Бонки миллии Тоҷикистон маводи хабарнигор Холиқназар Ҷумъаевро, ки дар шумораи №15 (708)-и ҳафтаномаи “СССР” аз 14.04.2022 таҳти унвони “Ширкатҳои суғуртавӣ ва ҷуброн” нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста бо он чунин иттилоъ медиҳад:
Чи тавре ки маълум аст, санаи 02.04.2022 дар хиёбони Рӯдакии пойтахт бо айби ронандаи автобуси мусофиркаши хатсайри 33 садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он ба 7 адад автомашина зарари моддӣ расонида шуд.
Рӯзноманигор Холиқназар Ҷумаев дар ҳодисаи мазкур ташкилотҳои суғуртавиро ба беамалӣ гунаҳкор намуда, суғуртакунии воситаҳои нақлиётро таҳти суол гузоштааст.
Зимни равшанӣ андохтан маълум гардид, ки автобуси хатсайри 33 таҳти рақами давлатии 5787ТТ05, ба Муассисаи давлатии мусофиркашонии “Автобус-1”-и ш.Душанбе тааллуқ дорад, ба суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии зарардида бо суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт дар ташкилотҳои суғуртавии кишвар фаро гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти дастрасгардида соҳибони воситаҳои нақлиёт ба ташкилотҳои суғуртавӣ барои ҷуброни зарари расонидашуда муроҷиат накардаанд. Соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳангоми дучор шудан ба садамаи роҳу нақлиёт метавонанд аз полисҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва суғуртаи ихтиёрии воситаҳои нақлиёт истифода баранд, яъне ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рух додани ҳодисаи суғуртавиро ҷамъоварӣ намуда, тибқи муқаррарот ба ташкилотҳои суғуртавӣ муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуот