ХАБАРИ ДОҒ

БМТ: ҳолати баамаломада муваққатист

  • Чоршанбе, Май 18 2022

 Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи “Оқибати банкоматҳои холӣ”, ва муроҷиати шаҳрванд М.Саидов “Банкоматҳои холӣ...”, ки дар нашри №15 (708) санаи 14.04.2022 ҳафтаномаи СССР чоп шудааст, чунин иттилоъ медиҳад.

Бояд қайд кард, ки муддате қабл мушкилоти пули нақд дар бархе аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба назар мерасид, ки бо якчанд омил вобастагӣ дошт. Ҳолати мазкур ба давраи лаппишҳои қурбӣ дар аввали моҳ ва воридшавии барзиёди маблағҳо аз кишварҳои шарикони савдо ба рӯзҳои истироҳат рост омад. Ҳамаи ин омилҳо боиси дар назди банкоматҳо, филиал ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ба амал омадани навбат гашта, ҳолатҳои норасоии пули нақд дар банкоматҳо ё аз ҷиҳати техникӣ ғайрифаъол гардидани онҳоро ба миён овард. Маълум аст, ки такроран таъмин намудани банкоматҳо бо пули нақд дар рӯзҳои истироҳат як раванди махсус буда, барои бартараф кардани ин ҳолат ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ як муддати муайян лозим меояд.

Боз ҳамин нуктаро қайд кардан зарур аст, ки аксарияти кортҳои пардохтии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ва нафақа ба муомилот бароварда шуда, тибқи таҷрибаи имрӯза, дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ҳангоми гузаштани маблағи музди меҳнат ва нафақа ба суратҳисобҳои кортӣ, кӯшиш менамоянд, ки дарҳол худи ҳамон рӯз маблағҳои пулии худро аз банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, филиал ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ ба таври нақдӣ дастрас намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳолати баамаломада муваққатӣ буда, айни замон мушкилот бо таъминоти пули нақд дар банкоматҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бартараф шудааст ва фаъолияти муназзами банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар тамоми ташкилоҳои қарзӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо таъмин аст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ дар мавриди захира ва таъмини пули нақд ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ягон мушкилот надошта, мунтазам бо ворид шудани дархости ташкилотҳои қарзии молиявӣ саривақт талаботи онҳоро қонеъ мегардонад.

Ҳамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ воситаҳои барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионии муосирро роҳандозӣ намуда, хизматрасониҳои фосилавии бонкиро дастрас мегардонанд, ки ин тадбирҳо метавонанд ба   коҳиши талабот ба пули нақд замина гузоранд.

Шуъбаи матбуот

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter