ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Окт 11 2018


Мухбири мардумии СССР-Раҳмоналӣ Буттаев аз шаҳри Бохтар дар меҳмонии СССР гуфт, ки дирӯз саҳарӣ 2-3 мӯсафеди пир аз 1 тарафи кӯчаи калони ш.Бохтар оҳиста-оҳиста қадам зада, суҳбат карда мерафтанд. Ба онҳо наздик шудам, ки яке ба дигаре мегуфт: «Акнун ба кадом чойхона меравем, ки моро пеш накунанд?» Сухани ӯро шунида, хело асабӣ шудам, ки наход мӯсафедонро аз чойхона пеш кунанд?! Агар фаромӯш накунем, 40-50 сол пеш дар кадом чойхонаҳои шаҳру ноҳия наравед мӯсафедон нишаста чой хурда, бо ҳамсолон дам мегирифтанд. Дар маркази ш.Бохтар даҳҳо чойхона амал мекунанд, лек наход барои 4-5 мӯсафед 2-3 чойник чойро бепул дода натавонанду эҳтироми онҳоро дар пирӣ қадр накунанд? Агар аҳамият дода бошед дар ҳамаи шаҳру ноҳияи вил.Суғд барои мӯсафедон ҷойҳои махсус муҳайё карда шудааст, ки он ҷо ҷамъ шуда, вақти худро хуш мегузаронанд. Аз масъулин хоҳиш мекунам, ки дар ҳар ошхонаи шаҳр барои дамгирии 5-6 мӯсафед ҷои нишаст ҷудо кунанд. Ва имконият бошад дар ҳар маҳаллаҳои шаҳр калон ҳам набошад чойхонаи маҳаллӣ барои мӯсафедон ташкил мекарданд.

Чоршанбе, Окт 03 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллимаи соҳаи тибб-Гулноз Ҳомидова аз ш.Турсунзода дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки ҳамин қадар дар қаламрави кишвар бо ташаббуси Раёсати БДА ВКД ҶТ амалиёти «Пиёдагард» баргузор шавад ҳам, қонунвайронкуниҳои ҳаракати роҳ кам намегардад. Пиёдагардон бисёр бепарво шуда, ҳам ба ҷони худ хатар меоранду ҳам ба ронанда. Дар ҳама ҷо аломатҳои пиёдагард ва роҳҳои зеризаминӣ ҳаст. Пиёдагардон бошанд дар куҷое, ки рост ояд истода, нақлиётро манъ карда, савор мешаванд. Фикр намекунанд, ки ин корашон боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт шуда, аксар вақт садамаҳои нақлиётӣ ҳам дар чунин лаҳзаҳо рух медиҳанд. Шаҳрвандони азиз, вақти убур кардани роҳҳо шитоб накунед, босабр бошед, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед. Дар ин кор Раёсати БДА ягон айб надорад. Агар ба талаботи чароғаки роҳнамо риоя кунем, бо телефони мобилӣ ҳангоми аз «пешеход» гузаштан гапзаниро кам кунем, аз роҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дуруст истифода барем, нақлиёти мусофирбарро танҳо дар истгоҳҳо мунтазир шавем, талаботҳои қонунҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунем, ҳеҷ гоҳ ба ягон бало дучор намегардем. Ё не?

Панҷшанбе, Сен 27 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, Аҳтам Одинаев аз ноҳияи Ховалинг дар меҳмонии СССР гуфт, ки ба н.Сангвор (Тавилдара) солҳои тӯлонӣ сафар накарда будам. Маро дӯстам ба хурсандияш даъват кард. Ман ҳам не нагуфта рафтам. Роҳи байни Душанбе-Оби Гарм хело хуб асту байни ш.Роғун ва н.Нуробод хело бад! Аз Нуробод то Сангвор 75 км масофа асту дар 7 соат ба маркази Тавилдара расидам. Тасаввур мекунед, чӣ қадар азоб кашидам. 100 офарин мегӯям, ба мардуми ин ноҳия, ки чӣ тавр ҳар рӯз бо ин роҳи мушкил мераванду меоянд. Ростӣ, ҳайронам, ки касалиеро бо ин роҳи хароб чӣ хел ба Душанбе меоварда бошанд? Зеро бемори вазнин дар ин роҳ аниқ мемирад! Ман намегӯям, ки роҳро мумфарш кунанд ва барои ин маблағи калон ҳам лозим нест. Ҳамту, Ҳукуматҳои ин 2 ноҳия-Нурободу Сангвор бо техника чуқурӣ ва пастиро ҳамвор кунанд, тамом! Ин ҳам 1 роҳи даромад аст. Ҳамчунин сайёҳони хориҷӣ бад будани роҳро ба тамоми ҷаҳон паҳн мекунанд. Барои сайёҳон чӣ қадар бошад шароити дуруст бояд муҳайё кунем. Оё аз ин роҳи хароби Сангвор масъулини Вазорати нақлиёт огоҳанд, ё на? Вакили мардумие, ки сокинони Сангвору Нуробод ба тарафдорияш овоз додаанд, имрӯз аслан нисбати тақдири кӯҳистониҳо бепарвост!!! Раҳм ба мардуми ин ноҳияҳо кунед!

Панҷшанбе, Сен 20 2018


Рӯзибой Эргашев, сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 909 95 22 27, 90 333 68 85) дар меҳмонии СССР гуфт, ки соли 2011 бори аввал дар қисми ҳарбии №2747-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ (воқеъ дар назди бозорчаи Балх) 2 сол хизмат карда, соҳиби билети ҳарбӣ шудам. Аз шароити хизмат ягон шикоят надорам! Аммо мушкили ман дар дигар чист. Бори дувум ба ҷои додарам-Эргашев Алимуҳаммад, ки он шабу рӯз дар Русия буд, с.2016 дар қисми ҳарбии №05170-и Вазорати мудофиаи ҶТ дар н.Панҷакент хизмат кардам. Билети ҳарбиро аз қисми ҳарбӣ ба ному насаби додарам ба ман доданд, аммо дар комиссариати ҳарбии н.Сино билети ҳарбиро аз дастам гирифта гуфтанд, ки «ин билетро мо бекор мекунем, зеро моро «подставит» кардӣ. Мо барои 1 билет 10.000 сомонӣ «расход» кардаем…». Прокуратураи генералӣ ва Вазорати мудофиа тамоми ҳуҷҷатҳоро ба номи додарам ва дар доираи қонун омода карда буданд, аммо аз раёсати Вазорати мудофиа билети ҳарбиро доданӣ нестанд! Лиҳозо, аз Вазорати мудофиа эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба гирифтани билети ҳарбии додарам мусоидат кунанд.

Чоршанбе, Сен 12 2018


Маъюби гурӯҳи 1, Нурмуҳаммад Раҷабови 32-сола, аз маҳаллаи “Кирпичный”-и ноҳияи Рӯдакӣ (тел: 907 35 08 36) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман соҳиби 1 фарзанду дар қайди ноҳияи Кӯшониён (собиқ н.Бохтар, деҳаи Пушкин, ҷамоати Заргар) ҳастам, вале дар маҳаллаи 5-ум микрорайон (маҳаллаи Кирпичный)-и н.Рӯдакӣ иҷоранишинам. Борҳо ба раҳбарияти н.Кӯшониён перомуни гирифтани 1 порча замини наздиҳавлигӣ ариза навиштам, аммо дар ҷамоати мо масъуле 10 сомонӣ дар дасти ман дода, ҷавобам дод. Имрӯз мехоҳам, аз қаламрави н.Рӯдакӣ замин бигирам, аммо бо ин иллат, ки дар қайди ин ноҳия нестам, замин гирифта наметавонам. Хело кӯшиш кардам, ки дар ҳудуди ноҳия шиносномаи худро ба қайд гузорам, аммо ҳич кас розӣ намешавад, зеро шиносу хешу табор надорам. Дар маҳаллае, ки ҳоло квартирантам, 1 хонаи 3-ҳуҷрагӣ ёфтам, бо қимати 238.000 сомонӣ, аммо ин қадар маблағ надорам, ки хонаро бигирам. Лиҳозо, ба хулосае расидам, ки тавассути газетаи СССР эълон бидиҳам, то ба ман кӯмаки молӣ намоянду соҳибхона шавам. Зеро СССР нашрияи мардумӣ асту аксарияти мухлисинаш саховатманданд...

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, муаллими собиқадор Ғозибеки Авазиён аз деҳаи Эшонҳои ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ (тел: 92 811 85 97) дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст, салому дуруду паёми кулли ҳаводорони гиромии мардумро ба аҳли қалами редаксия сидқан мерасонам.
Баъдан, дар бораи 1 мушкили мавсимии чорво гуфтаниям. Ҳамин шабу рӯз дар қаламрави ноҳияи мо бемориҳои чорво, аз қабили брутселлез, ясур ва оқсил аз нав хурӯҷ кардан дорад. Болои он ки имсол хушксолӣ омад, аз ин амрози ҳаявон ҳар рӯз қариб дар ҳама деҳоти ноҳия 4-5 гов худ аз худ аз по меафтад ва ҳаром мемирад. Қариб аз 1000 сар гов зиёди мардум ба ин амрози мавсимӣ гирифтор шудаанд. Шуъбаи байтории ноҳия бошад барои пешгирии ин беморӣ ягон парво надорад. Чорводорон бошанд бо фармоиш (заказ) доруҳои зидди ин бемориро аз шаҳри Хуҷанд бо нархи гарон дастрас мекунанд. Ин дарду беморӣ ҳар сол дар ҳамин вақту соат буруз мекунад ва аз ин мушкили аҳолии ноҳия ҳама дарак доранд, аммо бе парвоянд!!!

саҳ 10 аз 34

Китобҳо

Flag Counter