ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 02 2018


Сакина Абдуллоева-донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи славянӣ дар меҳмонии СССР гуфт, аз муроҷиати бонувони пойтахт ба шаҳрдорамон, дар мавриди ба муҷозо кашидани ҷавонмардони дағалгуфтору беодоб, ки ба духтарони Тоҷик гапҳои бемаънӣ партофта, сари роҳашонро мегиранд, огаҳӣ дорам. Дуруст мегӯянд, занҳо. Ба вежа, лаҷоми мошиндоронро кашидан даркор. Зеро ҳар духтаре, ки дар истгоҳ интизори нақлиёти ҷамъиятист, ҳатман мавриди шиканҷаву озор қарор мегирад. Ин ҷавонон, гӯё худ хоҳар надоранд, ки мошинҳояшонро пешу пас ронда, ба дилхоҳ духтар пешниҳод мекунанд, ки шинанд. Ин дар ҳолест, ки нишастӣ…тамом, барои онҳо ту сабукпоӣ! Ман умуман ба мошине намешинам. Вале аз рӯи савоб гуфтан даркор, ки худи духтарон онҳоро чунин кардаанд. Зеро 70-80-% гулдухтарони мо ба мошини ин ҷавонҳои инҷиқ ва фаҳшоталаб ме-ши-нанд!!! Ин аст, ки ҷавонон дар симои дилхоҳ духтари пиёдагард фоҳиша ва сабукпоеро мебинанд. Имрӯз умуман интизори нақлиёт рост истодани духтарон дар роҳ ба 1 азияте табдил ёфтааст, ки мақомоти қудратӣ бояд ҳатман пеши роҳи ин бенизомиро гиранд. Мо Метавонем!

Чоршанбе, Июл 18 2018


Аброр Соқиев, яке аз муаллифони собиқадори газетаи мардумии СССР (тел: 901 80 43 08) аз шаҳри Ваҳдат дар меҳмонии СССР гуфт, ки 3 мушкили бонкӣ маро назди шумо овард:
1.Чаро бонкҳои Тоҷикистон пули рубли русие, ки фарзандони мо аз Русия ба мо мефиристанд, сомонӣ карда медиҳанд? Аҷибаш ин аст, ки вақте ҳамун пули писарат фиристодаро ба рубли русӣ гирифтан мехоҳӣ, онро бо нархи гарон боз ба худат мефурӯшанд! Ин ҷо чӣ муаммоест, ки мо намедонем?
2.Фоизҳои қарзии тамоми бонкҳои кишвари ман баланданд. Ман-шаҳрванди Тоҷикистон вақте бо фоизи паст аз бонк қарз мегираму корамро бут карда қарзро сари вақт бармегардонам, ин магар ба фоидаи бонк нест? Пас чаро бонкҳо бар зарари мардум кор мекунанд?
3.Имрӯз вақте агар нохост аз бонк қарздори сахт бошем, бонкир ба воситаи суд қарзашро меситонад. Аммо чаро мо-муштариёни бонкҳо, ки пули ҳалоли худро гирифта наметавонем, қудрати бонкро ба суд додан надорем? Дар ин бора дар СССР низ навишта буданд…

Чоршанбе, Июл 11 2018


Хонанда, дӯст ва мухлиси ашаддии газетаи мардумии СССР, майор Ҷумъахон Давлатов, собиқадори Вазорати мудофиаи ҶТ, сокини шаҳри Бохтар (тел: 903 04 00 02, 93 166 36 99) дар меҳмонии СССР гуфт, ки ман 2 гуфтанӣ дорам:
1.Ман фориғуттаҳсили факултаи филологияи ДМТ дар солҳои 1988-1993 ҳастам. Ҳамкурсонам Ашрафи Афзал, Садриддини Шамсиддин, Сӯҳроб Рауфов буданду…ҳамин сардабири газетаи СССР низ бо мо ҳамроҳ дар хобгоҳи Гипрозем меистод. Аҷаб давраи тиллоие буд, замони студентии мо.
2.Митинги солҳои 1990-92, ки бо талаби озодӣ ва демократия ба майдонҳо рехтанд, ҳамагӣ дурӯғ буд. Зеро мо-мардуми Тоҷикистон ҳаргиз зиндонӣ набудем, ки озодиро талаб мекардем. Дар палаткаҳои 2 майдон-Шаҳидону Озодӣ оши палаву шӯрбои сергӯшт медоданд, ки ин ҳама беҳуда набуд! Вагарна чаро студентҳои донишгоҳҳои пойтахт ҳамроҳ бо муаллимон даст ба гуруснанишинӣ заданд? Истеъфои ин ё он вазирро талаб мекарданд, ки ин низ бе асос ва бесабаб набуд! Дасти хориҷӣ аз содагии мо бисёр моҳирона истифода бурд…

Панҷшанбе, Июн 21 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, таърихшинос Тӯра Ниёзов аз шаҳри Панҷакент дар меҳмонии СССР гуфт, оид ба пошхӯрии оилаҳои ҷавон чанд мушоҳидаву шунидаҳоямро ба шумо қисса карданиям.
1.Чанд вақт пеш додар ба хонаи апааш ба хостгорӣ рафт, ки “духтаратро ба писарам диҳед”. Қудо шуданд. Тӯй шуд. Ҳама хурсанд. Аммо писар дар Русия зани рус доштааст. Аз ҳам ҷудо шуданд. Апаву додар бо ҳам то ҳол ҷангианд.
2.Акову уко бо ҳам қудо шуданӣ шуданд. Ако назди уко омада, духтарашро барои писараш хостгорӣ кард. Розӣ шуданд. Тӯй шуд. Вақте келин ҳомиладор буд, аз ҳам ҷудо шуданд. Чаро? Барои он ки хислаташон ба ҳам мувофиқ наомадааст.
3.Апаву хоҳар бо ҳам қудо шуданд. Хоҳар назди апа рафту гуфт: “Духтаратро барои писарам деҳ”. Апа хурсандона розӣ шуд. Тӯй шуд. Аммо 15 сол зиндагӣ карданд, Худованд ба ин ҷуфт фарзанд надод. Аз ҳам ҷудо шуданд. Домод бо духтари дигар хонадор шуд, ҳоло соҳиби 3 фарзанд аст...
Ин хел мисолҳоро ман бисёр медонам. Вақте фарзандони хешу табор аз ҳам ҷудо шуданд, бо ҳам ҷангӣ мешаванд, ҳатто ба тӯйю ҷанозаи якдигар намераванд. Барои ҳамин дар масъалаи хонадоркунӣ падару модар аз эҳтиёт кор бигиранд!

Панҷшанбе, Июн 14 2018

Омӯзгор Раҳмат Шералиев, сокини пойтахт (тел: 98 723 06 76) дар меҳмонии СССР гуфт, ки хабари варзишкории Эмомҳусайни 7-сола, сокини н.Рӯдакиро аз ВАО шунида, фикре ба сарам зад. Ҳатман, ин кӯдаки 7-соларо ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ ва ба онҳо пешниҳод кунем, ки аксу наворҳои варзишии Эмомро тариқи интернет ба ҷаҳониён нишон бидиҳанд. Мақсад чист? Бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳем ва исбот намоем, ки Тоҷик ҳоло ҳам чунин фарзандоне мисли Спитамену Темурмалику Абӯмуслим дорад. Бубинед, ки дар Аврупо ба хотири ифтихор аз Искандари Мақдунӣ номи фарзандонро Александр мегузоранд. Пас чаро мо ба фарзандони худ исми қаҳрамонҳои таърихиро нагузорем? Аз аврупоиҳо бояд омӯхт! Ҳамин ҳоло дар сарам омад, ки воқеан вожаи русии «спортсмен» ин бардошт аз ҳамон номи тоҷикии Спитамен аст. Замоне, ки ҳамсолони Эмом Ҳусайн дар хоби нозанд, ӯ ҳар саҳар аз соати 5-и субҳ машғули давидан асту машқу тамрин. Ва ин маҳорати ӯ ба меҳнати мунтазами ҳаррӯза ба даст омадааст. Чунин кӯдакони фавқулодда дар ҷомеаи мо зиёданд, аммо онҳоро бояд ёфта, зери парасторӣ бигирем. Онҳо сарвати варзишии миллатанд! Умедворам, ки Эмом ба китоби Реккордҳои Гиннес шомил хоҳад шуд.

Панҷшанбе, Май 31 2018


Хоменко Юлия Анатолиевнаи 23-сола (с.тав.21.10.1995), сокини ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаи Миралӣ Маҳмадалиев-3, хонаи №14 (тел: 901 09 11 07) дар меҳмонии газетаи мардумии СССР гуфт, ки “Ман аз соли 2007 дар Тоҷикистон ҳастам. Аз Ҷумҳурии Украина, аз ноҳияи Старосинявськийи вилояти Хмельницька, омада будам. Аз синфи 6 то синфи 11 дар мактаби миёнаи №36-и ноҳияи Рӯдакӣ хонда, номаи камол-аттестат гирифтам. Аммо то ҳол паспорт-шиносномаи шаҳрвандӣ надорам... Шавҳари ман-Рустам Тоҷиддинович Элов тоҷик асту зиндагии якҷоя дорем ва ҳоло соҳиби 1 фарзандем. Хуллас, барои шиносномаи шаҳрвандӣ гирифтан ба мақомоти дахлдори кишвар муроҷиат кардам, онҳо гуфтанд, ки “ту аввал аз Украина ҳуҷҷати тасдиқкунанда биёр, то бидонем, ки ту шаҳрванди куҷоӣ?” Аз Сафорати Украина дар Тоҷикистон низ чанд рӯз пеш маълумотнома гирифтам, аммо боз ҳам паспорт доданӣ нестанд. Барои гирифтани паспорт ба суди ш.Душанбе ва ОВИРи н.Шоҳмансур арз кардам, аммо ягон натиҷа нест. Охир, ман соҳиби 1 фарзандам, пас чаро шаҳрванди Тоҷикистон набошам? Аз Дастгоҳи президенти ҶТ эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ба ин мушкили ман кӯмак намоянд, зеро мехоҳам шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосо бошам...”.

саҳ 11 аз 34

Китобҳо

Flag Counter