ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Май 07 2018


Дар маркази вилояти Хатлони ш.Бохтар Форуми соҳибкорони в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва в.Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Форуми мазкур соҳибкорони пешсаф ва муваффақи 2 кишвари бо ҳам дӯсту бародар иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории Форум ин мустаҳкам намудани риштаи ҳамкориҳо дар соҳаи савдо ва бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.
 Намоиши молу маҳсулоти в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи форуми соҳибкорон гузаронида шуд, ки дар он соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон молу маҳсулоти гуногуни худро бо нархҳои арзон пешниҳод карданд. Дар намоиши молу маҳсулоти вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси в. Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Қурбоналӣ, масъулон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Бохтар ва дигарон меҳмононро қабул ва ҳамроҳи намуданд.
Гуфта мешавад, ки соҳибкорони кишвари дӯсту баробар Ҷумҳурии Ӯзбекистон равған, либосҳои гуногуни мардонаву занона, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти ширрӣ, обҳои гуногун, ороишот ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгорро пешкаш намуданд. Маҳсулоти мазкур бо нархи нисбатан арзон пешниҳод карда шуд. Хатлониён бо дидан кардан аз намоишгоҳи мазкур ба сифат ва нархи маҳсулот баҳои баланд дода, пешниҳоди ҳамкорӣ карданд.
Шоми рӯзи 6.05.2018 дар театри Мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови в. Хатлон барномаи фарҳангии санъаткорони в.Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва в.Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сокинони шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилоят ширкат намуда, шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии меҳан ва ягонагии мардуми сарбаланди тоҷик карданд. Таъкид гардид, ки ин намоишгоҳ метавонад, ки дар самти мустаҳкамтар гардидани ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ду кишвари дӯст ва беҳтар гардидани дӯстиву рафоқат байни сокинони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
 

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


Панҷшанбе, Май 03 2018

Чоршанбе, Май 02 2018


   Ҳафтаи гузашта ширкати CCI- «Coca-Cola Ичиҷек» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба корхонаи худ дар ш.Душанбе даъват намуд, то ин ки журналистони Тоҷик имкон пайдо намоянд бо фаъолияти кории ин ширкат ва тарзи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани бренди оламшумули Coca-Cola аз наздик ошно гарданд. Мухбири Газетаи мардумии СССР низ дар байни ин меҳмонон буд ва дар баробари боздид аз корхона тавонист ба суолҳои худ ҷавоб пайдо намояд.


   Бояд қайд намуд, ки нӯшокии Coca-Cola таърихи беш аз 130 сола дошта, яке аз брендҳои машҳури олам ба ҳисоб меравад. Ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» намояндаи ин ширкати бонуфуз дар Туркия буда, корхонаи нахустини он соли 1954 ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба «Coca-Cola Ичиҷек» дар тӯли ин солҳо муяссар шуд бо таъсиси 26 корхонаи истеҳсоли дар 10 кишвари олам дар бахши фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан ҷойи 2-юмро сазовор гардад. Айни замон корхонаҳои ширкати номбурда 27 намуди нӯшокӣ, афшура ва яхмосро истеҳсол менамоянд, ки аз рӯи сифату кайфият инҳо ҳамто надоранд. Корхонаи мазкур дар Душанбе соли 2015 ифтитоҳ ёфта, роҳбарии ширкати «Coca-Cola Ичиҷек» дар ҶТ бар дӯши Эзел Агаоглу вогузор шудааст.


   Эзел Агаоглу мегӯяд, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва газдор аз маҳсулоти босифат истифода бурда, оби барои нӯшокиҳо омода шуда аз системаи махсуси тозакунӣ чанд зина мегузарад. Дар корхона таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ насб шуда, маҳсулот аз рӯи талаботи стандартҳои байналмиллалӣ тайёр гардида, сипас ба бозор бароварда мешавад. Маҳсулоти корхонаи «Coca-Cola Ичиҷек» дар Душанбе ба 50 нуқтаи фурӯшу савдо маҳсулоти хешро тақсим шуда, танҳо дар соли 2017 беш аз 120 миллион литр нӯшокиҳои истеҳсол кардааст. Ба гуфтаи Эзел Агаоглу, мардуми Тоҷик, алалхусус дӯстдорони нӯшокиҳои газдор зиёдтар ба нӯшокии «Fanta»-и ин ширкат таваҷҷӯҳ доранду бештар аз ҳама онро харидорӣ мекунанд.
- Мо саъю талоши хешро барои он равона месозем, ки маҳсулоти мо аз лиҳози кайфият босифат, хуштаъм ва безарар бошад ва тавонем ба мизоҷони Тоҷик нӯшокиҳои хеле хуб пешкаш намоем, - афзуд зимни сӯҳбати хеш бо журналистон Эзел Агаоглу.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Панҷшанбе, Апр 26 2018


9 апрели соли 2018 Сармоягузорони институтсионалӣ дар Ҳайати Бонки Амрикоии “Меррил Линч” ва фондҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske бо мақсади шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, низоми бонкии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар баробари шиносоӣ бо вазъи макроиқтисодии кишвар, ҳайати бонуфузи сармоягузорон ба ҶСК “НБО Роғун” ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ сафар карданд. Ҳайати бонуфузи сармоягузоронро Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳузур пазируфт.

Панҷшанбе, Апр 26 2018


Бонки миллии Тоҷикистон ба Бонки сармоягузории Аврупо пешниҳод кард, то дар маблағгузории сохтмони Роғун саҳм гирад. Ин масъала дар вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо муовини раиси Бонки сармоягузории Аврупо Вазил Гудак баррасӣ шуд. Дар вохӯрӣ масоили иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, баррасӣ гардид. Масъалаи сохтмони Роғун низ ба таври муфассал баррасӣ гардид. Ёдрас мешавем, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтусози нерӯгоҳи Роғун мехоҳад евробондҳояшро низ ба фурӯш гузорад.

Панҷшанбе, Апр 26 2018


Ҷамшед Зиёев-собиқ раиси бонки тиҷоратии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта шоми 25 апрел аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт ва ҳоло дар СИЗОи муваққатии н.Шоҳмансур қарор дорад. Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад.  Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.













саҳ 7 аз 32

Китобҳо

Flag Counter