ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, 12 Июн 2020 09:49

    То соати 18:00 дақиқаи 11.06.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то ба имруз дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд. 

   Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, ки то 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Шумораи фавтидагон бошад то ин дам 49 нафарро ташкил менамояд.

 

 

 

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 11:15

Салом ба аҳли эҷоди «СССР»! Ман 1 чизро намефаҳмам. Дар масҷидҳо, ҳангоми хондани намоз, муллоҳои мо мардуми намозхонро маҷбур мекунанд, ки ҷафс истода, намоз хонанд, то шайтон байни сафҳо надарояд. Дар ин бора бародарам Сайёфҷон чанд маротиба сахт навишта буд. Бовар кунед, баъзе вақтҳо чунон ба ҳамдигар мечаспанд, ки ҳатто шиштаву хеста наметавонӣ. Оё ин тарз намоз хондан дуруст аст?

Дуюмаш ин, ки мегӯянд, агар ҷафс истода, намоз нахонед, аз байнатон шайтон мегузарад? Охир мегӯянд, масҷид хонаи Худост. Пас, вақте масҷид хонаи Худо бошад, шайтон дар хонаи Худо чӣ кор мекунад? Ва агар масҷид пур аз шайтон бошад, пас чӣ хел вай хонаи Худо шуда метавонад? Шояд ба ин суоли ман дар кумитаи дин ё Шӯрои муфтиёт посух медода бошанд? Метарсам, ки боз маро ҳам мисли Комрони Далер кофир набароред!

Ғуломалӣ Асоев, Ихвон-ал-СССР 

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 11:05

(Human story)

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:48 дақиқа. Барои аспсаворӣ ба н. Хуросон сафар кардем. Ҳавои салқину гуворо ва тару тоза, насими гулу гиёҳи атромез рӯҳу равонро оромӣ бахшида, ба вежа дар ин рӯзҳои худкарантинӣ ба кас тавоноӣ мебахшид. Дар деҳаи Ғаллаобод аспсаворонро дида шод гаштем, чун мо тасмим гирифта будем, ки ҳатман савори асп мешавем. Вале ҳайрати мо канора надошт, чун соҳиби асп гуфт, бар ивази миллион сомонӣ низ моро савор намекунад. Зеро-афзуд ӯ-дар ин гармои тоқатфарсо, ситам бар аспи безабон нахоҳад кард. Мо маҷбур шудем, ки барои саворӣ то поин шудани шиддати гармо сабр кунем. Мо метавонем!

Ба 1 мард 20 асп кам аст!

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:48 дақиқа. Бо ҷавонмарди ҷасури аспбоз, ки худро  Қурбонов Давлтмурод Бобомуродович муаррифӣ кард, суҳбати хотирмоне намудем. Ӯ гуфт, “20 сол мешавад бо аспон сару кор дорам ва ҳоло соҳиби 24 асп ҳастам. Аспон моли хусурбурда, додарарӯсам мебошанду мо ман галабон. Шахсе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, заҳматҳои маро мефаҳмад. Галлабонӣ подабонӣ нест! Малакаи махсус талаб мекунад. Зеро ҳар асп шахсият аст, диду назар ва хислати вежаи худро дорад!”.

Даромад аз асп

Давлатмурод Қурбонов афзуд, ки аз рӯи аспсавории туристон ва меҳмонон касби маоши рӯзгор мекунад: “Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 4 аспи боқуватро аз он тарафи кӯҳ ба инҷо меоварам. 1 соат аспсаворӣ 150-200 сомонист. Дар айни мавсими аспсаворӣ, ки ба мавсими хочу гулу гиёҳу баҳор рост меояд, рӯзе то 700-800 сомонӣ даромад дорем. Бо ин маблағ ҳам харҷи рӯзгор, ҳам ҷаву коҳи аспон ва низ ғизои хонаводаро фароҳам меорем. Яъне  рӯзгори худро таввасути аспдавонӣ ба пеш мебарам. 

Аспи хонагӣ ва адирӣ

Ба гуфтаи қаҳрамони репорти мо, аспе, ки дар хона ва барои саворӣ тарбият мегирад дигар асту аспи човандозӣ дигар ва аспони адирӣ, ки барои насланд тамоман чизи дигар. Ӯ гуфт: “ин асбҳоро ман дар хона худам нигоҳу бин менамоям ва фоидаи хуберо ба даст меорам. Аспҳои  хонагӣ танҳо дар хона парвариш мешванд. Онҳо танҳо коҳ, алаф, ҷав, юнучқа истеъмол менамоянд. Аспҳои хонагӣ ва дастомуз аз одамон дида бомеҳртаранд. Инро аз таҷруба мегӯям. Зеро аз қадим то ҳол авлоди мо ба аспбонӣ машғул аст. Дар муддати тӯлонӣ, аспҳо аз ҷумлаи муҳимтарин ҳайвоноти хонагӣ барои одамон буданд, аммо аҳамияти онҳо аз сабаби рушди механизатсия коҳиш ёфтааст. Қариб дар ҳама кишварҳо зотҳои зиёди аспони хонагӣ маълуму машҳуранд.  

Аспони сухангӯ

-Ман аз парвариши аспон роҳат мебарам-мегӯяд амаки Давлатмурод- вақте ки ман ба чашмони аспони худ назар менамоям баҳри дилам кушода мешавад. Ҳар саҳар аввал ба аспонам ҷав медиҳам, баъд худам наҳор мехӯрам. Ман забони аспонро мефаҳмам. 

- Забони аспонро мефаҳмед? Магар асп забон дорад???

- Чаро не? Забони аспон бисёр забою ғанӣ, нарм ва шевост. Мо фикр дорем, ки танҳо одамон гап мезананд. Вале асп низ бо соҳибаш сухан мекунад ва ҳар шаб то саҳар пеши Худо зикр менамояд ва саломатии соҳибашро дуо мекунад! Нафаре асп дорад, ҳамеша солим аст. Зеро аспаш ҳар шаб дар ҳаққаш дуо мекунад!

Деҳотиён бузургтар аз моянд

28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Бори дуввум аст, дар тӯли моҳи ахир ба деҳа меравам ва бо чашми сар мебинам, ки қишлоқиҳо дар нисбат ба мо-шаҳриён бузургтаранд, одамитаранд, меҳнату меҳмондӯстанд, бо обилаи даст нони худро ҳалол меёбанд. Вақте ману бародарам аспи Саманди Давлатмурод Қурбоновро, пас аз салқинии ҳаво, зин задаву савор шудем, дидам, ки ӯ бо чашмони дурахшон ба бодпои худ менигарист. Асп низ сӯяш нигоҳ дошт. Галабон ба гӯши асп хам шуда, бо меҳр гуфт:

 -Инҳо шаҳриянд, наафтонишон-а, эҳтиёт кун...

Асп гӯё ӯро шунид, дарк намуд ва ба мулоиматӣ ҳаракат карда, шиҳае заду чароғпоя шуд ва моро ба домани кӯҳсор кашид. Мо метавонем!

Омиронаи Сайёф 

Махсус барои СССР

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 10:58

БДА ҶТ “Амонатбонк” бо 9 филиал, 40 Маркази хизматрасонӣ, 13 адад банкомат ва 99 адад постерминал ба сокинон ва меҳмонон дар ВМКБ хизмат мерасонанд. 

Рохбарият ва мутахассисони Бонк барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасони аз имкониятҳои зарури истифода мебаранд.

Барои бехатарии мизоҷон ва кормандони Бонк, шиору овеза ва нишонҳои махсус ҷиҳати  пешгирии бемориҳои сироятӣ насб гардидаанд.    Мизоҷони муҳтарам, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми кор бо бонкамат коидаҳои бехатарӣ-гигиена ва фосиларо риоя кунед.

Мизоҷони муҳтарам, ҳангоми руҳ додани ҳолатҳои ногувор: дар банкомат мондани корт, истифодаи нодурусти «Амонат Онлайн», СМС-Паёмак ё кор накардани банкомат дар назди маҳалли худ метавонед ба телефони Маркази тамос 1885, ки 24 соат фаъол аст муроҷиат намоед. Мутахассисони Бонк омодаанд мушкилии Шуморо дар муддати кӯтоҳ бартараф намоянд.

«Амонатбонк» дар хизмати мизоҷон аст.

 

Нафақагирони мӯҳтарам! РОЙГОН Ба SMS паёмаки «Амонатбонк» пайваст шавед.

Нафақагирони мӯҳтарам! РОЙГОН Ба SMS паёмаки «Амонатбонк» пайваст шавед. Ин ҷо дароед pay.npm.tj.

Ё ба филиали Бонк, ки корти Шумо аз онҷо гирифта шудааст муроҷиат кунед, ва  хоҳиш намоед, ки корти Шуморо ба хизматрасонии СМС-паёмак пайваст намоянд.

Ба СМС- паёмак пайваст шуда, ройгон аз «Амонат онлайн» истифода баред.

Падару модарони азиз, ба хизматрасонии СМС-паёмак пайваст шуда, аз ҳар як амалиёти корти худ бохабар бошед. Кӯшиш кунед, ки корти худро барои санҷиш ё гирифтани пул ба дасти нафари бегона надиҳед.

Бовар кун аммо санҷ! Ба фарзанд ва ё набераатон корти Нафақавии худро барои ёрӣ ва гирифтани нафақаатон мефиристед ва то омоданаш нороҳат ҳастед? Ба хизматрасонии СМС- Паёмак пайваст шуда, аз амалиёти охирини корт огоҳ шавед. Осуда бошед, «Амонатбонк» бо Шумост!

«Амонатбонк» бонки мардумии Тоҷикистон. 

 

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 10:51

 Мирсаид Сатториён, сокини ш. Душанбе меҳмони газета шуда, гуфт, ки сӯистифода аз вазъияти машаққатборе, ки имрӯз фарогири тамоми оламиён шудааст, нархи маҳсулот ва бархе аз хизматрасониҳо ба фарқи осмон рафта расидааст. 

- Дар ин роҳ бисёриҳо қиёфаи худро нишон дода, исбот карданд, ки чашмгуруснаанд. Бешак, ин вирус ба зудӣ аз кишвари мо меравад. Аммо хиёнати баъзе аз тоҷирон дар ин росто дар баробари ҷонфидоиҳои шабонарӯзии фариштаҳои сафедпӯш аз зеҳни ин миллат асло фаромуш нахоҳад  шуд. Зеро ин амале, ки махсусан баъзе аз тоҷирони чандин дорӯфурӯшиҳо кардаанду то ҳол давом дода истодаанд, ба доираи инсонӣ рост намеояд. Баъзе аз тоҷирони ришдори бозорнишин бо китфу бозуи барҷаставу ба қавле фуки чухт “моем мусалмонони ҳақиқӣ” гуфта, чанд бор зиёрати хонаи худо рафтаанд, вале сад афсӯс, ки  танҳо дар либос мусалмон будаанд. Ҳар он тоҷир ё дигар шахсе, ки дар ин вазъият нархро баланд мекунад, ғайриинсон ва хоини миллат аст, зеро чунин амали пастро ҳатто душман раво намебинад. Кишварҳои ҳамсоя ин қадар дасти кумак дароз доранду баъзе тоҷирони худӣ дасти ғорат ба кисаи мардум.

Чоршанбе, 10 Июн 2020 10:45

 

Чоршанбе, 10 Июн 2020 09:11

Чоршанбе, 10 Июн 2020 09:05

4 июни соли 1956 Департаменти Давлатии ИМА маърӯзаи "махфии" Никита Хрушёвро, ки "Бобати шахсиятпарастӣ ва авомили он" ном дошт ва дар Анҷумани ХХ-уми Ҳизб қироат гардида буд, рӯи чоп овард. Матни пурраи ин маърӯза бошад худи ҳамон рӯз аз минбари радиои "Аврупои Озод" қироат карда шуд. Маърӯзаи Хрушёв як таҳаввуле дар зеҳнҳои ходимони ҳизбӣ ба вуҷуд овард. Дар СССР барои бори аввал буд, ки  роҳбарияти олии ҳизбӣ роҳбари собиқи худро сиёҳ карда, падидаеро бо номи "шахспарастӣ" ошкор намуд.

Репрессияи тарафдорони Сатилн

Хрушев то соли 1955 тавонист бо ёрии ҳарбиён мухолифини худро маҳв кунад ва собиқадорони собиқи ҳизбӣ монанди Берия, Молотов, Маленков, Каганович ва одамони ба онҳо содиқ, ки ба Сталин наздик буданд, кушта ё ба ҳошия ронда шуданд. Дар арафаи баргузории Анҷуман раванди сиёсӣ дар СССР ба демократикунонии тамоми ҷомеа равона гардида буд. Бӯи озодӣ дар ҳамаи ҷомеаи шӯравӣ танинандоз шуд. Раванди озодтар ва демократитар шудани ҷомеа пеш аз ҳама ба он бастагӣ дошт, ки дар СССР он шабу рӯз ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар роҳбарияти олии ҲК ва ҳамчунин роҳбарияти ҳизб дар ҷумҳуриҳо одамони нав таъин мегардиданд. Ин одамон маъмулан аз "гвардияи кӯҳна" фосила доштанд ва бо ҷиноятҳои низоми сталинӣ алоқаманд набуданд. Маҳз ин падида, сабаби фаъол гардидани афкори умумӣ шуд ва Хрушёв маҷбур буд бобати шахспарастии собиқ назари ҳизбро муаян кунад ва шахспарастии Сталинро ифшо кунад. 

Асоси маърӯза 

Тирамоҳи соли 1955 Никита Хрушев ҷаласае орост ва ба он теъдоде аз роҳбарони олирутбаи ҳизбӣ даъват гардиданд. Дар ин ҷаласа Хрушев тасмим мегирад ҷиноятҳои Иосиф Сталинро ба вакилони Анҷумани дар пешистодаи ХХ-ум нақл кунад. Молотов, Маленков ва Каганович зидди ин иқдоми Хрушев мебароянд, аммо ба таъбире гапашон ба Никита намегузарад.       

 Дар баробари ин, солҳои 1954-1955 дар СССР комиссияҳои гуногун оиди баррасии парвандаҳои ҷиноии шаҳрвандони шӯравӣ, ки замони Сталин беасос айбдоршуда буданд, фаъолият мекарданд. Ин комиссияҳо дар рафти кори худ камбудиҳои зиёдеро ошкор карда, аввалҳои моҳи феврали соли 1956 натиҷаҳои кори худро ба Раёсати КМ ҲК пешкаш намуданд. Дар рафти кори худ ин комиссияҳо муаян карданд, ки ҷазодиҳии оммавӣ, ҷаъли аснод, шиканҷа, нобудкунии беамони фаъолони ҳизбӣ, бевосита аз ҷониби худи Сталин тайид мегардиданд.     

саҳ 5 аз 9

Китобҳо

Flag Counter