ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:29

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:22

Бархе аз хонандагон ва муаллифони доимии Газетаи мардумии СССР тайи чанд моҳи ахир дар мавриди сарвати ҷамъкардаи Амир Олимхон ва оқибати он дар саҳфаҳои рӯзнома баҳсу талош доранд. Меҳрубон Салимшоев, таърихнигори мо тасмим гирифт дар бораи боигариҳои охирин амири манғитӣ-Олимхон бо такя ба маъхазҳои воқеӣ матлабе омода намояд ва бо ҳамин ба ин баҳс нуқта гузорад. 

Сарвати ҳангуфт

Амирони манғити Бухоро дар 150 соли ҳукмронии худ анбӯҳи сарват ғундошта буданду ин ҳама сарват дар таҳхонаҳои Арки Бухоро мафҳуз буд. Тибқи оморҳои мавҷуд, дар авохири ҳукумати амир Олимхон аҳолии аморати Бухоро 3 миллион нафарро ташкил медод ва ин 3 миллион нафар муваззаф буданд ба буҷаи аморат андоз супоранд. Бар замми ин, дар соҳилҳои дарёи Зарафшон конҳои истихроҷи тилло мавҷуд буда, тиллои аз ҳама бештар аз ин конҳо ба даст меомад. Даромади солонаи буҷаи амир 30 миллион тангаи тилло буд ва хароҷоти амир бошад 3 миллион тангаи тиллоро ташкил медод. Яъне, ҳар сол буҷаи амири Бухоро 27 миллион тангаи тилло даромади холис дошт. Аммо соли 1920 аморати Бухоро дар вазъияти ногуворе қарор гирифт. Инқилоби сурхи болшевикӣ ба ин шаҳри қадима рӯз аз рӯз наздиктар мегардид. Тобистони соли 1920 лашкариёни сурх аллакай дар остонаи аморат қарор доштанд.

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:16

  

29.02.1932. Дар СССР дар заводи автомобилбарории Горкий, аввалин мошини боркаши шӯравӣ "ГАЗ-АА" сохта шуд. Аваллин мошини боркаши СССР якуним тонна борро интиқол дода, миёни мардум бо номи "полуторка" машҳур гардида буд.

30.02.1933. Дар Олмон интихоботи парлумонӣ доир гардид ва ҳизби миллӣ- сотсиалистӣ дар он пирӯз гашт. Дар натиҷа роҳбари ин ҳизб Адолф Гитлер канслери Олмон таъин карда шуд.

31.02.1918. Дар пойтахти Русияи Шӯравӣ шаҳри Петроград, корпуси 1-уми Артиши Сурхи Коргари-Деҳқонӣ (РККА) таъсис дода шуд.

31.02.1919. Дар саҳни ҳавлии қалъаи Петропавловски Петроград, чор князи бузурги хонадони Романовҳо парронда шуданд. Ин князҳо барои болшевикон хатарнок буданд ва метавонистанд иддаои ҳукумат кунанд.

31.02.1924. Анҷумани II-юми Шӯроҳои СССР аввалин Сарқонуни СССР-ро ба тасвиб расонид.

1.02.1918. Патриархи калисои православии Русия Тихон ҳукумати Шӯравиро ҳукумати куфр эълон кард. Болшевикон барои ин кор Тихонро баъди чанде ба қатл расониданд.

1.02.1923. Дар шаҳри Петроград соати 10 субҳ бо суроғаи соҳили Фонтанка хонаи № 76, аввалин кассаи амонатӣ дар Русияи Шӯравӣ ифтитоҳ ёфт. Кассаҳои амонатӣ асоситарин нуқтаи амонтагузории шаҳрвандони шӯравӣ ба шумор мерафтанд ва то парокандашавии СССР фаъолият доштанд.

2.02.1918. Бо Декрети Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) дар Русияи Шӯравӣ калисо аз давлат ва мактаб аз калисо ҷудо карда шуд.

2.02.1943. Торумори нерӯҳои олмонӣ тавассути Артиши Шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград. Муҳорибаи Сталинград яке аз задухурдҳои шадиди ҶБВ ба шумор меравад ва маҳз дар ин муҳориба бори аввал дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум нерӯҳои олмонӣ муҳосира гардиданд. Ин рӯз дар Русия чун Рӯзи шарафи ҷангӣ ҷашн гирифта мешавад.

2.02.1956. СССР барои бори аввал дар ҷаҳон озмоиши мушаки стратегиро дар озмоишгоҳи Семипалатински РСС Қазоқистон амалӣ намуд.

3.02.1918. Русияи Шӯравӣ бо декрети КМИ тамоми қарзҳои давлатии дохилӣ ва берунии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати муваққатро бе эътибор эълон намуд.

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:13

  Муҳаммадбек Сироҷов, сокини ш.Душанбе (тел: 988 60 45 50) занг зада, гуфт, ки ман мухлиси доимии газетаи шуҳратёри СССР мебошам. Мо пештар бо Шаҳрзоди Амин ҳамкорӣ доштем ва матлабҳоямонро тариқи Вайбер равон мекардем. Акнун чӣ тавр равон кунем? 

Аз редаксия. Хонандагони азиз! Шумо ҳар дархосту матлабу пешниҳод доред, бо дилхоҳ воситае, ки ба шумо осонтару фаҳмотар аст ба мо фиристед. Якчанд рақами телефонӣ дорем, ки шабонарузӣ фаъоланду дар саҳифаҳои газета пайваста нашр мешаванд ва почтаҳои электоронии фаъол дорем ва ё метавонед тариқи Вайбер, ИМО, СМС-паёмак ва дигар чатҳо бо мо пайваст шавед. Мо Метавонем!

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:10

 

Хонанда ва муаллифи доимии Газетаи мардумии СССР аз н.Файзобод Ҳокими Сафар тариқи телефонии редаксионӣ 238 55 56 занг зада гуфт, ки дар маркази ноҳияи Файзобод рӯзе даҳҳо воситаи нақлиёти мусофиркаш ҷамъ меоянд. Оё онҳо иҷозатнома, патенту шартномаи мусофирбар ба терминали ноҳия доранд?

 Мошинҳо аз маркази ноҳия ҳар рӯз ба самтҳои минтақаи Мискинобод, шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат, Роғун, шаҳраки Обигарм  ба сафар мебароянд. Аз мушоҳидаҳоям  аксари ронандагон, патенту иҷозатнома надоранд, онҳо ба хотири пур кардани кисаи худ роҳкироро бо хости худашон баланд мебардоранд. Роҳ 18,5 километрро ташкил медиҳаду ронандагон 6-7 сомонӣ, то шаҳраки Обигарм 12-сомонӣ то шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе аз 10 то 13 сомонӣ роҳкиро мегиранд, ки ба мақсад мувофиқ нест. То солҳои қаблӣ роҳкиро то минтақаи Мискинобод 3-сомонӣ то Ваҳдату Душанбе 5-8 сомонӣ боло набуд. 

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 10:03

Маъмурияти ҶСК «Автоколонна 2927» нисбати маводи «Нақлиёти ҷамъиятӣ намерасад…», ки дар рӯзномаи «СССР» таҳти №51 (588) аз 19.12.2019 сол рӯи чоп омадааст, ба маълумоти шумо мерасонад, ки оиди баромади воситаҳои нақлиёт дар хатсайри №8  ҳамарӯза бо шахсони мутасаддӣ ва назоратчии хатсайр корбарӣ карда шуда истодааст. Оиди таъмин намудани баромади воситаҳои нақлиёт дар соатҳои час-пик ҳамарӯза бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, ки аз меъёри муқарраршуда зиёд мусофир нагиранд, аз аввал то охири хатсайр фаъолият намоянд. Қобили зикр аст, воситаҳои нақлиёт зери назорати доимии роҳбарияти ҷамъият қарор дорад.

Х.Хизиров, 

директори ҶСК 

«Автоколонаи 2927»

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 09:57

 

Ҳафтае пеш барои муолиҷаи гӯшҳоям ба назди духтур ба беморхонаи Қарияи боло рафтам. Духтур гушҳоямро аз назар гузаронду ба ман рӯйхати доруҳоро пешниҳод намуд. Рост ба дорухонаи «Гарант» рафтам. Руйхати доруҳоро ба 1 мард, ки ҳоҷӣ будааст додам. Он кас ҳисоб карду гуфт 325 сомонӣ. Рӯйхати доруҳоро гирифта, ба дорухонаи «Сабз» даромадам, 1 духтарак рӯйхатро гирифта, 280  сомонӣ гуфт, боз ба дорухонаи дигар даромадам, онҷо ҳисоб карданду гуфтанд 228 сомонӣ. Пасон ба дигар дорухонаи дар ҳамон қатор буда, рафтам, 1 духтари зебо ҳисоб карду гуфт акаҷон 212 сомонӣ мешавад. 

   Дорухонаи «Гарант» пур аз беморон, занону пирон, ба онҳо чанд суме, ки гӯянд мегиранд. Дору харидаму ҳуш аз сарам рафт, ку инсофу ку ҳақиқат. Оё ин дорухонаҳоро касе назорат мекунад? 

Наҷмиддин Худоиев   

 

Чоршанбе, 05 Феврал 2020 09:54

   

1 нафар дӯстам моҳҳои зиёд аст, ки ба касалӣ гирифтор гаштааст. Ман ба дидани дӯстам ба н.Балҷувон ба деҳаи Қаҷтут сафар кардам. Пас аз аёдати ӯ ба сӯҳбати пирони барнодил шитофтам. Ҳамсояҳо аз гӯшаи ҳаёти имрӯза сухан мегуфтанд. Яке аз вазъияти бади таълиму тарбия ҳарф зад, кӯдакон дар оянда чӣ мешуда бошад. Марди дигаре афзуд, ки дар мактабҳо омӯзгорони бесавод таълиму тарбия  медиҳанд. Дар 2 мактабе, ки ман медонам занҳои бе маълумот ва аз шавҳар ҷудошуда дарс мегӯянд. Ин омӯзгорон худашон тарбия надоранд, чӣ хел фарзандони моро таълиму тарбия медиҳанд? Ман пурсидам, ки фарзандони шумо роҳи дурру дарозро тай мекунанд. Имконият нест, ки ақалан мактаби 9-сола созанд, гуфтанд, ҳаст, вале намехоҳанд. Гуфтам, ки ба Ҳукумат муроҷиат кунед. Гуфтанд, борҳо муроҷиат кардем! Ҷавоби раиси Ҳукумат ин аст, замин ёбед мо месозем. Аҷоибаш ин аст, ки замин дар ихтиёри мардуми деҳа бошад ё дар ихтиёри Ҳукумати ноҳия? Шумо намедонед, ки кӯдакони мо ба балои дигар гирифторанд: роҳи хоку обу лойро тай карда мераванду 5 дақиқа дер монанд 5-сомонӣ ҷарима медиҳанд! Надиҳанд ба дарс иҷозат нест. Ба кӯдакон раҳму шавқат кунед. Аз ин ҳолати бад калоншавандагони ноҳия хабар дошта бошанд?

Аҳтам Одинаев, 

Сокини н.Ховалинг

 

саҳ 12 аз 13

Китобҳо

Flag Counter