ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Март 18 2020

Афзалшоҳ Шодӣ, санъаткор, сароянда ва устоди бузурги саҳнаи тоҷик ба меҳмонии ҳафтаномаи СССР омада, занону бонувони редаксияро бо фарорасии баҳор ва иди модарон табрику таҳният гуфт. Мавсуф ба ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён омадани баҳорро табрик намуда, гуфт, ифтихор аз он дорем, ки кишвари ободу осудаи мо боз ба 1 баҳори дигар расид ва бояд зи баҳор шукр гуем. “Маро доимо мепурсанд, ки акаи Афзалшоҳ, шумо аз вазифа рафтед-ми?”, гӯё ман ягон вазифаи бисёр баланд доштам. Вазифа ҳамин буд, ки ба ман бовар карда доданд, 5-6 сол роҳбарӣ карда обод кардам, то тавонистам, акнун бас, боз каси дигар пеш барад корро. Боз ман эҷод намоям, баҳри миллату давлат хизматро давом диҳам. Ба миллати худ, ба мардуми кишварамон, ба сарвари давлат ташаккур, ки ба ман бовар намуда, ин вазифаро ба ман вогузор карданд. Худоро шукр, ки мо дар фазои орому осуда зиндагонӣ мекунем. Зинда бод ҳамин давлат, ҳамин миллату ҳамин халқ ва ҳамаи он тоҷиконе, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд. Бигзор онҳо низ куҷое набошанд, бо Тоҷикистони азиз ифтихор кунанду ҳамеша сарбаланд бошанд. Куҷое набошанд бою бодавлат шаванду ба ватан баргашта, хонаю ватани худро обод кунанд. Ҳамеша ҷавон бошеду монед, агар ҷавониятон ҳам равад, ба гуфти хуҷандиҳо секин-секин равад!

 

Чоршанбе, Фев 26 2020

 

Муҳиддин Олимов сокини ш. Душанбе меҳмони редаксия шуда, гуфт, ман 1 чиро намефаҳмам, ба ман фаҳмонед: Чаро 2-занагӣ ҷазо дораду 2 шавҳарӣ не?! Мефаҳмонам. Ба наздикӣ шоҳиди қиссае шудам. Зане бо 1 шиносам никоҳ карда, зани 2 шуд. Вале чанде ба баъд маълум шуд, ки ӯ дар қишлоқ шавҳар доштааст. Чун «разбор» зиёд шуд, фаҳмидем, ки ин за на 2, балки 3 шавҳар доштааст. Бовар кунед, чунон намозхону батақвост, ки агар ҳамин кашмакаш намешуд, касе бовар надошт, ки ин зан умуман қаҷпой бошад. Зимнан чун ин моҷароро ҷое қисса мекардам, ҳамсӯҳбатам  гуфт, ин чист, мо бобоямонро зан додем. Вале баъдан маълум шуд, ки он зан ҳам дар вилояти Хатлон ва ҳам дар Суғд шавҳар доштааст. Ҳамингуна қиссаҳо зиёданд. Мардон ба Русия мардикорӣ мераванду баъзе занҳои беимон, шавҳари «никоҳӣ» мекунанд. Зимнан суоли ман ин аст, ки чунин занҳоро бояд чӣ ҷазо дод? Ва оё бисёриздивоҷӣ танҳо хоси мардон асту ҳатман онҳоро бояд муҷозот кард? Занҳоро чӣ ва кӣ бояд ҷаримаву ҷазо диҳад???

 

Чоршанбе, Фев 12 2020

 Зайнулобиддин Ҳусейнов, хонанда ва муаллифи ҳамешагии газета аз деҳаи Гулибодоми н. Ёвон меҳмони редаксия шуда, дар бораи камбудиҳои ҳалнашуда дар ноҳияи мазкур гуфт: «Бо омадани раиси нави ноҳия Ҷамшед Саидзода кор дар н.Ёвон вусъати наву тоза гирифт. Аз ҷумла, барои обод шудани шаҳраку ҷамоатҳо ва таъмиру таҷдиди пули Ёвонруд алакай корҳои сохтмонӣ сар шудаанд ва ҳамаи ин хеле хуб аст. Муҳимтарин коре, ки раиси нав карда истодааст-ин бозсозии осорхонаи ноҳия аст, ки солҳои тӯлонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буду раисони қаблӣ ба он аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Аммо новобаста аз рафти корҳои ободониву созандагӣ камбудӣ дар Ёвон хеле зиёд аст, сар аз пур будани синфҳо дар мактабҳо, то рушди боғоту заминҳои кишоварзиву сохтмони биноҳои баландошёна. Дар ин маврид метавонам 1 ҳолатро мисол дорам: соҳибмулкон хонаҳои тайёрро гирифта, ба ҷои ба иҷора додану шинонидани одамони бехона, онҳоро ба доррухонаву ҳар гуна озмоишгоҳҳои тиббӣ мубаддал карда истодаанд. О, ба мардум ҷойи зист диҳед, аз дорухона беҳтар нест!? Камбудӣ ва проблемаҳо хеле зиёду раис танҳост, оё фурсати бо навбат ҳаллу фасл намудани онҳо мерасида бошад?

 

 

Чоршанбе, Фев 05 2020

 

 Манон Махсумов, хонандаи доимии газета ба идора меҳмон шуда, иброз кард, ки дар шумораҳои гузашта матлабе бо номи “Автономияи тоҷикон дар Русия” чоп шуд. Ин пешниҳоди хуб аст, аммо мо ба ин матлаб монанд, яъне ин мавзӯъро чанд сол қабл, 9 майи соли 2012 дар шумораи 19 (192 газетаи СССР) мо низ навишта будем. Ин мавод вобаста ба ташкили субъекти тоҷикон дар ФР ва ҷонибдории устод Назар Мирзода аст! Дар мақола чунин навишта шуда буд: ФР 1 проблемаи ҷиддии дохилӣ дорад, аҳолиаш ҳар сол кам шуда истодааст ва ин муаммои демографии сарбаста боиси нигаронии роҳбарони Кремл ва аксари субъектҳои ФР гардидааст.Тоҷикон табиатан халқи демократанд ва метавонанд дар ҳалли проблемаи НУФУС ба Кремл  кумак расонанду ба ин васила дар пойдорию мустаҳкамсозии Федератсияи сермиллату абадқудрати Рус нақши муҳимро бозанд. Танҳо Президенти Русия В. В. Путинро зарур аст, ки 1 карори таърихӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ сенсатсиониро доир ба Тоҷикони Русия кабул созаду дар ҳайат ва ҳудуди ФР Вилояти Тоҷикон-“Таджикская область” ташкил ва пойтахташ шаҳри Ориён (ё Ориёнград ё Сомонград) шавад.

 

Чоршанбе, Янв 22 2020

Шодибек  Халилов, Аълочии маориф, устоди фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз н. Муминобод ба меҳмонии идораи СССР омада гуфт, ки дар н. Муъмининобод, вақте ки корхонаи истеҳсоли орд дар ш. Кӯлоб буд, мардум барои дастрас карданаш мушкилие надоштанд. Аммо, ҳангоми корхонаро аз Кӯлоб, бо сабабҳои техникӣ, ба вилояти Суғд кӯчониданд, мушкилӣ барои мардум пеш омад. Аввал нархи орд чанд баробар зиёд шуд ва баъдан дастрас кардани орд низ мушкил гардид. Зеро аз вилояти Суғд ордро бо мошинҳои боркаш, дар ҳаҷми на он қадар бисёр ворид менамоянд ва ҳангоми бо мошинҳо овардани орд маълум, ки нархаш гарон мешавад-маблағи сӯзишворӣ низ арзон нест. Модоме, ки роҳи оҳан ҳаст (онро боз кушоданд!) намешавад, ки гандумро бо меъёри зиёдтар ба воситаи поезд, ба водии Кӯлоби вилояти Хатлон ворид намоянду дар Осиёби бузургтарини кишвар-Заказзернои шаҳрӣ коркард ва ба фурӯш гузоранд? Мешавад! Танҳо масъулият лозим. Мо Метавонем!  

 

Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

 Ҳоким Сафар, мухбири мардумии мо аз н. Файзобод меҳмони идора шуда, гуфт, масофа аз маркази деҳаи Мискинобод то деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод  3.5 километр шоҳроҳро дар бар мегирад, ки то солҳои қаблӣ роҳи нақлиётгард васеъ буду воситаҳои нақлиёт бе душворӣ рафту омад мекарданд. Айни замон дар ин ҷо гушаи ғайриқонунии деҳқон, филиали телефонҳои мобилии ТСЭН, мағозаи гӯштфурушӣ бунёд кардаанд, ки дар натиҷа ба рафту омади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карда, боиси рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ мегардад. Дуртар аз “Гӯшаи деҳқон” то бозори “Истиқлол” 200 метр роҳ ҷойгир аст, намешавад, ки “Гушаи деҳқон”-ро вориди бозор намоему хизматрасонии мардум хубтар шавад? Аксари фурушандагони “Гӯшаи деҳқон” дафтарчаи санитарӣ, патент ва иҷозатнома надоранд. Савдогарон дар вақти фурӯши меваю сабзавот аз тарозуҳо грамм зада, рӯйрост ба мардумфиребӣ машғуланд. Бояд савдогарон ҳангоми хизматрасонӣ бар тан либоси ягона, яъне хилъат дошта бошанд, вале мушоҳида кардам, ки на хилъати махсус доранду на ҳуҷҷат.

 

саҳ 6 аз 40

Китобҳо

Flag Counter