ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Фев 05 2020

 

 Манон Махсумов, хонандаи доимии газета ба идора меҳмон шуда, иброз кард, ки дар шумораҳои гузашта матлабе бо номи “Автономияи тоҷикон дар Русия” чоп шуд. Ин пешниҳоди хуб аст, аммо мо ба ин матлаб монанд, яъне ин мавзӯъро чанд сол қабл, 9 майи соли 2012 дар шумораи 19 (192 газетаи СССР) мо низ навишта будем. Ин мавод вобаста ба ташкили субъекти тоҷикон дар ФР ва ҷонибдории устод Назар Мирзода аст! Дар мақола чунин навишта шуда буд: ФР 1 проблемаи ҷиддии дохилӣ дорад, аҳолиаш ҳар сол кам шуда истодааст ва ин муаммои демографии сарбаста боиси нигаронии роҳбарони Кремл ва аксари субъектҳои ФР гардидааст.Тоҷикон табиатан халқи демократанд ва метавонанд дар ҳалли проблемаи НУФУС ба Кремл  кумак расонанду ба ин васила дар пойдорию мустаҳкамсозии Федератсияи сермиллату абадқудрати Рус нақши муҳимро бозанд. Танҳо Президенти Русия В. В. Путинро зарур аст, ки 1 карори таърихӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ сенсатсиониро доир ба Тоҷикони Русия кабул созаду дар ҳайат ва ҳудуди ФР Вилояти Тоҷикон-“Таджикская область” ташкил ва пойтахташ шаҳри Ориён (ё Ориёнград ё Сомонград) шавад.

 

Чоршанбе, Янв 22 2020

Шодибек  Халилов, Аълочии маориф, устоди фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз н. Муминобод ба меҳмонии идораи СССР омада гуфт, ки дар н. Муъмининобод, вақте ки корхонаи истеҳсоли орд дар ш. Кӯлоб буд, мардум барои дастрас карданаш мушкилие надоштанд. Аммо, ҳангоми корхонаро аз Кӯлоб, бо сабабҳои техникӣ, ба вилояти Суғд кӯчониданд, мушкилӣ барои мардум пеш омад. Аввал нархи орд чанд баробар зиёд шуд ва баъдан дастрас кардани орд низ мушкил гардид. Зеро аз вилояти Суғд ордро бо мошинҳои боркаш, дар ҳаҷми на он қадар бисёр ворид менамоянд ва ҳангоми бо мошинҳо овардани орд маълум, ки нархаш гарон мешавад-маблағи сӯзишворӣ низ арзон нест. Модоме, ки роҳи оҳан ҳаст (онро боз кушоданд!) намешавад, ки гандумро бо меъёри зиёдтар ба воситаи поезд, ба водии Кӯлоби вилояти Хатлон ворид намоянду дар Осиёби бузургтарини кишвар-Заказзернои шаҳрӣ коркард ва ба фурӯш гузоранд? Мешавад! Танҳо масъулият лозим. Мо Метавонем!  

 

Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

 Ҳоким Сафар, мухбири мардумии мо аз н. Файзобод меҳмони идора шуда, гуфт, масофа аз маркази деҳаи Мискинобод то деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинободи н.Файзобод  3.5 километр шоҳроҳро дар бар мегирад, ки то солҳои қаблӣ роҳи нақлиётгард васеъ буду воситаҳои нақлиёт бе душворӣ рафту омад мекарданд. Айни замон дар ин ҷо гушаи ғайриқонунии деҳқон, филиали телефонҳои мобилии ТСЭН, мағозаи гӯштфурушӣ бунёд кардаанд, ки дар натиҷа ба рафту омади воситаҳои нақлиёт монеа эҷод карда, боиси рӯй додани садамаҳои нақлиётӣ мегардад. Дуртар аз “Гӯшаи деҳқон” то бозори “Истиқлол” 200 метр роҳ ҷойгир аст, намешавад, ки “Гушаи деҳқон”-ро вориди бозор намоему хизматрасонии мардум хубтар шавад? Аксари фурушандагони “Гӯшаи деҳқон” дафтарчаи санитарӣ, патент ва иҷозатнома надоранд. Савдогарон дар вақти фурӯши меваю сабзавот аз тарозуҳо грамм зада, рӯйрост ба мардумфиребӣ машғуланд. Бояд савдогарон ҳангоми хизматрасонӣ бар тан либоси ягона, яъне хилъат дошта бошанд, вале мушоҳида кардам, ки на хилъати махсус доранду на ҳуҷҷат.

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

 Малика Сафарзода, сокини пойтахт ба идораи газета меҳмон шуда гуфт, ки аз рӯйи мушоҳидаҳоям сироятшудагони бемории сил рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ростӣ, сабаби аслиашро намедонам, вале пешниҳод дорам, ки Беморхонаи сили кӯдакона, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, бояд аз ш.Душанбе берун бароварда шавад. Зеро, вуҷуди ин беморхона дар дохили шаҳр ба фикри ман хатарнок аст. Аксарият бохабаранд, ки бемории сил бо роҳи нафас аз шахси бемор ба одами солим мегузарад. Бемор ҳангоми ҳар 1 атса задан метавонад чандин чӯбчамикробҳои бемории сил, ки “кох” ном гирифтааст, ба фазо хориҷ ва муҳити атрофро барои одамони солим хатарнок созад. Яъне, чӯбчамикробҳоро ҳар нафари дар он наздикиҳо буда, метавонад нафас кашида, сироят ёбад. Ҳол он, ки дар гирду атрофи ин беморхона чандин хонаҳои истиқоматӣ мавҷуданд. 

 

Чоршанбе, Дек 04 2019

25.11.2019. Соат ба вақти СССР 15:54 дақиқа. Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, олими вораста ва дӯсти мо меҳмони редаксия шуд ва сӯҳбати мо сари сеҳру ҷоду қарор гирифт, ки имрӯз бисёр мадум, ба вежа занон ба он даст мезананду пеши фолбину рамл ва ҷодугарон мераванд. Ҳоҷӣ гуфт, ҳоло бонувони иззатманд мехоҳанд ину он ҷавонмардро ба худ сарду гарму хунук кунанд… Бачаҳо низ андак-андак мушоҳида мешаванд. Ман аз рӯи ҳадиси Пайғамбар мегӯям, на забони хеш. Эй мардум эҳьтиёт кунед, Муҳаммад (с.) гуфт:

-Ҳар мусалмоне бо нияти сеҳру ҷоду (хунукиву гармӣ низ аз сеҳранд!-Ҳоҷӣ Исмоил) пеши касе меравад ва ё барои сеҳру ҷоду рӯи коғазе чизе менависад, мекашад, номашро Аллоҳ Ҷалла Ҷалолаҳу аз дафтари мусалмонӣ хат мезанад!

Зимнан эҳтиёт бояд кард, мардум, эҳтиёт!

 

Чоршанбе, Нояб 20 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 72-сола аз деҳаи Туркироҷи ноҳияи Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки дар 2 мавзуъ кӯтоҳ гуфтаниям:

1.Имрӯз 12 ноябр асту ҳоло ҳам мо пенсияи моҳи октябрро нагирифтаем. Сабаб ва мушкил дар чӣ бошад? Дар Панҷакенти мо одат шуда, ё дуо рафтааст, ки ҳамеша нафақаи инмоҳаро 2-3 моҳ пас медиҳанд. Дар охир, тамоми мардум аз дӯкону мағозаҳо қарздор мемонанд…

2.Ба қарибӣ аз ТВ Сафина 1 барномаи муштараки Тоҷику афғон, ки «Садои дӯстӣ» ном дошт, намоиш дода шуд. Либоси зебои афғонии тоҷикдухтар ва ҷомаи тоҷикии афғонбача аз наздик будани расму оин ва меҳри 2 халқи ҳамзабон шаҳодат медод. Меҳмони асосии барнома сарояндаи маҳбуби мардуми афғон Амирҷон Сабурӣ буд. Мусиқиашонро намегӯӣ? Лек суол ин аст, ки чаро ромишгарони мо на либоси миллӣ доранду на заҳмат кашидан мехоҳанд? Чаро «ситораҳо»-и мусиқии Тоҷик ба чизи тайёр одат карда, танбал шудаанд? Интихоби матн магар мушкил аст? Мирзо Бедил дуруст фармуда:

Обила бар саъйи по ҳаргиз намеояд ба даст,

Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд.

 

саҳ 5 аз 38

Китобҳо

Flag Counter