Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан мақолаи рӯзноманигор Баҳодури Абдусаломро, ки дар рӯзномаи СССР таҳти унвони «Истаравшан: ҳоли табоҳи меҳмонхонаи ҳукуматӣ» нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд тазаккур дод, ки муаллиф дар мақолаи хеш КВД «Хонаи таълим ва истироҳат»-и шаҳрро ҳамчун меҳмонхонаи ҳукуматӣ дарҷ намудааст. Мавриди зикр аст, ки шакли фаъолияти «Хонаи таълим ва истироҳат»-и шаҳр Корхонаи воҳиди давлатӣ буда, худмаблағгузор аст. Дар корхонаи мазкур айни замон 2 бино барои меҳмонон мавҷуд буда, дорои 84 кат, 41 ҳуҷра, аз ин 5 ҳуҷраи замонавӣ ва боқимонда ҳуҷраҳои оддӣ мебошанд. Биноҳои мазкур соли 1968 ва 1973 сохта шуда, соли 2009 таъмири ҷорӣ ва соли 2018 пурра таъмир карда шудаанд. Новобаста аз ин, бинобар истифодаи зиёд бархе аз таҷҳизот фарсуда гардидааст. Алҳол дар ҳуҷраҳо ҳаммомҳои оҳанӣ ба ҳавзҳои сафолакпӯш иваз карда шуда, таъмири ҷории қисме аз ҳуҷраҳо идома дорад.
«Хонаи таълим ва истироҳат» бо оби доимии нӯшокӣ таъмин буда, дар ҳар 1 ҳуҷра барои гарм намудани об таҷҳизотҳои барқии обгармкунӣ насб карда, 2 ҳавз барои захираи 100 тонна об ташкил карда шудааст. Лекин баъзан бо сабабҳои техникӣ таъминоти об маҳдуд мегардад. Бинобар ин, бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳудуди корхонаи мазкур 1 чоҳи амудӣ кофта шуда, дар оғози соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Ҳамзамон, бо дастгирии МИҲД вилояти Суғд дар ҳудуди корхонаи мазкур бунёди «Қасри фарҳанг» оғоз гардида, барои ободии ин мавзеъ бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ низ ба назар гирифта шудааст. МИҲД шаҳри Истаравшан минбаъд низ ҷиҳати ободонии КВД «Хонаи таълим ва истироҳат» таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ менамояд.
Адҳам
Маъмурзода,
раиси шаҳри Истаравшан