ХАБАРИ ДОҒ

Заминҳоямонро баргардонем!

  • Чоршанбе, Март 02 2022

 

Гӯшрас ба масъулини комиссияи муноқишаҳои марзӣ ё худ демаркатсионӣ, ки қазияи Ворухро бар душ доранд: 1-ум-дар Чоркӯча ва ҳудуди роҳи 275-метра, ки ба муддати 49-сол расман ба истифодаи Қирғизистон додаед ва он қитъаи роҳе, ки дар тарафи чапи шаршара ба қирғизҳо додед, сар то сар ягон рамзи ифодакунандаи замини Тоҷикистон ҳатман гузошта шавад.

2-юм-"Головной" сари канали Ботканд, яъне ҳудуди обгирии канал, ки соли 1973, аз тарафи депутатҳои Исфара ба Қирғизистон дода шудааст, бе чуну чаро ин қарорро бо баррасии Парлумон ва қарори роҳбарияти давлат бояд бекор кард. Чун ноҳия ҳаққи додани замини давлатиро надорад!

3-юм-заминҳои саҳроӣ ё худ чарогоҳҳои Заминон, Лар солҳои 1946-50-ум ба муддати 50 сол ба қирғиз барои чарогоҳи муваққатӣ - яъне ба аренда дода шуда буду то ба ҳол масъалаи қонунӣ бозгрифтанашро касе баррасӣ намекунад, ки ин нишони бесоҳибист! Чаро муҳлат кайҳо гузаштаву мо хомӯшем? Бояд баргардонид, ин макону манзилҳои бобоиро! То ба қарибии солҳои 2000-ум дар Шахи сафед ва болои Хоҷаи ғор мавзеи Тиришкан чӯпонҳову ҷангалбонҳои мо мегаштанду мардуми маҳаллӣ пода мепоид, яъне замини мо буд. Аз бепарвойии марзбонону масъулини соҳа, ин ҷо ҳам ба қирғиз гузашта имрӯз зери назорати марзбононаш қарор дорад.

Аз ин ҳазор афсӯсу ҳазор хуни дил хӯрданҳо кас ба ҳайрат меафтад, ки оё дар ҳамаи ҳамин гузаштҳо ягон асрори "Зери коса нимкоса " бошад мӣ ??? Вагарна Воруху Хоҷаи аъло ва Чоркӯҳу Сурх то ба ин рӯзи сиёҳ омада намерасид.

Расул Додхоҳи Раҳимиён,

Узви ИЖТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter