ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Авг 14 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Ҳомид Расулов (бо тахаллуси Афғон, тел: 92 729 32 90) аз ноҳияи Мастчоҳ дар меҳмонии СССР гуфт, ки нахуст салому паёми кулли ҳаводорони мастчоҳии СССР ба шумо-аҳли қалами СССР мерасонам. Баъдан, аз номи худ ва дӯстонам шаҳрвандони азизи кишварро бо Иди Қурбон сидқан таҳният мегӯям ва барои хони идонаи онҳо файзу бараккатро таманно дорам. Сониян, ман 1 чиро ҳич нафаҳмидам. Муқоиса кунед: Тавассути ТВҳо пайваста нишон медиҳанд ва ҳам мегӯянд, ки «мо дар давраи истиқлолият даҳҳо ГЭСи хурду бузург сохтем». Хуб, бигзор бошад, зеро ягона сарвату обрӯи мо ин об асту ГЭС!!! Аммо чаро киловати барқ қимат шуд? Ёдатон ҳаст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ 2-3 ГЭС доштему барқи арзонтарин дар Тоҷикистони мо буд? Имрӯз аз ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ 3-4 нафар дар муҳоҷирати меҳнатист ва мардум бе пул асту камбағал, пас пули барқро чӣ хел бипардозем? Болои ин боз паспорти нав гирему симкортро аз нав иваз кунем? Хоҳиш мекунам, ки ба мардум зулм накунед! Чиновникҳо ақаллан 1 бор дари музофотиро бикубаду аз хонаш ақаллан намаке бичашаду бубинад, ки чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад???

 

Чоршанбе, Июл 31 2019

Қадимтарин ҳаводори газетаи СССР, Раҷаб Холмаҳмадови 74-сола, аз деҳаи Туркироҷи шаҳри Панҷакент (тел: 900 62 38 78) дар меҳмонии СССР гуфт, ки бо 2 мушкил назди шумо омадаам:

1.Дар хонаводаи ман духтарам-Гавҳаршодбегим (соли тав.1981) маъюби гуруҳи 1 асту 200 сомонӣ пенсия мегирад. Комилан роҳ гашта наметавонад. Мехоҳам, ки нафақаашро зиёд кунанд. 

2.Дар замони СССР вақте синну соли кас ба нафақа мерасид, ӯро зуд аз кор озод намекарданд. Баъди ба нафақа баромадан ҳам маъмурият ба дидорбинии нафақагир мерафт ва аз ҳаёту зиндагониаш огоҳ мешуд. Агар шахсе ҷавоб диҳад, ки баъди ба нафақа баромадан ҳам кор кардан мехоҳад, маъмурият бо ҷону дил ин хоҳиши ӯро қабул мекарданд. Боз дилбардорӣ карда мегуфтанд, ки “таҷрибаи шумо барои мо боиси омӯзиш аст. Бе шумо корхонаи мо пеш намеравад”. Дар шароити ҳозира, ки синнат ба нафақа расид, аз кор ҷавоб дода мегӯянд: “Фармон аз болост!” Аён нест, ки ҷавон аз ӯҳдаи кор мебарояд, ё не! Агар фармони боло дар ин бора бошад, пас чаро онро бо ВАО эълон намекунанд?

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Муниса Аҳмадшоева аз ноҳияи Балҷувон дар меҳмонии СССР гуфт, омӯзгор барои ману шумо шахсест, ки касро ба ҷаҳони нав-олами дониш ворид месозад. Зиндагиро рӯъёи нав мебахшад, аз нав эҳё мекунад. Касби омӯзгорӣ пуршарафу пурифтихор, аммо имрӯз воқеан ҳам пурмашаққат аст, ки дидан дорем. Болои ин таътилро аз 25 май гирифта, дар 14 июн гузоштаанд. Магар ин ҷабр нест? Ман чӣ гуфтанӣ? Дар Тоҷикистон, дар якшанбеи аввали моҳи октябри ҳар сол Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Гап сари ин меравад, ки чаро Иди касбии омӯзгорон дар тақвим-календар рӯзи муайян надорад? Масалан, журналист, табиб, милиса… дар календар рӯзи аниқи ҷашн-таҷлил доранд, аммо Муаллим не?! Яъне ин ба он маъност, ки агар муаллим дар аввали моҳи октябр кадом рӯзе вақт ёфт, Идашро ҷашн кардан гирад? Ин ягон маънову мантиқ надорад ва фикр мекунам, ки нисбати устоду муаллим нописандӣ ва таҳқир аст. Охир, рӯзи иди Харбузаву Каду… дорему муаллим не!

 

Чоршанбе, Июл 10 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Неъматулло Давлатов, газетфурӯши собиқадор аз шаҳри Роғун дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар бораи газетгурезии ҷавонон ва ақибмондагии китобӣ гуфтаниям. Худ ба худ гоҳе мепурсам: Чӣ тавр СССРи абарқудрат 70 сол поид, сабаб чӣ буд ва чаро он замон мардум ташнаи хондан-дониш буданд? Ба ин суолот посухи худро ёфтам: Матбуоти тоҷикии шӯравӣ 1 хислати хело нодир дошт. Барои мисол, «Комсомоли Тоҷикистон» ё ягон нашрияи дигар чунин эълонеро бо 1 ҷумла чоп мекард: «Ҳар нафаре агар аз ҳамин шумораи мо 1 хатои грамматикӣ ёбад, 5 рубл туҳфа!» Инро кибр ё бузургии редаксияи нашрияҳои РСС Тоҷикистон буд. Дар натиҷа ҳам сафи хонанда меафзуд, ба хотири 5 сӯм ва ҳам масъулияти редаксия дар назди аудиториаи худ дучанд боло мерафт. Яъне корректору мусаҳҳеҳу муҳаррири редаксия кӯшиш мекард, ки барои аз даст надодани 5 рубл (!!!) ҳиҷҷа карда, ҳар 1 саҳифаро бихонад! Ку, имрӯз газетае, ки дилу гурда карда, ин гуна эълонро чоп кунад? Имрӯз ягон газетае нест, ки бе хато чоп шавад! Дар маҷмуъ, бузургии СССР, муҳаббат ба СССР ва қудрати идеологияи СССР низ ҳамин буд, ки ҳама, ҳатто деҳқону пахтачинаш дар сари ҷӯяку пуштаву хирман… мехонд! Бовар кунед, сахт дилам об мешавад, вақте он давраро ёд мекунам.

 

Чоршанбе, Июл 03 2019

Муаллими собиқадор Саидмуҳиддин Аминов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, нек ёд дорам дар замони СССР дар муассисаю ташкилотҳо вохӯриҳо, шабнишиниҳо, хурсандиҳо гузаронида мешуд. Хоса, аз ҳама зиёд дар мактабҳои миёна таҷлили занги охирин ба ҳукми анъана даромада буд. Хатмкунандагон интизори ба охиррасии соли таҳсил-занги охирин буданд. Ҳич намефаҳмам, ки чаро онро манъ карданд. Ҳол он ки занги охир барои мактаббачаҳо шодию хурсандист ва тамоми умр дар хотир боқӣ мемонад. Ғайр аз ин дар мактабҳо гузаронидани шабнишиниҳо бахшида ба Соли нав, Иди занҳо-8 март, 23 феврал-Рӯзи Артиш ташкил карда мешуд. Боз хонандагони мактаб баъди 10-20-30 сол бо ҳам вомехӯрданд, ки ин носталгия буд! Аммо намедонам, ин хурсандиҳоро кӣ барҳам дод ва барои чӣ? Ба мо маълум аст, ки дар ш.Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳо баъди гузаронидани чунин хурсандиҳо бархе ҳодисаҳои нохуш рӯй дод. Чаро дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ чунин ҳодисаҳо рӯй намедод? О, намешавад, ки ҳангоми гузаронидани занги охирин ягон намоянда аз ҳифзи ҳуқуқ иштирок кунад, бо маъмурияти мактаб дуруст назорат баранд ва бачаҳо хурсандии худро гузаронанд?! Ҳоло барои бачаҳо ғайр аз иди Рамазону Қурбон ягон хурсандии дигар боқӣ намондааст!

 

Чоршанбе, Июн 26 2019

Устоди факултаи физикаи ДМТ Абдуҳамид Нарзиев, сокини н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, дар шумораи гузашта матлаберо бо номи “Мо Тоҷикем ё тАҷик?” хонда, ба муаллиф С.Мизроб аҳсант фиристодам. Ҳоло 4 гуфтанӣ дорам:

1.Ақаллан  ба Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи ислоҳоти забон бояд барои ин қадар беаҳамиятӣ ва “саҳмаш” дар бахши забон ягон унвони ОЛӢ бидиҳем. Охир, бинед, чаро дар Россия дар ҳама ҳуҷҷатҳо “Россия” менависанд, на “Рассия”, вале мо ТаджикистАн менигорем?!

2.Маркази Миллии Тестӣ катастрофаи миллат аст. Бовар кунед, тамоми студентҳо бесаводанд ва дар санҷишу имтиҳон тестро фақат қориазёд мекунанд ва 1 рӯз пас баргашта бипурсед, чизе намедонанд! Аз мушоҳидаи худам мегӯям. Ва ин фоҷиаи миллати мост!!!

3.Қаблан таҳсил дар мактабҳои миёна то 24 май идома меёфт ва ҳоло бошад то 14 июн! Чаро нисбати муаллимон ин қадар ҷабр мекунанд?

4.Занги охирро бояд барқарор кунем. Занги охир ин иди хатмкунандагон аст ва хонандагон бояд бо ҳамсинфону муаллимонаш дар фазои мутантан хайрухуш кунанд.

 

саҳ 8 аз 38

Китобҳо

Flag Counter