1 моҳ пеш овозаи даҳшатборе хешу таборро моту маҳбут кард. Ҷиянам дар ҷои кораш худро овехтааст. Ҳама дар кори ӯ ҳайрон шуданд. Ӯ писари намозхону ботавфиқе  буд, хубро аз бад нағз мефаҳмид, дар вақтҳои холияш китоб мехонд.

Барои инсон худкушӣ ва ё сабабгори куштори худ гардидан ҳаром аст, аммо дидаю дониста ба ин кор даст задани ҷавонон 1 муаммо шудааст. Мутаассифона дар вақтҳои охир ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани ҷавонон аз ҳад зиёд гаштааст ва ин проблема аст, проблемаи ташвишовар. Рӯзе нест, ки аз ин овозаҳо нашунавӣ. Ман аз олимон, равоншиносон, домуллоҳо, падару модарон хоҳиш мекунам ба ин мавзӯъи доғи рӯз таваҷҷуҳ кунанду сади роҳи худкушиҳо гирифта шавад.

Бисёр умед дорам ин мавзӯъ паси парда намонаду шахсони масъул падару модарон бепарво нашуда, илоҷи воқеъа пеш аз вуқуф гуфтагӣ барин ин воқеъаҳоро пешгирӣ кунем. Ин доғи рӯз зудтар аз байни мардум пок шавад ва ёди он ҷавонҳои гумроҳшуда, ки бо худкушӣ озими дузах мегарданд, ба хайр бошад!

Зулайхо Ҷалолова,  

Тел: 988475070

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase