ХАБАРИ ДОҒ

Бинои баландошёна VS ҳавлиҳои заминӣ

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

Салом ба СССР-и азиз! Ман мехостам аз масъулони соҳаи сохтмон ва меъмории шаҳри Душанбе 1 чизро пурсам: магар мумкин аст, ки дар байни маҳаллаи аҳолинишин ва хонаҳои заминӣ бинои баландошёна сохт? 1 нафаре, ки ҳавлии паҳлӯи моро харид, биноҳои кӯҳнаро тахриб карда, ба ҷояш бинои баладошёнаи истиқоматӣ сохта истодааст. Ба гуфтаи худаш бинои нав 6-қабата буда, онро ба мардум мефурӯшад. Деворҳои баланди ошёнаҳои 1 ва 2 алакай тирезаҳоямонро маҳкам мекунад ва дар умум қомат афрохтани 1 бинои баладошёнаи истиқоматӣ дар байни хонаҳои заминӣ, ки роҳу кӯчаву паскӯчаи дуруст надоранд, магар мумкин аст?

Оилаи мо беш аз 50 сол аст, ки дар ин маҳалла зиндагӣ мекунад. Ҳамсояи навамон Ҳусейн Андошев пеш аз оғози сохтмон гуфта буд, ки тавре месозам, то ба ҳамсояҳо зарар наорам, вале бинои ҳанӯз қомат наафрохта равшании хонаҳоямонро гирифт. Вақте ин бинои нав на хатҳои обу корез дораду на хатҳои дигари муҳандисӣ, чи гуна супорида мешавад? Кӣ дар чунин бино дар оянда зиндагӣ хоҳад кард? Соҳибкор Ҳусейн Андошев бояд хоҳишу дархости хонаҳои ҳамсояро низ ба назар гирад, охир тартиб ва талабот чунин аст ку!

Мастура Сулаймонова,

шаҳри Душанбе,

у/ч Крупская, №2

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter