ХАБАРИ ДОҒ

БДА: чароғаки раҳнамо камбудӣ надорад

  • Чоршанбе, Дек 29 2021

 

 

Раҳбарияти РБДА ВКД ҶТ ба М.Бердиёров, сокини шаҳри Душанбе итиллоъ медиҳад, ки муроҷиати Шумо оиди дуруст кор накардани чароғаки роҳнамо дар кӯчаи Фирдавсӣ, назди Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77 ва 78, бо баромад ба минтақаи мазкур, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Санаи 19 ноябри соли 2021, аз тарафи сардори шӯъбаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳи Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳасанзода С.А, ва бозраси калони давлатии шӯъбачаи назорат ва ташкили ҳаракат дар роҳи ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе майори милитсия Шарипов Ф., дар якҷоягӣ бо сардори Корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи ҳамин Раёсат Шарифов Ш, кори чароғаки роҳнамо дар кӯчаи Фирдавсӣ, Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77 ва 78, аз соати 09:00 дақиқа то 09:30 дақиқа мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар кори чароғаки роҳнамо ягон камбудӣ ошкор карда нашуд, ҳол он, ки чароғаки роҳнамои мазкур намунаи нав буда, аввали соли 2020, ҳангоми таҷдиди кӯчаи Фирдавсӣ насб карда шуда буд. То он вақт ин гузаргоҳи пиёдагард танҳо бо аломатҳои роҳи 5.16.1-5.16.2 «Гузаргоҳи пиёдагард» ва хатҳои уфуқии «Хатрахҳои сиёҳу сафед» танзим карда мешуд.

Новобаста аз ин, Шӯъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки назоратро аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа пурзур намоянд.

 

Генерал-майори  милитсия 
А.Насимзода,

Сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter