ХАБАРИ ДОҒ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мақолаи дар ҳафтаномаи СССР-«Ёвон:бунгоҳи тиббӣ созем?»-ро аз 2.12.2021, №48 нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо ҳамин мақсад иттилоъ медиҳем, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳаштуми Марти шаҳраки Ҳаёти Нав бинои нави бунгоҳи тиббӣ ва дар деҳаи Фурқат (деҳоти Ситораи Сурх) маркази  саломатӣ сохта бо таҷҳизоти зарурӣ  муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Айни замон бо саҳми маҳал сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Ҳамза (шаҳраки Ҳаёти Нав) ва бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Оби Мӯкӣ-1 (деҳоти Обшорон) идома дошта, сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои нави тиббӣ дар деҳаҳои Меҳристон, Қуймот ва Оҳуҷар (деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов), деҳаи Баҳор (деҳоти Норин), деҳаи Сарқамиш (деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова), деҳаи Оби Мукӣ-2 (деҳоти Обшорон) ба нақша гирифта шудааст.

Ҷ.Саидзода,

раиси ноҳияи Ёвон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter