ХАБАРИ ДОҒ

Ба Прокурори ҳарбӣ муроҷиат намоед

  • Чоршанбе, Март 09 2022

 

 

 Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7.02.2009, №622, номаи Раҳимова Нориниссо, ки дар рӯзномаи «СССР» аз 21.10.2021, №42 (683) таҳти сарлавҳаи «Суди ҳарбӣ: келинат ба кор барояд!» ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Муайян гардид, ки шаҳрванд Раҳимова Нориниссо сокини ноҳияи Кушониён, Ҷамоати деҳоти Бохтариён 11.10.2021 бобати масоили даъвати хизмати ҳарбии писараш дар ҳузури раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳамзазода Т.С. қарор доштаст. Аз рӯйи масъалаи ба миёномада ба шаҳрванд Раҳимова Н. тавсия дода шуд, ки вобаста ба масъалаи зикргардида ба унвонии прокурори ҳарбии гарнизони Хатлон муроҷиат намояд.

С. Раҳмонзода, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси коллегияи ҳарбӣ,
генерал-майори адлия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter