ХАБАРИ ДОҒ

 

Ман мақолаи Мирзамонзода Хайрулло  Мирзамон «Муноқиша дар ВМКБ аз чӣ сарчашма мегирад?»-ро хонда, рости гап зиқ шудам. Барои чӣ нисбати бадахшониҳо ин қадар бадбинӣ доред? Аз навиштаҳо бӯйи маҳалгароӣ меояд. Ҷаноби профессор, оё Шумо ягон бор Бадахшон рафта, бо халқ вохӯрдаед, ки таҳқирро нисбат ба ин мардум раво дидед?

Шумо ба мазҳабу дину маҳал чӣ кор доред? Бадахшониҳо аз қадим урфу одат расму русум оинҳои ниёгонро пос медоранд, барои 4-5 гунаҳкоре, ки дар Бадахшон ҳастанд, тамоми Бадахшонро сиёҳ кардан чӣ лозим?

Помириҳо аз азал халқи бонангу номус буданд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аввалин генерали  тоҷик  Мастибек Тошмуҳамедов, Назаршо Додхудоев, раиси  Шӯрои вазирони Тоҷикистон, ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳрубон Назаров, вазири маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғоибназар Паллаев, раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Худоназар Мамадназаров раиси шаҳри Душанбе, Лола Исмоилова зебодухтари тоҷик, Азалшо Олимов, варзишгари мумтози тоҷик, чемпиони СССР, Чемпиони чандинкаратаи тоҷик, Бозгул Додхудоева, вазири маориф, Шодӣ Шабдол, Акбаршо Искандаров ва садҳо дигар бадахшониҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият карданд. Беҳтарин мутахассисони Бадахшонӣ дар пойтахти мамлакат шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳо, ноҳияҳои ҷумҳурӣ  кор ва фаъолият мекунанд.

Оламгули МАЗЛУМ ,

Махсус барои СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter