидаву камтар на. Вале ҳамакнун фишор-фишори хонаводагӣ шудааст. Яъне фанатизми пинҳонкор сари падару бародарони афроди вораста ва замонавӣ фишор меорад, то духтар ё писарашонро «ба рамка дароранд!». Хонуми ворастае, шоираи барҷастае имрӯз онгуна зери фишори падару бародарони фанатикаш қарор дорад, ки дирӯз дер мекардам, шояд даст ба ҷони хеш мениҳод. Ин мисраъҳо аз ӯст:

Рӯсарӣ сӯхтаам, з-он ки дилам сӯхта шуд,

Хатми ин қофила бишкастани паймонаш буд.

Ҳолам аз ҳолати Фархунда ғамангезтар аст,

Шамъро сӯхт ҳамон ришта, ки бар ҷонаш буд…

Ҳукумати дунявӣ, идеологияи дунявӣ, мақомоти дунявӣ бояд бонувони ворастаи худро аз фишору тазйиқи равонии хешу ақрабо ҳифз кунад. Зеро тибқи овозаҳо, вазъият онгуна печида гаштаву солҳоеро ба ёд меорад, ки Фузайл-махсум дар Ғарм муаллимаҳоро дор мекашиду мардум қарс мезад. Намезад? Ещё как мезад! 

Мо бояд 1 чиро фаромӯш накунем, ки Тоҷикистон танҳо Душанбе нест, ки фикр дорем, ҷамъиятро дунявӣ кардаем…

PS: Ин матлабро нотарсона бо сабки қаблии СССР барои он навиштам, ки хонум Гавҳар Шарофзода тарки курсии раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот кардаву депутат шуданист. Фикр дорам, раиси нав сабк, жанр ва худи журналистикаро аз адабиёту забону грамматика фарқ мегузораду пагоҳ ба прокуратура даъво намебарад. Воқеан ҳам душманони Гавҳар-апа овоза кардаанд, ки ин кас худашон аз имтиҳони забони давлатӣ, ки вакилон ногузир медиҳанд, аввал нагузашт, ки шахсан ман бовар  надорам! Мо метавонем!!!

 

Сешанбе, 18 Феврал 2020 17:50

 

    Дируз тақрибан соатҳои 12-13-и рӯз мошини боркаши тамғаи «Фотон» зимни ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Бохтариён" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба симчӯби хатҳои баландшиддати барқӣ бархӯрд. Ин ҳодиса, ки ба садамаи барқӣ оварда расонид, боиси он гашт, ки сокинони маҳал беш аз 30 соат бе барқ монанд. Хушбахтона, касе осеб надид.

    Худи ронандаи бошини боркаш мегӯяд, ки сабабагори садама ронандаи автомашинаи сабукрави тамғаи «Нексия» буд, ки ба самти муқобил баромад. Айни ҳол дар ҷои ҳодиса таъмир идома дошта, масъулони шабакаи барқи вилояти Хатлон талош доранд, ки то охири рӯз сокинонро бо барқ таъмин намоянд.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 18 Феврал 2020 17:45

Сардори навтаъини раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал майор Навҷувонов Абдулло, ки баъди як суханрониаш номаш дар сархати расонаҳо қарор гирифт, барои ифтитоҳи бинои шуъбаи шиносномавию бақайдгирии ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент иштирок намуд.

Генерал Навҷувонов, зимни суханрониаш иброз дошт, ки мо кормандони милитсия бояд ба халқ шоиста ва босифату муомилаи нек хизмат расонем. 

Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент, гуфт: 

- Бинои мазкур бо дастгирии молии ҳукумати шаҳр аз тарафи ширкати сохтмонии ПМК-278 сохта шуд. 

Зикр гардид, ки бинои Хадамоти  шиносномавию бақайдгирии мазкур аз 4 ҳуҷраи корӣ, 2 толор, утоқи бойгонӣ иборат буда, бо маблағи қариб 294 000 сомонӣ бунёд шудааст.

Баъди бурридани лентаи рамзӣ, Абдулло Навҷувонов ва Ислом Зиёзода, аз ҳуҷраҳои корӣ дидан намуда, ба ҳайати шахсиӣ ва кормондони милитсия барору бурдбориҳо таманно намуданд.

 Хуршед Фозилов, Панҷакент

 

Сешанбе, 18 Феврал 2020 15:59

Дар таърихи 16.02.2020, хабари журналисти маҳаллӣ аз вилояти Суғд, Ҷаҳонгир Мирсалимов, аз пресс-конфронси Раиси РВКД вилояти Суғд, генерал-майор Навҷувонов Абдулло, ки ба мо ирсол дода буду таҳти унвони 

«Навҷувонов: «Бародарони мусалмон» дар Суғд аз соли 1999 фаъолият дорад» дар ҷумлаи саввуми хабар бо саҳви техникии муаллиф ин ҷумла нашр шудааст:

- Навҷувонов дар робитаи бо қазияи боздошти чанд сокини Суғд барои пайравӣ ба ҷарайёни “Бародарони мусулмон”, таъкид намуд, ки фаъолияти онҳо аз ҷониби давлати Арабистони Саудӣ дастгирӣ меёфт…

Бино ба иттилоъи муаллиф ва сабти наворҳои нишасти матбуотӣ, ки ба дасти мо расид, ин сухан дар он конфронс садо надодааст. Зимнан, муаллифи хабар аз генерал Навҷувонов ва аз сафири Арабистони Саудӣ дар ҶТ узр мепурсад.

Мо метавонем!

Баёноти Ҷаҳонгир Мирсалимов замима мегардад.

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:54

   Бо Фармонҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз 14.02.2020 Гулмаҳмадшозода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Исматуллозода Ширин Исматулло муовинони Сарвазири мамлакат таъин гардиданд. 

   Гуфта мешавад, ки Фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод шуданд.

 

Ҷумъа, 14 Феврал 2020 16:38

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба масоили вобаста ба делимитатсия ва демаркатсия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара ва Боткент  ибрози назар карда, таъкид намуд,  ки ҳоло аз ҷониби комиссияи байнидавлатӣ масъали додугирифти замин байни 2 кишвар идома дорад:

 “Гуфтушунид рафта истодааст. Ман боварии комил дорам, ки масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал карда мешавад. Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем. Ворух анклав нест”,- гуфт раиси вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон. Вале раиси вилоят, дар мавриди он ки Тоҷикистон кадоме аз минтақаҳои худро ба ҷониби Қирғизистон барои иваз пешниҳод кардааст, чизе нагуфт.         

Қаблан итилоъ дода шуда буд, ки  Қирғизистон 2 қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак дар деҳаи Самарқандакро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст. 

 Гуфта мешавад, комиссия бо дарназардошти харитаҳои солҳои пешин масъалаи делимитатсия ва демаркатсия дар марзро баррасӣ дорад ва қарор аст, ки ҷонибҳо ба наздикӣ ба тафоҳум оянд. Ба иттилои сарчашмаҳо аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.

 Ҷоиз ба зикр  аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол  номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Ба маълумоти сарчашмаҳо аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди 10 низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон анҷомид. 

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

саҳ 5 аз 13

Китобҳо

Flag Counter