ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 17 2019

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР Муниса Аҳмадшоева аз ноҳияи Балҷувон дар меҳмонии СССР гуфт, омӯзгор барои ману шумо шахсест, ки касро ба ҷаҳони нав-олами дониш ворид месозад. Зиндагиро рӯъёи нав мебахшад, аз нав эҳё мекунад. Касби омӯзгорӣ пуршарафу пурифтихор, аммо имрӯз воқеан ҳам пурмашаққат аст, ки дидан дорем. Болои ин таътилро аз 25 май гирифта, дар 14 июн гузоштаанд. Магар ин ҷабр нест? Ман чӣ гуфтанӣ? Дар Тоҷикистон, дар якшанбеи аввали моҳи октябри ҳар сол Иди касбии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Гап сари ин меравад, ки чаро Иди касбии омӯзгорон дар тақвим-календар рӯзи муайян надорад? Масалан, журналист, табиб, милиса… дар календар рӯзи аниқи ҷашн-таҷлил доранд, аммо Муаллим не?! Яъне ин ба он маъност, ки агар муаллим дар аввали моҳи октябр кадом рӯзе вақт ёфт, Идашро ҷашн кардан гирад? Ин ягон маънову мантиқ надорад ва фикр мекунам, ки нисбати устоду муаллим нописандӣ ва таҳқир аст. Охир, рӯзи иди Харбузаву Каду… дорему муаллим не!

 

Чоршанбе, Июл 10 2019

Узви Ихвон-ал-СССР, Неъматулло Давлатов, газетфурӯши собиқадор аз шаҳри Роғун дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар бораи газетгурезии ҷавонон ва ақибмондагии китобӣ гуфтаниям. Худ ба худ гоҳе мепурсам: Чӣ тавр СССРи абарқудрат 70 сол поид, сабаб чӣ буд ва чаро он замон мардум ташнаи хондан-дониш буданд? Ба ин суолот посухи худро ёфтам: Матбуоти тоҷикии шӯравӣ 1 хислати хело нодир дошт. Барои мисол, «Комсомоли Тоҷикистон» ё ягон нашрияи дигар чунин эълонеро бо 1 ҷумла чоп мекард: «Ҳар нафаре агар аз ҳамин шумораи мо 1 хатои грамматикӣ ёбад, 5 рубл туҳфа!» Инро кибр ё бузургии редаксияи нашрияҳои РСС Тоҷикистон буд. Дар натиҷа ҳам сафи хонанда меафзуд, ба хотири 5 сӯм ва ҳам масъулияти редаксия дар назди аудиториаи худ дучанд боло мерафт. Яъне корректору мусаҳҳеҳу муҳаррири редаксия кӯшиш мекард, ки барои аз даст надодани 5 рубл (!!!) ҳиҷҷа карда, ҳар 1 саҳифаро бихонад! Ку, имрӯз газетае, ки дилу гурда карда, ин гуна эълонро чоп кунад? Имрӯз ягон газетае нест, ки бе хато чоп шавад! Дар маҷмуъ, бузургии СССР, муҳаббат ба СССР ва қудрати идеологияи СССР низ ҳамин буд, ки ҳама, ҳатто деҳқону пахтачинаш дар сари ҷӯяку пуштаву хирман… мехонд! Бовар кунед, сахт дилам об мешавад, вақте он давраро ёд мекунам.

 

Чоршанбе, Июл 03 2019

Муаллими собиқадор Саидмуҳиддин Аминов аз ноҳияи Фархор дар меҳмонии СССР гуфт, нек ёд дорам дар замони СССР дар муассисаю ташкилотҳо вохӯриҳо, шабнишиниҳо, хурсандиҳо гузаронида мешуд. Хоса, аз ҳама зиёд дар мактабҳои миёна таҷлили занги охирин ба ҳукми анъана даромада буд. Хатмкунандагон интизори ба охиррасии соли таҳсил-занги охирин буданд. Ҳич намефаҳмам, ки чаро онро манъ карданд. Ҳол он ки занги охир барои мактаббачаҳо шодию хурсандист ва тамоми умр дар хотир боқӣ мемонад. Ғайр аз ин дар мактабҳо гузаронидани шабнишиниҳо бахшида ба Соли нав, Иди занҳо-8 март, 23 феврал-Рӯзи Артиш ташкил карда мешуд. Боз хонандагони мактаб баъди 10-20-30 сол бо ҳам вомехӯрданд, ки ин носталгия буд! Аммо намедонам, ин хурсандиҳоро кӣ барҳам дод ва барои чӣ? Ба мо маълум аст, ки дар ш.Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳо баъди гузаронидани чунин хурсандиҳо бархе ҳодисаҳои нохуш рӯй дод. Чаро дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ чунин ҳодисаҳо рӯй намедод? О, намешавад, ки ҳангоми гузаронидани занги охирин ягон намоянда аз ҳифзи ҳуқуқ иштирок кунад, бо маъмурияти мактаб дуруст назорат баранд ва бачаҳо хурсандии худро гузаронанд?! Ҳоло барои бачаҳо ғайр аз иди Рамазону Қурбон ягон хурсандии дигар боқӣ намондааст!

 

Чоршанбе, Июн 26 2019

Устоди факултаи физикаи ДМТ Абдуҳамид Нарзиев, сокини н.Рӯдакӣ дар меҳмонии СССР гуфт, дар шумораи гузашта матлаберо бо номи “Мо Тоҷикем ё тАҷик?” хонда, ба муаллиф С.Мизроб аҳсант фиристодам. Ҳоло 4 гуфтанӣ дорам:

1.Ақаллан  ба Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи ислоҳоти забон бояд барои ин қадар беаҳамиятӣ ва “саҳмаш” дар бахши забон ягон унвони ОЛӢ бидиҳем. Охир, бинед, чаро дар Россия дар ҳама ҳуҷҷатҳо “Россия” менависанд, на “Рассия”, вале мо ТаджикистАн менигорем?!

2.Маркази Миллии Тестӣ катастрофаи миллат аст. Бовар кунед, тамоми студентҳо бесаводанд ва дар санҷишу имтиҳон тестро фақат қориазёд мекунанд ва 1 рӯз пас баргашта бипурсед, чизе намедонанд! Аз мушоҳидаи худам мегӯям. Ва ин фоҷиаи миллати мост!!!

3.Қаблан таҳсил дар мактабҳои миёна то 24 май идома меёфт ва ҳоло бошад то 14 июн! Чаро нисбати муаллимон ин қадар ҷабр мекунанд?

4.Занги охирро бояд барқарор кунем. Занги охир ин иди хатмкунандагон аст ва хонандагон бояд бо ҳамсинфону муаллимонаш дар фазои мутантан хайрухуш кунанд.

 

Чоршанбе, Июн 12 2019

 

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, журналист Шарифхони Тағоймурод-сокини ноҳияи Муъминобод, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия бо сафари корӣ қарор дошт, дар меҳмонии газетаи СССР гуфт, ки найрангбозии ҳамватанони худ-Тоҷиконро дар шаҳру вилоятҳои Русия дида, нангам меояд. Фарзи мисол, дар аэропорти Внуковои шаҳри Москва барои 1 кило бор бояд расман 300-400 рубли русӣ супорӣ, аммо Тоҷикони мо аз баднафсӣ чӣ кор мекунанд? Барои ҳамин миқдор кг 3000-4000 рубли русӣ (аз 500 сомонӣ болотар!) талаб мекунанд. Ин ба ақли ҳич кас рост намеояд! Масалан, агар ту дар пакет 1 кг семичка ё қурут дошта бошӣ, бояд ҳатман барои Тоҷикони баднафси худамон 3000-4000 рубл супорӣ, вагарна бе бор-дасти холӣ меоӣ!!! Чунин маймунбозиҳои ҳамватанони мо нисбати худи ҳаммиллатони мо дар Русия бениҳоят зиёд аст!!! Аммо ба кӣ мегӯӣ??? Бовар дорам, дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав-пойтахти Русия, намояндагии ширкатҳои Тоҷик-эйр ва Сомон-эйр…аз ин гуна ғоратгариҳо ва «мошшеничество» комилан огоҳанд, аммо касеро парвое нест: Бихуру бигард!!! Хуллас, агар каме «тупой» бошӣ, дасти холӣ ба Тоҷикистон меоӣ!

 

Сешанбе, Июн 04 2019

Журналист Қурбон Аламшоев, ки 3.05.2019, дар рӯзи Озодии Сухан дипломи вежаи СССР-ро соҳиб шуда буд, аз ш.Хоруғ барои гирифтани ҷоиза омадаву дар меҳмонии СССР гуфт, «Сароғоз сипоси худро ба газетаи мардумӣ мерасонам, ки мо-журналистони музофотиро қадрдонӣ мекунад. Дипломи шумо боиси фараҳмандии мост. Ва баъдаҳу роҷеъ ба 1 проекти навам гуфтаниям: Тӯли 4 соли охир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Фестивали табиати ваҳширо мегузаронем. Ин идея аслан дар Иттиҳодияи ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» пайдо шуд, ки банда роҳбараш ҳастам. Табиати ваҳшӣ онест, ки берун аз назари мо уфтодааст. Дар табиати ваҳшӣ ҳазорҳо рустанӣ ва ҷонварон ҳаст, минҷумла, озодапаланг, ки баъзе бабри барфӣ меноманд. Чаро озодапаланг? Зеро озода асту ҳаргиз ба одам ҳамла намекунад. Инчунин фақат сайди ҳалол (харгӯш, суғур, бӯзи кӯҳӣ…)-ро мехӯрад. Проблема чист? Шикорчиёни бераҳм маҳз ҷониби чунин ҷонвари камёфту беозор тир холӣ мекунанд. Ҳадафи мо ҳифзи озодапаланг аст. Ва на танҳо ин, ки нисбати тамоми ҳайвоноти табиати ваҳшӣ бераҳм шудаем. Хаёл мекунам, имрӯз табиати мо бесоҳиб аст. Зимнан ба хулосае омадем, ба мардуми олам ва шикорчиҳои маҳаллӣ нишон диҳем, ки табиати ваҳшӣ бесоҳиб нест!!! Мо соҳиби ӯем ва Мо Метавонем! Дар бораи ин проблема дар шумораҳои ояндаи СССР ҳатман менависам.

 

саҳ 7 аз 37

Китобҳо

Flag Counter