ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 04 Июн 2020 17:28

(сӯҳбати ихтисосии газетаи СССР бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии ҶТ)

Панҷшанбе, 04 Июн 2020 17:03

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ имрӯз бо паҳн кардани Изҳорот хабари дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма дар бораи аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд паҳншударо беасос хонд. 

   «Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. 

   Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

    Бори дигар огоҳ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалӣ аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад. Бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешавад»,- омадааст дар Изҳорот.

Панҷшанбе, 04 Июн 2020 15:11

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар ҶТ, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад,  имрӯз ба аҳолии  кишвар дар мавриди пӯшидани ниқоб ва фосила гирифтан аз ҳамдигар Муроҷиатнома паҳн кардааст.

   Дар муроҷиатнома  чунин омадааст:  

   «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда,  ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии  Халқии  Хитой,  Ҷумҳурии  ӯзбекистон, Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.

Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки  қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ  аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ  фосилаи  байни  ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд».

   Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва  пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар ҶТ ҳамчунин  аз тамоми  сокинони  мамлакат, ки аз минтақаҳо ва  шаҳру  ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба ш.Душанбе меоянд, даъват ба амал меорад, ки  бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд  ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд.

    Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.

    Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19  дар  мамлакат  нисбате  нафароне,  ки  ин  қоидаву  тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Панҷшанбе, 04 Июн 2020 11:00

Панҷшанбе, 04 Июн 2020 10:37

   То соати 17:30 дақиқаи 3 июн дар кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз ин беморӣ бошад то ба имрӯз 48 нафарро ташкил менамояд. 

    Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ то шоми 3 июни соли равон дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Панҷшанбе, 04 Июн 2020 10:29

 Комиссияи махсусе, ки зарари расида аз офати табии рӯзҳои 14-15 майи соли ҷорӣ дар н.Хуросон баррасӣ менамуд, ҳаҷми умумии зарар 6 миллиону 725 ҳазор сомонӣ ҳисоб кард. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 14 май дар деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизб 11 манзили истиқомати пурра ва 25 хона қисман зарар дида, рӯзи 16 май маротибаи дуюм дар пайи борони сахт сел омада, ярч фаромад ва ба 25 хона пурра, ба 14 манзили дигар қисман зиён расонид. Инчунин бинои МТМУ №12, як қисми роҳҳои маҳаллӣ низ корношоям гардиданд.

    Тавре Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, рӯзи гузашта Сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода ба н.Хуросон сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони аз офати табиии рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом дод. Инчунин аз номи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба 67 хонаводае, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сел қисман ва пурра вайрон шудааст, маводи озуқа дастрас карда шуда, ҳафтаи гузашта бошад ба 67 хонаводаи зарардида дар маҳалли бехавф, мавзеи Чорбоғи н.Хуросон ба масоҳати 8-сотихӣ қитъаҳои замин барои бунёди манзил ихтисос дода шуд.

Бино ба иттилои дастрасшуда, танҳо аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагон 370 тонна семент, 74 тонна арматура, 3700 дона шифер ва 370 метри кубӣ тахта дода шуда, сохтмони манзилҳои нав дар маҳалли Чорбоғ шурӯъ гардидааст. Ҳамчунин, 84 тонна маводи озуқа, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, макарон, маҳсулоти донагӣ ба осебдидагон расонида шуд. Аз ҷониби МИҲД вилояти Хатлон бошад, ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида 15 тонна орд, 8,5 тонна биринҷ, 1,5 тонна равған, 1,8 тонна макарон, 6,6 тонна пиёз, 4,5 тонна картошка ва 12 тонна сабзӣ, ҳамчунин маводҳои тиббию муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ тақсим карда шудааст.

Чоршанбе, 03 Июн 2020 13:36

Чоршанбе, 03 Июн 2020 09:31

 Одинамоҳ Эмомова, сокини н. Фархор меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда гуфт, ки дар ҳамаҷо овоза паҳн шуда истодааст, ки гуё баъди иди Рамазон дар ноҳияи Фархор сатҳи беморони коронавирус дучанд зиёд шуда, фавтидагони ин беморӣ қариб ба 800 нафар расидааст. 

Аммо ман, ки сокини ин мавзеъам, ба мардум гуфтаниям, ки  ин дурӯғи маҳз аст, зеро ман худам баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо махсусан аз беморхонаҳои н.Фархор гузашт намуда, бо табибон ҳамсуҳбат гаштам. Маълум шуд, ки зиёда аз 280 нафар беморони коронавирус шифо ёфта, 5 нафари дигар дар беморхона дар карантин хобанд.  Худо хоҳад онҳоро низ баъди 2-3 рӯз аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Ҳамаи овозаҳо дуруғ аст-дуруғи беасоси баъзе аз нафарони сафсатаҷӯ, ки ҳадафашон танҳо ба таҳлука даровардани мардум мебошад. Шояд соате расида, ки ин дурӯғгӯёнро расман, ҳамчун аптекачиҳо доштаву тариқи ТВ нишон дода, сипас ҷазо диҳем? Чӣ гуфтед???

Аз СССР: Чӣ ҳам мегуфтем. Беҳтарин пешниҳод. Дурӯғгӯйро рӯш дар 2 ҷаҳон сиёҳ аст, пас чаро мо ин рӯи сиёҳро ба намоиш нагузорем? Мо Метавонем! 

саҳ 7 аз 9

Китобҳо

Flag Counter