Умаров Абдусаттор, с.т. 1955, сокини ноҳияи Шаҳритус бори аввал 24.06.2013 бо дардҳои тӯлонии шадиди қафаси сина ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат карда буд. Пас аз муоина ва ташхис маълум гардид, ки номбурда ба сактаи миокард (сактаи дил) гирифтор шудааст. Пас аз ёрии аввалия ва беҳбуд ёфтани вазъи бемор, муоинаи ангиографӣ анҷом шуд ва муайян гардид, ки 1 шараёни коронарии Умаров А. тангӣ дорад. Ба бемор бартараф кардани тангӣ бо роҳи гузоштани стент пешниҳод шуд, вале ӯ ба анҷоми ин амал мувофиқ нашуда, бо хости худаш мураххас гардид.
Пас аз 1 ҳафта (дар таърихи 08.07.2013) Умаров Абдусаттор дубора ба бемористон муроҷиат кард ва табибон ба маҳалли тангшудаии шараёни ӯ стент гузоштанд. Пас аз ин амал ҳам ӯ пайваста ба бемористон муроҷиат мекард ва таҳти назорати табибон қарор дошт.
11.01.2019 Умаров Абдусаттор боз бо дарди шадиди қафаси сина ба Бемористони Ибни Сино омад ва мавриди ташхиси ангиографӣ қарор гирифт. Маълум шуд, ки ҳамон шараёни коронорӣ дар маҳалли дигар танг шудааст (ин амри табиист ва бо баъзе беморони дилу раг ба сабаби омилҳои мухталиф рух медиҳад). Ба бемор боз 1 стенти дигар гузошта шуда, пас аз 1 рӯз ӯ бо вазъи муътадил мураххас гардид.
Бори чаҳорум 19.10.2021 Умаров Абдусаттор боз бо мушкили дилу раг ба Бемористон муроҷиат кард. Муоинаи ангиографӣ нишон дод, ки ин бор шарёни коронарии дигари ӯ танг шудаааст. Ин тангӣ бо гузоштани боз 1 стенти дигар (стенти севум) бартараф гардид. Пас аз 2 рӯз бемор бо ҳолати муътадил ва бо ризоияту сипосгузорӣ аз табибони бемористон мураххас гардид.
Аммо пас аз чанд рӯз Умаров А. бо шикояти дарди пой боз ба бемористон омад. Баъд аз муоина маълум шуд, ки шараёни пойи рости ӯ ниёз ба ҷарроҳӣ дорад. (Бояд гуфт, амали ангиография ва ангиопластика аз тариқи шараёни пой анҷом мешавад ва аҳёнан метавонад боиси ориза гардад). Ба Умаров А. пешниҳод шуд, бо даъвати мутахасссисон ҷарроҳӣ анҷом шуда мушкили шараёни пой бартараф карда шавад. Аммо, ӯ гуфт, бо табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг (ба истилоҳ Медгородок) суҳбат кардааст, ҷарроҳиро дар он ҷо анҷом медиҳанд ва бемористони мо бояд пулашро баргардонад.
Роҳбарияти бемористон, сарфи назар аз он ки барои амали ангиопластикии ӯ ҳазинаҳои зиёд карда буд (танҳо худи стент чандин ҳазор сомонӣ арзиш дорад), бо мулоҳизоти башардӯстона тасмим гирифт, қисме аз маблағи пардохткардаи ӯро бипардозад. Умаров А. ин маблағро гирифта рафт, дар Шаҳраки тиббӣ ҷарроҳӣ шуд ва пас аз он аз Бемористони Ибни Сино ба Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ шикоят бурд. Бо хоҳиш ва дархости кормандони Хадамот боз миқдоре пул ба Умаров А. бозпас гардонида шуд (дар маҷмуъ 24 ҳазор сомонӣ). Пас аз ин вай дар таърихи 24.12.2021 бо дархости масъулони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолӣ ариза навишт, ки аз барасии минбаъдаи шикояташ даст мекашад ва “аз кормандон-табибони Ҷ.С.П. “Дили солим” рози ҳастам” (имлои Умаров А. риоя шуд).
Чунончи аз хроникаи муроҷиатҳо ва табобатҳои Умаров У. дида мешавад, вай аз соли 2013 муқарраран ба ин бемористон муроҷиат карда ва аз амали табибон розӣ будааст. Агар, муҳтарам Умаров А. аз кори табибони мо розӣ набуд, чаро ин қадар сол ба бемористони дигар намерафт ва пайваста рӯйи ниёз ба Бемористони Ибни Сино меовард?! Дар Бемористони Ибни Сино чун дар ҳама муассисаҳои табобатӣ қабл аз амал оризаҳои мумкини он ба бемор ва хешони ӯ фаҳмонида мешавад; афзун бар ин дар бемористони мо дар ин хусус аз бемор ва ё хешони наздики ӯ забонхат гирифта мешавад. Чунин забонхат дар парвандаи Умаров А. низ маҳфуз аст.
Шеваи кор дар Бемористони Ибни Сино чунин аст, ки ҳам пизишкони табобаткунанда ва ҳам маъмурият пайваста ба беморони бистаришуда ва ҳатто муроҷиаткарда ба бемористон занг мезананд, аз онҳо ҳолпурсӣ мекунанд ва агар бемор шикояте дошт, ҳатман дубора ба бемористон даъват шуда, барои бартараф кардани мушкили ӯ чораҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.
Бемористони Ибни Сино