ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июн 24 2020

Қодир Қодиров, сокини ноҳияи Деваштич меҳмони редаксияи газета шуда, нахуст гуфт, ки саломи худро ба ҳамаи  дӯстдорони газетаи СССР мерасонад. Пасон бо алам иброз намуд, ки амонати дар шуъбаи амонатгузории “Агроинвестбонк”-и ш. Хуҷанд дар соли 2016-ум мондаашро то ба ҳол гирифта наметавонад.

   - Миқдори умумии амонати ман 9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Аз ҳамон рӯз то ин ҷониб бонки “Агроинвестбонк” наметавонад  маблағи маро бозпас диҳад. Борҳо ба номи раиси бонки мазкур Муродалӣ Алимардонов аризаи шикоятӣ навишта будам, вале бенатиҷа. Агар М.Алимардонов пул надошта бошад, пас галаи аспону чорвои беҳисоб дорад, онҳоро фурухта, пули мардуми амонатгузорро баргардонад! 1 аспаш пули ман мешавад. Вале ин пул маро 4-сол шуд, дарбадар кардааст. Инсоф дорад, ин мардак?! Вазъият дар ҷаҳон рӯз аз рӯз бадтар шуда истодаасту мабодо Алимардонов ба ҳамин бемории коронавирус гирифтор шуда аз олам чашм пӯшад, пуламро, ки ба ман бозпас медиҳад? Ман фардо рӯзи қиёмат ҷои ин пул аз Алимардонов эмонашро талаб мекунам ва барои ин ҳаққу ҳуққ дорам! Мо Метавонем! 

 

Чоршанбе, Июн 17 2020

Файзуллоҷон Сафаров, сокини ш.Душанбе ва устоди ДМТ ба идораи редаксия меҳмон шуда, гуфт, ки дар Аврупо ҷавонон вақтии холи хешро танҳо дар мутолиаи китобҳо сарфа менамоянд. 

   - Аммо дар мо чӣ? Ҷавонони мо вақте, ки дар дасташон китобро мегиранд фишорашон ба боло мехезад. Ман чандин маротиба бо ин гуна ҷавонон ру ба ру шуда аз онҳо мепурсам, ки барои чӣ ба китоб хондан шавқ надоред, охир китоб ояндаи дурахшони шумо мегардад. Аммо дар ҷавоб мегуянд, ки мо хонем ҳам дар оянда ҷойи кор пайдо карда наметавонем ва агар ҷойи корам, ки ёфтем, солҳои зиёд кор кунем ҳам маоши хуб намедиҳанд. Ҷавонони мо ҳадафашон танҳо дар зан гирифтан, мошини нав харидан, худ намоишдиҳиву пулдорӣ аст. Ҳар нафаре, ки ҳадафи зиндагиашро танҳо дар пул гузорад, шикаст мехурад.

 

Чоршанбе, Июн 10 2020

 Мирсаид Сатториён, сокини ш. Душанбе меҳмони газета шуда, гуфт, ки сӯистифода аз вазъияти машаққатборе, ки имрӯз фарогири тамоми оламиён шудааст, нархи маҳсулот ва бархе аз хизматрасониҳо ба фарқи осмон рафта расидааст. 

- Дар ин роҳ бисёриҳо қиёфаи худро нишон дода, исбот карданд, ки чашмгуруснаанд. Бешак, ин вирус ба зудӣ аз кишвари мо меравад. Аммо хиёнати баъзе аз тоҷирон дар ин росто дар баробари ҷонфидоиҳои шабонарӯзии фариштаҳои сафедпӯш аз зеҳни ин миллат асло фаромуш нахоҳад  шуд. Зеро ин амале, ки махсусан баъзе аз тоҷирони чандин дорӯфурӯшиҳо кардаанду то ҳол давом дода истодаанд, ба доираи инсонӣ рост намеояд. Баъзе аз тоҷирони ришдори бозорнишин бо китфу бозуи барҷаставу ба қавле фуки чухт “моем мусалмонони ҳақиқӣ” гуфта, чанд бор зиёрати хонаи худо рафтаанд, вале сад афсӯс, ки  танҳо дар либос мусалмон будаанд. Ҳар он тоҷир ё дигар шахсе, ки дар ин вазъият нархро баланд мекунад, ғайриинсон ва хоини миллат аст, зеро чунин амали пастро ҳатто душман раво намебинад. Кишварҳои ҳамсоя ин қадар дасти кумак дароз доранду баъзе тоҷирони худӣ дасти ғорат ба кисаи мардум.

Чоршанбе, Июн 03 2020

 Одинамоҳ Эмомова, сокини н. Фархор меҳмони идораи газетаи мардумӣ шуда гуфт, ки дар ҳамаҷо овоза паҳн шуда истодааст, ки гуё баъди иди Рамазон дар ноҳияи Фархор сатҳи беморони коронавирус дучанд зиёд шуда, фавтидагони ин беморӣ қариб ба 800 нафар расидааст. 

Аммо ман, ки сокини ин мавзеъам, ба мардум гуфтаниям, ки  ин дурӯғи маҳз аст, зеро ман худам баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо махсусан аз беморхонаҳои н.Фархор гузашт намуда, бо табибон ҳамсуҳбат гаштам. Маълум шуд, ки зиёда аз 280 нафар беморони коронавирус шифо ёфта, 5 нафари дигар дар беморхона дар карантин хобанд.  Худо хоҳад онҳоро низ баъди 2-3 рӯз аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Ҳамаи овозаҳо дуруғ аст-дуруғи беасоси баъзе аз нафарони сафсатаҷӯ, ки ҳадафашон танҳо ба таҳлука даровардани мардум мебошад. Шояд соате расида, ки ин дурӯғгӯёнро расман, ҳамчун аптекачиҳо доштаву тариқи ТВ нишон дода, сипас ҷазо диҳем? Чӣ гуфтед???

Аз СССР: Чӣ ҳам мегуфтем. Беҳтарин пешниҳод. Дурӯғгӯйро рӯш дар 2 ҷаҳон сиёҳ аст, пас чаро мо ин рӯи сиёҳро ба намоиш нагузорем? Мо Метавонем! 

 

Чоршанбе, Май 27 2020

 Алифамоҳ Ҳикматова, сокини деҳаи Ғаллаободи Фахробод ба редаксия омада, гуфт, ки ба хотири фарзанддор шудан бо шавҳарам дари тамоми беморхонаҳоро кубидему қариб 10 ҳазор доллари ИМА ба хотири муолиҷа харҷ кардем. Ҳатто ба шаҳри Москва сафар намуда, тули чандин моҳ худро табобат кардем, лекин фоидае надидем.  Ҳамдеҳагонамон ҳар рӯз ба ман таслият карда, мегӯянд, ки фарзандони мо аз шумост-ку ҳамсоя. Ҳамин, ки фарзандони моро нағз тарбият карда, дар ҷомеа саҳмгузорашон кардаед, басанда аст. Бо фарзандони ҳамсоягон ва инчунин 2 дӯструякони бародари шавҳарам рӯзи дароз якҷо сурудхонӣ намуда, ба онҳо китобхонӣ, одобу ахлоқ, муошират бо калонсолон ва инчунин кору бори хона ва парвариши гулу бутаҳоро меомӯзонам. Бо кумаки онҳо кам-кам аз фикри бефарзандӣ дур мешавам. Вале 100 накунӣ, фарзанди худат дигар аст. Ҳоло ба мардум гуфтаниам, ки аз коронавирус натарсед, гузаранда аст, ман дарди бефарзандиро паси сар кардам, ки он вазнинтар будӣ...

 

Чоршанбе, Май 20 2020

Раҳмон Неъматов, сокини ш.Душанбе дар меҳмонии СССР иброз намуд, ки ҷаласаи видео-селекторӣ дар назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳури Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроро тамошо карда, аз тасмими мардони шуҷоъи Ватан, ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии кишвар, ки 50 % музди маоши худро ҳамчун кӯмак ба фонди “Маблағгузории пандемияи COVID-19” гузаронанд, басо масрур гардидам. Ин иқдоми наҷиби вазирро ман ҳамчун собиқ корманди обутобёфтаи ин мақомот қобили қабул дониста, дар пайравӣ ба Вазири мӯҳтарам  Раҳимзода Р.Ҳ. барои кӯмак ба миллати сарбаланди худ, аз ҳисоби нафақапулиям 1000 сомонӣ ба фонди маблағгузории “Пандемияи COVID-19” мебахшам. 

Аз тамоми он нафароне, ки имконияти иқтисодӣ доранд, даъват карда, мегӯям, ки ин иқдоми наҷибро дастгирӣ намуда, ба хотири солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Ба кулли мардуми ҷаҳон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин вазъияти фоҷиабор тансиҳатӣ, хонаободӣ ва ҳарчи зудтар аз байн бурдани бемории маргбори “Пандемияи COVID-19”- ро хоҳонам. Ҳамеша сарбаланду тансиҳат бошед, сокинони бо нангу ори Ватан ва кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон! 

 

саҳ 3 аз 38

Китобҳо

Flag Counter