ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 10 Апрел 2020 16:53

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад бо

мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19, дар мавриди вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шудаанд.

   Гуфта мешавад, ки ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд. Дар сурати ворид шудани гурӯҳи мазкури шахсон ба Тоҷикистон, онҳо дар маҳалли зисти доимӣ таҳти назорати кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ба муддати 14 рӯз карантин  мешаванд.

   Маҳдудиятҳои мазкур инчунин нисбати ронандагоне, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд (тибқи тартиби муваққатӣ), ва сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо татбиқ намегарданд.

   Дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ташкили парвозҳои махсусро, баррасӣ кунад.

 

 

Ҷумъа, 10 Апрел 2020 11:11

Ҳангома ё худ сенсатсия кори ҷонии журналист аст. Бе ин намешавад. Зеро агар бе ин мешуд, мардум ҳама прессаи расмиро мехонду сайтҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ садҳо ҳазор нафар хонанда доштандӣ. Кам не-ғам не, банда аз соли 1988 бевосита фаолияти журналистӣ мебарам ва медонам, бе сенсатсия, факти обнарасида, мавзуъи бикр, журналист наметавон шуд. Вале дар ин миён ҳангомаро аз дурӯғ ва сенсатсияро аз иғво бояд фарқ гузошт! Ба вежа дурӯғе, ки ҷамъиятро ба шӯр меоварад.

Сӯҳбат сари 1 дурӯғи Радиои расмии кунгураи амрикоӣ-Озодӣ меравад. Дақиқан сари бахши тоҷикии ин ниҳод, ки шоми якшанбеи 05.04.2020 сокинони 1 давлатро ба таҳлӯка овард. Озодӣ бе ягон факту далел, бе ягон сӯҳбати расмӣ, ва ҳатто бе ифшо кардани ному насаби майит, навишт, ки дар вилояти Суғд марди солдидае аз бемории коронавирус фавтид. Сенсатсия? Сенсатсия! Ҳангома? Ҳангома! Вале дурӯғи маҳз!!! Ҳоло бовар дорам, бечора журналистон супориш гирифтаанд, ки коронавирус кобанд, мурдае ёбанд, ки аз ин вабо фавтидааст. Зеро кухняи ин ниҳодро аз дарун медонам!

 Хеле мутаассифам, вале аксарияти сокинони кишвар ба ин ниҳоди замоне воқеан ҳам воқеънигор ва реалӣ, то ҳанӯз бовар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки агар хонандаи гиромӣ нек дар хотир дошта бошад, банда ҳанӯз моҳи августи соли 2008 ба нишони эътироз аз хатти маши антимиллии ин ниҳод истеъфо дода будам. Агар фаромӯш кардаед, хотиррас мешавам, ки он замон гуфтам, «Озодӣ тухмаи нифоқ мекорад ва пуле гаштан дорад, то қумандонҳои саҳроии Ғарму Кӯлобу Бадахшонро бар зидди ҳукумати марказӣ таҳрик диҳаду даст ба бедод занад!». Сабтҳо то ҳанӯз дар архиви ТВ ва Радиои кишвар ва дар дасти худам маҳфузанд ва ман аз он иддао даст накашидаам, ки Озодӣ воқеан ҳам он даврон вазъро буғранҷ кардан мехост. Ҳодисоти баъдӣ худ шоҳиданд, ки ман ҳаққ будам. Лангарии хурдӣ дар Кӯлоб қиём карду Мирзохӯҷа дар Ғарму Толибу Ёдгор дар Хоруғ ва мулло Абдуллову Алии Бедакӣ дар Камаров 25 сарбози Тоҷикро куштанд. Ва агар ҳамон истеъфои ман намешуду сиррашон фош инҳо боз бисёр корҳое мекарданд. Зеро раиси онвақтаи бахши тоҷикии Озодӣ-Шаҳидӣ, мутахаллис бо исми осмониранг-голубойи Шагане, маҳз барои ҳамин сари кор омада буд. Умуман халқи Тоҷик бояд 1 нуктаи бисёр ҳассосро донад:

-Радиои Озодӣ усулан радиои тафриқаандоз аст ва барои кишварҳое пахш мегардад, ки Амрико дар онҳо душмани эҳтимолӣ (потенциальный противник)-ро мебинад!

 Миссияи Озодӣ ҳамин аст. Далел мехоҳед? Марҳамат! Бахшҳои Озодӣ, ки солҳои тӯлонӣ бо забонҳои кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки ҳомили «Варшавский договор» буданд ва давлатҳои Наздибалтик баста шуданд! Яъне инҳо аллакай дӯстанд! Вале сар аз соли 2001 доманаи Озодӣ сӯи кишварҳои арабӣ ва Афғонистон кашида шуд. Баъди чанд соли фаолияти ин бахшҳо дар Афғонистон чӣ гузашту қораи араб ба кадом балоҳо печид, хонанда худ медонад. Воқеан ҳам Озодӣ барои Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, ки аз шарикони стротегии Амрико маҳсуб мераванд, бахши иттилоотӣ надорад! Озодӣ дар ягон кишвари Аврупо ва давлатҳои узви НАТО низ пахш намешавад. Аз ин ҷо, хонанда, худ хулоса кун, ки миссияи Озодие, ки ин қадар ба ӯ муҳаббат дорӣ, чист! Кормандонаш низ инро хуб медонанд. Хеле хубтар аз мане, ки ҳамагӣ 12 сол дар ин ниҳод кору фаолият доштаам. Ман низ метавонистам, «фаолияти пурсамар» ва серпуламро дар ин ниҳод давом диҳам, вале нанги ватандорӣ азиятам доду бадар рафтам, ҳарчанд ман масъули бахши фарҳанг будаму бас.

 Вале баргардем сари дурӯғи Озодӣ. Магар кормандони он ва мистер Ҷемӣ Флай-президенти тозатаъини Озодӣ, ки аз журналистика 2 миллиард километр дуртарак қарор дорад, намедонад, ки 1 хабари дурӯғи бахши тоҷикии Озодӣ 9 млн нафарро ба таҳлӯка оварда, дар бозору мағозаву аптекаҳои кишвар қаҳтиву қиматӣ сохт? Баъди ин гузориши манбаъи муътамади «Занакойи лави ов» бори дигар нарху наво дар бозорҳо хест. Мардуми бечораи бегонапарвари мо бовар кард, ки 1 радиои Амрикоӣ (!!!) дурӯғ намегӯяд. Нархи орду картошкаву пиёз, равғану биринҷу маскаҳои тиббӣ боз ба ҳаво хест…Ситаме, ки радиои Озодӣ бар ҳамёни бе ин ҳам тиҳии миллати Тоҷик кард, на дар ину на дар он дунё нобахшиданист! Вале Озодӣ ҳатто барои ин дурӯғаш, ки оҷилан Раёсати тандурустии вилояти Суғду сипас худи Вазири тандурустии ҶТ-Насим Олимзода рад карданд, бахшиш напурсид!!! Ва медонед чаро? Зеро миссияи бахши тоҷикии радиои Озодӣ маҳз ҳамин буд-бо дурӯғ, ҳангомаи набуда, вазъро буғранҷ кардан ва ба гуфтаи русҳо «им плевать на наши проблемы!».

 Муҳимтар аз ин ҳама, ҳизби наҳзати исломи аврупоӣ ба пой хест ва мардумро ба таҳрик додан сар кард. Ва мегӯед ин ҳама ҳамту, стихиявӣ коре шуд? На! Бинед, ки Додоҷон Атовуллоев-журналисти саршиноси Тоҷик дар бораи ақди никоҳи сиғаи Ҷеймӣ Флай ва Кабирӣ чӣ мегӯяд:

-«Ҳоло 1 стейки шик аз сарошпаз (Флай-ред.): “Ҳамонгуна ки мо қаблан шарҳ додем, эъломи ҲНИТ ба унвони 1 гурӯҳи террорист аз сӯи давлати Тоҷикистон хилофи меъёрҳои тасдиқшудаи байналмилалӣ аст. То замоне, ки аз хушунат худдорӣ мекунад ва ба қонунҳои мавҷуда пойбанд аст, ин ҳизб 1 унсури ҳаёти сиёсии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Озодӣ ба гузоришгарӣ дар бораи он идома хоҳад дод". Воаҷабо! Флай ҳамаро фасса кард - ку!!!

Ба гуфти самарқандиҳо, “муллоакемба ягон шамол расидегеш не мӣ?”.Баъди ин ҷумла шарҳ - ҳаром, назар - ҳаром, дафтар - ҳаром, қалам - ҳаром, сухан - ҳаром! Нуқта. Танҳо дилам ба журналистони “Озодӣ” дар Душанбе месӯзад, ки қурбонии говҷанге мегарданд, ки поёнаш аён нест...»

Поёни иқтибос ва поёни матлаб. Хулоса дигар аз туст, хонандаи гиромии ин сутур. Мо Метавонем!

 

Панҷшанбе, 09 Апрел 2020 18:41

   Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар иртибот ба хуруҷи COVID-19 ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ фиристад. Ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и ш.Хуҷанд дар ин маврид бо ширкатҳои итолиёвӣ созишнома ба имзо расонидааст. 

   Гуфта мешавад, ки ҳоло корхонаи саноатии  «Ҷавонӣ»  аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.

 

 

 

Панҷшанбе, 09 Апрел 2020 18:37

   Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 вагон кумаки башардӯстона фиристод. 

   Ин кӯмак бо супориши президенти ҶӮ Шавкат Мирзиёев сурат гирифта, аз 1000 тонна орд, маводи безараргардонӣ, ба монанди воситаҳои антисептикӣ-дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, респираторҳо, айнакҳои тиббӣ, дастпӯшҳо, ниқоб ва пойафзоли тиббӣ иборат мебошад.

 

Панҷшанбе, 09 Апрел 2020 14:56

   Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии ҶТмуроҷиат кардааст.

   Тавре АМИТ «Ховар» бо такя ба Суди Олии ҶТхабар медиҳад, аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани  фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст.

Аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди  Олӣ аз 18.02.2020 қонеъ карда шудааст.

   Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

 

Панҷшанбе, 09 Апрел 2020 10:42

   Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) 868.923 долларро барои таҳкими қобилияти Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 ҷудо менамояд. Дар ин бора сафири ИМА дар ҶТ Ҷон Марк Поммершайм дар паёми видеоии худ хабар дода, изҳор намуд, ки кӯмаки USAID ба кӯшишҳои Тоҷикистон оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19 мусоидат хоҳад кард.

   Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ин маблағҳоро ба шарикони USAID-Abt Associates, Федератсияи байналмилалии салиби сурх ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд. Ин  созмонҳо айни замон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, фаъолияти густардаи хешро пеш мебаранд.

   Ин вокуниши ибтидоӣ ба таҳдиди пандемия дар ҳамкории зич бо Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳия карда мешавад. Корҳои мазкур ба таҳкими иқтидори системаи тандурустии Тоҷикистон, хариди молҳои аввалиндараҷа барои назорат ва пешгирии сироят; баланд бардоштани қобилияти лабораторӣ (аз ҷумла интиқоли таҳлилҳо ва таҷҳизот) ва такмил додани назорат, вокуниши фаврӣ, идоракунӣ, иттилоотнокӣ оид ба хавфи пандемия ва иштироки ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.

 

Панҷшанбе, 09 Апрел 2020 10:01

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад аз 1 феврал то  8 апрел  7 ҳазору 257 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

 Аз ин шумора то санаи зикргардида 5 ҳазору 243 нафари онҳо ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, 2 ҳазору 14 нафари дигар зери назорати карантинӣ  қарор доранд.

 

Чоршанбе, 08 Апрел 2020 12:52

 

Норхолой Туллаева, донишҷӯи ДМТ ба идораи ҳафтаномаи СССР омада иброз дошт, ки вақте талабаи мактаб будам, дар дил орзуи донишҷӯ шуданро мекардам ва дар бораи донишгоҳу донишҷӯӣ чи тасаввуротҳо доштам. Дар донишгоҳ таҳсил кардан дар назарам кори пурмашаққате буд. Вақте ба донишгоҳ дохил шудам на ҳама андешаю тасаввуротҳоям дуруст баромад. Соли 2018 дар факултаи журналистикаи ДМТ таҳсилро оғоз кардам. Фикр мекардам, ки ҳамаи факултаҳои донишгоҳ ба монанди факултаи журналистика аст, яъне дар факултаи журналистика нисбат ба баъзе факултаҳои дигар порахӯрию ришвагирӣ дида намешавад. Ҳамроҳи ман дар иҷора духтароне меистанд, ки дар дигар факултаҳо таҳсил мекунанд.  Духтарон мегуянд, ки ҳангоми рейтинг баъзе устодон аз 30-50 сомонӣ сар карда, аз донишҷӯён маблағ талаб менамоянд. Ростӣ, ҳангоми шунидани чунин порахурию ситонидани маблағ аз донишҷӯён, дилам ҳам ба донишҷӯ ва ҳам ба ояндаи кишварамон месӯзад. Вақте донишҷӯ барои гирифтани холи баланд ба устод маблағ месупорад, дилаш пур ва дар рафти дарс бозӣ карда мешинад. 

Афсӯс, ана ҳамин аст аҳволи таҳсил дар кишвари мо. Бо ин ҳол, бо чунин усули таҳсил ояндаи ин ҷавонон, ояндаи давлати мо чӣ мешуда бошад? Оё бо чунин саводу маърифатнокӣ ин донишҷён, ин ояндаи миллат, ин кадрҳои ҷавон дар пешравии давлату миллатамон чӣ саҳм мегузошта бошанд?

 

саҳ 7 аз 10

Китобҳо

Flag Counter