ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 12 Феврал 2020 10:16

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ният» ба мақолаи Душанбе: «Нақлиёт намерасад» рӯзномаи «СССР» №51 (588) аз 19.12.2019 сол чунин иттилоъ медиҳад: Дар хатсайри микроавтобусии №12 (кӯли Чорбоғ-бозори «Меҳргон») тибқи талабот 24 адад воситаи нақлиёт муайян гардидааст. Вале ҳамарӯза  аз 23 то 27 адад воситаи нақлиёт ба хатсайр сафарбар  карда шуда, аз соати 530 пагоҳӣ  то 21-30 дар 2 баст ба  мардум хизмат мерасонанд. Маврид ба зикр аст, ки дар соатҳои қуллавии саҳар ва бегоҳирӯзӣ (часпик) бинобар сабаби яку якбора ба сафар баромадани шумораи зиёди мусофирон талабот ба воситаи нақлиёт бештар мегардад ва ин омил боиси зиёд савор шудани мусофирон ба нақлиёти ҷамъиятӣ автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо мегардад. Гарчанде, ки воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо тибқи реҷаи ҳаракати тасдиқкунанда фаъолиятро ба роҳ монанд ҳам, дар соатҳои пуравҷи корӣ (час-пик) анбӯҳи мусофирон дар баъзан истгоҳҳои нақлиётӣ дида мешавад ва бо гузашти андак вақт ин ҳолат пурра бартараф мегардад.

Х. Хайруллоев, 

директори ҶДММ «Ният» 

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 10:13

Дуруд ба ҳафтаномаи дӯстдоштании СССР! Дар шаҳри собиқ Қургонтеппа ҳозира Бохтар, баъди ҷанги  шаҳрвандӣ дигар автобусҳои  дохилу  берунишаҳрӣ фаъолият намекунанд. То  ҳол  дар шаҳр таксиҳои шахсӣ ба  тамоми  самтҳо ҳаракат  мекунанду раҳмат ба ин одамон,  ки бо мошинҳои  шахсии  худ  шабонарӯзӣ  дар  хизмати  халқ  мебошанд. Вале  аламовараш он  аст, ки  ҳар  рӯз аз тарафи  нозирони  БДА ин таксиҳо дар таъқибу фишоранд. Ҳуҷҷатҳо  ва  рақамҳои  мошинҳояшонро канда  мегиранду  саргардонашон месозанд. О, аввал шароити ҳамлу нақли мусофиронро муҳайё созед баъд мошинҳои шахсиро ронед. Агар инҳо набошанд ба сокинону меҳмонони Бохтар кӣ хизмат мерасонад? Аз роҳбарияти  вилояти  Хатлон  ва  раиси  ш.Бохтар хоҳиш  дорам, ки  ҳарчи зудтар камбудии  доғи  шаҳрро бартараф созанд!

Асадуллои  Бохтарӣ, Ихвон ал-СССР, тел: 931050901

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 08:10

Имрӯзҳо ҳазорон-ҳазор ба духтурон муроҷиат мекунанд. Чи дар беморхонаи «Қарияи боло», чӣ дар «Шаҳраки табобатӣ» (Медгородок) мебинем, ки рафтуомади беморон, навбатпоиҳо, роҳхатҳои росту дурӯғ ба ташхис ва таҳлили хун (ин роҳхатҳоро ҳатман ба ҳамаи беморон медиҳанд, чун «амр» аз болост), интизориҳо, сарсониву саргардониҳо, сарфи беҳудаи вақти пурқимат, ки дигар бар намегардад ва монанди инҳо, оқибат беморро бистарӣ карданҳо…

Вале суол чунин аст: Оё бемороне, ки аз буҷаи оилавӣ сарфи ҳангуфтро мадди назар карда, аз ин ташхису таҳлилҳо мегузаранд ва билохира ноилоҷ бистарӣ мегарданд, шифои комил меёбанд? Оё баъди табобати пурра гирифтан аз табибон ва ин табобатҳо  розӣ бошанд? Оё  ин нархгузорӣ ва ташхису таҳлилҳои нолозим ба табибон ягон манфиат мебахшад ё танҳо барои «амр» буданаш мефиристанду халос? Чаро табибон ба хулосаи ин ташхисҳо ҳатто нимнигоҳе намекунанд? Ин ҳама омодакунии беморон ба муолиҷаҳо (ҳатто статсионарӣ) ба кӣ манфиат мебахшад? Чаро  дар даврони Шӯро табибон «фигура» доштанду «стройный» буданд, аммо имрӯзҳо фарбеҳ шудаанд? 

Биёед, ба Ҳукумат ва намояндагони халқ-Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунем, то қарор қабул кунанд:

- Дар ҳолати пурра табобат ёфтани бемор пардохт аз бемор ситонида шавад, вале агар тағйирот дида нашавад, пардохт аз ҳисоби табобаткунанда ситонида шавад. Илова бар ин, дар ҳолати фавти бемор-товон, ҷуброни он пурра аз ҳисоби табиб  ситонида шавад! Худ қазоват кунед, чаро табиби оддӣ пеши пояшро дида наметавонад, вале «Ҷип»-савор аст, аммо бемор аксаран аз табибон ва табобат норозӣ ? 

Ҳ. Исмоилзода

 

Чоршанбе, 12 Феврал 2020 08:04

Мушкили миллӣ-7

Боре дар бораи 1 муаллими шизик-физике навишта будам, ки тарғиби фанатизм мекардааст. Чанд шизик-омӯзгор то ҳанӯз дар кашмакашам қарор додаанд. 1 шизик-юристи дигар бошад, ҳатто маро говсуд низ карданӣ шуд (воқеан ун ҳуқуқшиноси номӣ аз ҳисоби грантҳои хориҷиён ва барои ҳифзи озодии баён маош мегирад!). Зеро барои бархеи инҳо дифоъ аз ҳамкасби бе фаҳму бе идрок «корпоративный интерес» шудааст:

Диҳанд аҳли ситам, эй Саййидо, бар якдигар ёрӣ,

Камон афтад зи по, тир аз пайи имдод бархезад!

Дар ин шоҳбайт вожаи «камон»-ро ба таъбири дӯстдори Аҳмади Иброҳим, ба калимаи «тупой» метавон иваз кард. 

Дар нишасти матуботии ахирии вазири маориф ва илм бошад, бонги изтироб ҳам зада шуд, ки Ихвониҳо бар макотиби олӣ ва миёна даст бурданианд. Коре, ки Фатҳулло Гюлен дар литсейҳояш мекард. Яъне, соате фаро расида, ки дар мактабҳои мо реформаи вежа рӯи даст гирифта шавад. Тарбияту таълим бояд бештар сари илму маърифати дунявӣ, нано-техноложӣ, замонавӣ тамаркуз хӯрад. Писари ман Мубориз, дар синфи 7 ва дар мактаби англисӣ мехонад. Барномаи таълимии онҳо, ки бар тибқи барномаи Гарвард роҳандозӣ шудааст, ба шаҳодати доктор Раҳмонов Ҳусейн Эмомович, дар аксари маворид, мукаммалтар аз барномаҳои донишгоҳу донишкадаҳои химияву биологияву тиббу физикаи мост! Писарамро таъриф намекунам. Методи тадриси хориҷиёнро мегӯям, ки «арӯсро дар арӯсӣ ва кучукро дар кучукӣ» тарбият мекунанд. Ва акнун бинед, ки онҳо куҷоянду мо дар куҷо!!!

Ва акнун баргардем сари коронавирус ва маърифат. Имрӯз дар аксари макотиби оливу миёна 1 гап меравад: -Хитойро барои ҳаққи мусалмононро поймол кардану қадри Қуръонро надонистан Худо задааст… Тавассути фейсу мессенҷеру вайберу твиттеру инстаграмму имо бошад, ба ман афроде, дар бастагӣ ба вазъ, «амри маъруф» равон мекунанд, ки мӯйи баданат мехезад:

-Наход мо мардуми то ин ҳад тупой бошему ман бехабар?

Ҳой мардум! Худо мезанад, касеро хоҳад, вале дар навбати аввал бесаводу бедонишу бехирадонро! 1 бор ба мавқеи худамон, ҳамчун мусалмон назар куне(м)д ва баъд бар ҷаҳониён. О, ин чи хел аст, ки калтаки Худо 700-800 сол аз сари худамон дур намеравад? Зеро мо хираду саводу дониш, сарчашмаҳои асливу усулии маърифатро, ки ҳама фармудаҳои Худои Бузурганд, канора гузоштаву думболаи фитнаву фанатизму таассуб меравем…Бузургтарин давлатҳои исломӣ тобеи кистанд? Шайхҳои араб лагандбардори Амрикову охундони иронӣ к…леси аврупоиён (кашф-лес гуфтаниям!). Ё не мӣ?

Ун демократияи афғоние, ки бархе аз тоҷикакони хориҷпараст тариқи ТВ-ҳои ҳамсоякишвар дидаву меболанд, ҳама зодаи тахайюули Аврупову Амрикост! Худам дар радиои амрикоӣ кор кардаам ва медонам, ки ин демократияро кӣ ва чигуна зодаву ба сари Кобул кашидааст. Дар бораи Афғонистон умуман гап зиёд аст. Кишваре, ки даъвои ислом дорад, магар президенташро иҷборан насрониҳо оварда мегузоранд?...

Дирӯз дар дорухонае навбат меситодам, ки духтарчае ба дугонааш мегуфт:

-Коронавирус аз калимаи Коран, яъне Қуръон гирифта шудаасту онро Худо барои сӯзонидини Қуръон ба сари мардуми Чин зада будааст… Дигарӣ пурсид, ки «кӣ гуфт?», аввалӣ посух дод «муаллим». Ба умеде, ки ӯ дар ягон ПэТэУ мехонад пурсидам, духтарҷон куҷо мехонӣ? Ва ҳуш аз сарам парид, ки бепарво гуфт…тиббӣ…

Омӯзгори тибб ба ин бечораҳо сафсатта гуфтааст, ки коронавирусро Худо барои ҷазои хитоиҳо баровардааст, ки Қуръон сӯхтаанд…Расидем!

Ҳоло дар сартосари олам сиёсати хитойситезӣ шуруъ шудааст, ки дар саргаҳи он абарқудратҳои Ғарб меистанд. Ва он танқиди чиноиҳо, ки мусалмононро  табъизу тазйиқ мекунанд, кори дастгоҳҳои насронияву яҳудист, ки конкуренти худро аз олами ислом ронданиянд. Вагарна ҳанӯз дар авоили асри ХХ аз мусалмонони Уйғуру Шинҷон пуштибонӣ мекарданд. Намегӯям ситам сари мусалмонон умуман нест. Ҳаст, вале на ба ҳадде, ки дар қабл буд. Вале чун Чин абарқудрат шудаву  ҷои пои олами насронияро гирифтан дорад, Амрикову Аврупо ба хотир оварданд, ки «мусалмонон дар Хитой истисмор мешаванд!». Эй, мардум, ба таблиғи хориҷиҳо дода нашавед. Имрӯз Хитой бо ҳама бадиву хубияш ЯГОНА иттифоқчии воқеии мост. Ояндаро намедонам (касе онро намедонад!). Вале онгуна, ки Пекин ба иқтисоди мо сармоягузорӣ мекунад, ягон кишвари олам на мекунад ва на хоҳад кард. Ва ҳамингуна моҷаро дар аксари кишварҳои пасошӯравии мусалмонист. Акнун фаҳмидӣ, ки дар саргаҳи вируси корона, яъне вируси тоҷдор кӣ меистад? Сармоя ва сиёсат!

Дар охир, барои тупойтарин мусалмони тупой 1 чӣ гуфтаниям:

-Агар ин вирусро Худо барои истисморгарони мусалмонон «сохта» бошад, таҳорат кардаву такбиргӯён Хитой рав. Агар ин вирус асарат накард, бовар мекунам, ки он вируси антимусалмонист ва дар назди ту, бо шоҳидии хонандаи ин сутур, ман пӯзиш мепурсам. Мо Метавонем! 

Слабо???

 

Душанбе, 10 Феврал 2020 09:22

Панҷшанбе, 06 Феврал 2020 11:52

   Искандар Солеҳзода, генерал-лейтенанти милитсия, сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони ВАО дар робита ба суоли мухбири СССР дар мавриди даст ба ҷиноят задани шахсони авфшуда, иброз дошт, ки 3 нафар сокинони вилоят пас аз авф шудан дубора даст ба ҷинояти вазнин зада, паси панҷара рафтанд. Мавсуф афзуд, ки аз ин 3 нафар яке 3 маротиба дар 3 ҳолат ҷиноят содир кардааст, к иду ҳолати он таҷовуз ба номуси ноболиғон мебошад.

      Дар ин маврид Прокуратураи вилояти Хатлон низ хабар дод, ки дар моҳхои ноябр ва декабри соли 2019 ҳудуди 5000  нафар аз зиндонҳо баромада, 16 нафар баъди авф шудан дигарбора ҷиноят содир карда, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Панҷшанбе, 06 Феврал 2020 11:28

   Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар мавриди низоми интиқоли маблағҳои «Золотая корона» гуфт, ки ин низом дар ягон рӯйхати Бонки марказии Россия ба қайд гирифта нашуда, ҳамчун ташкилоти қарзӣ низ эътироф нагардидааст. Ӯ ин нуқтаро дар нишасти ахири матбуотии хеш зикр карда, афзуд, ки ин низом новобаста аз надоштани сармояи асосӣ ва кафолатпулии муштариён, беш аз 80% ин бозори интиқоли маблағҳоро дар даст дошт.

   - Ин низом бояд ба бонк табдил ёфта, худро тибқи талаботи Бонки марказии Россия ба қайд бигирад ва бо риояи талаботи қонунгузории ҶТ пасон метавонад фаъолияти хешро дар кишвари мо идома диҳад. То ин корро накунад, наметавонад дар Тоҷикистон кор кунад, таъкид дошт Сироҷиддин Икромӣ.

   Дар идомаи сӯҳбат мавсуф қайд намуд, ки фаъолияти низоми «Золотая корона» барои муштариёни тоҷик хавф дошт, зеро ин низом сармояи бузурге дар даст надошта, дар сурати муфлисшавӣ имкони баргардонидани маблағи муштариёнро надошт. 

 

Панҷшанбе, 06 Феврал 2020 09:20

 

Агар вакилони ояндаи парлумони Тоҷикистон низ аз ҳамдиёри худ - депутати Думаи давлатии Россия Раҳим Азизов ибрат гирифтаву ба ӯ пайравӣ мекарданд, нур бар болои нур мешуд...

Азизов Раҳим Азизбоевич – ходими намоёни сиёсиву давлатии Россия, депутати Думаи давлатӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии вилояти Киров, дар шабакаи ҷаҳонии интернет сомона ва дар шабакаи Фейсбук саҳифаи расмии худро (https://www.facebook.com/azimov2016/) дорад.  Ӯ аз фаъолияти вакилии хеш мунтазам ахборот пахш мекунад, дорои қабулгоҳи электронии худ буда, бо интихобкунандагони хеш ҳамеша дар тамос аст.

Хотиррас мешавем, ки Раҳим Азизов ҳамдиёри мо, зодаи шаҳри Исфара, нахустин тоҷик дар парлумони Россия аст.

Мавсуф тавассути сомонаи расмӣ ва саҳифаи фейсбукиаш фаъолияти депутатӣ, раванди амалигашти Барномаи пешазинтихоботӣ ва иҷрои дархостҳои интихобкунандагони худро ошкору шаффоф инъикос мекунад.

Чун айни замон дар арафаи чорабинии муҳими сиёсӣ - Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тавсия мегардад, ки вакилони нави парлумони мо низ аз чунин иқдоми ҳамкасбони руси худ- депутатҳои Думаи давлатии Россия бояд амалан пайравӣ бикунанд.

Икбол Тешаев

Журналист

 

Аз редаксия: Воқеан ҳам кадоме аз депутатҳои мо, ки ҳамакнун мӯҳлати ваколаташон поин мерасад, сайти интернетӣ, саҳифаи фейсбукӣ, твиттер, блог доранд? Медонем, ки аксарият бо номҳои мустаор ба Фейсбуку шабакаҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд, вале аз ифшои номи аслии хеш метарсанд. Суоле матраҳ аст, вакиле, ки бо номи худ дар олами виртуолӣ 1 ҳарф гуфта натавонад, магар манофеи миллату давлатро ҳифз карда метавонад? Посух аз туст, хонанда.

Рӯиҳамрафта, вакили мардумӣ аз ҳамин ноҳияи бостонӣ-Мавзуна Шамсиддинзода, ки вакили мардумӣ дар парлумони касбӣ буду ӯро боз ҳам барои навбати 2-ум ба номзадӣ пешбарӣ кардаанд ва 100% гарант ҳаст, ки боз депутат мешавад, боре ҳам назари худро дар мавриди хушунат дар марз бо Қирғизистон нагуфтаву расман аз манофеи мрзии Тоҷикистон, ҳуқуқи даҳҳо ҳазор сокини Воруху Чоркӯҳ, ки пайваста поймол мешаванд, ҳифозат накардааст. Ӯ на саҳифаи Фейсбукии фаол дораду на твиттеру на блог ва на сайти вежаи интернетӣ. Пас, меарзад, ки чунин нафарро дубора депутат интихоб куне(м)д? Шояд нафаре аз Исфара ба парлумон равад, ки ақаллан манофеи марзии ватани моро дар сатҳи баландтарин ҳаллу фасл кардаву дар набардҳои иттилоотии интернетӣ чизе гуфта тавонад??? 

 

 

саҳ 10 аз 13

Китобҳо

Flag Counter