ХАБАРИ ДОҒ

Ин пагоҳӣ ният доштам, ки ба Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода НОМАИ МЕҲРУБОНӢ нависам. Зеро маҳз бо ибтикори ин сарвари адабпарвар асарҳои мунтахаби мо -- «ШУКӮҲИ ВОРУХ» бо теъдоди 1200 - нусха хушсифат чоп шуд. Вале...

РӮЙДОДИ БАСО НОДИР нақшаи маро тағйир дод! Гап дар ин ҷост, ки дирӯз дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд Раиси вилоят бо ҷавонони фаъоли вилоят мулоқот намуда, баъди табрикоти расмӣ беҳтаринҳоро қадршиносӣ намуд. Ва ана ҳамин ҚАДРШИНОСИИИ РАИСИ ВИЛОЯТ маро бениҳоят ба ваҷд овард. Зеро...

Дар умри ҳафтодсолаи худ ва фаъолияти беш аз нимасраи журналистӣ дар садҳо маҷлису маъракаҳои тантанавӣ иштирок карда, шоҳиди қадршиносию мукофотсупориҳо шудааму аммо бори аввал дидам, ки дар 1 ҷамъомад БА САДҲО НАФАР ҶАВОНОН (то 178 шумурда, ҳисобро гум кардам) СИПОСНОМАЮ ЛИФОФАИ ПУЛДОР БО ГУЛДАСТА супорида бошанд!

Ва маблағи камтарин ҳазор сомонӣ бошад! Ва 95 фоизи мукофотгирифтаҳо ҷавонон бошанд! Ва аз мавҷи қарсак ... замин ларзида бошад! Ана ин аст ғамхории ҳақиқӣ дар ҳаққи ҷавонон, ки ояндаи миллатанд! Офарин, Раиси саховатманд! 1 миллион ташаккур барои 1 миллион сомонӣ мукофот!

Додохони Эгамзода,

ш.Хуҷанд

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter