ХАБАРИ ДОҒ

Ёвон: аз бенизомии нақлиёт то таҷдиди роҳ

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

 

Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба якчанд матлаби дар ҳафтаномаи «СССР» интишорёфтаи шаҳрванд Бекмонов С. посух навишта бошад ҳам, маҷмӯи навиштаҳои мавсуфро такроран, ба таври муфассалтар баррасӣ намуд. Матлабҳои «Раис наву проблемаҳо куҳна!» ва «Ёвон: нақлиёти ҷамъиятӣ нест!». Муаллиф дар матлаби мазкур оид ба бенизомии гаштугузори мошинҳо дар терминали мусофиркашонӣ, зиёд будани нархи роҳкирои мошинҳои мусофирбар, хизматрасониҳо дар беморхонаи марказӣ ва эрозияи заминҳои кишт ибрози назар кардааст.  Воқеан, дар ин бобат 1 қатор мушкилоту норасоиҳо ҷой доранд, ки ҷиҳати бартараф намудани онҳо мунтазам чораандешӣ карда мешавад. Дар маркази ноҳия бо мақсади хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон нақлиёти ҷамъиятӣ ташкил карда, дар терминали мусофирбарӣ ҷобаҷогузорӣ ва тартиби ҳаракати мошинҳо нисбат ба солҳои пешин ба танзим дароварда шудааст. Дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ ба беморону корафтодагон рӯкаши пойафзол (бахил) ройгон дода мешавад ва истифодабарӣ аз лифт ҳам бепул аст.

 Мушкилоти ба эрозия дучор шудани заминҳои кишт тадриҷан бартараф гардида истодааст. Имсол бо ҳамин мақсад ба идораи давлатии беҳдошт ва обёрии ноҳия 1 мошини заҳкашшӯӣ дастрас гардонида мешавад, ки ин тадбир барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ мусоидати фаъол хоҳад намуд.

 Матлаби «Повишение баъди ротатсия». Аввал ин ки хизматчиёни давлатӣ ва рохбарони хама ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи Ёвон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқукии дахлдор, дар муҳлатҳои муайяннамудаи конунгузорӣ ротатсия (ҷойивазкунӣ) карда мешаванд ва дар ин маврид ҳеҷ роҳбаре истисно шуда наметавонад.

 Матлабҳои «Ёвон: Замин ҳасту об не..» ва «Дар 4 фасли сол беобем!». Масъалаи саривақт ва бемамониат бо оби нӯшокӣ ва оби полезӣ таъмин кардани сокинони қисмати ҷануби ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад ва бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳои марбута барои зиёд намудани мавсими обрасонӣ амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар назар аст. Пойгоҳҳои асосии обкашӣ таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд ва бо анҷом ёфтани ин тадбир масъалаи мавриди назар ҳалли худро пайдо мекунад.

 Бо мақсади азнавсозӣ ва бо тарзу усули замонавӣ, яъне бо конструксияҳои нав сохтани дарвозаҳои замонавӣ ҳанӯз соли 2019 лоиҳаҳои нави сохтмони ин дарвозаҳо тарҳрезӣ гардида, барои бунёди онҳо аз буҷаи ноҳиявӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ қарори махсус омода карда шуда буд. Аммо аз сабаби он ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои мазкур азнавсозии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Рӯдакӣ-Ёвон-Абдураҳмони Ҷомӣ-Сарбанд ба нақша гирифта, тахмин дорад, ки сохтмони онро дар муҳлатҳои наздиктарин оғоз намояд, мутахассисон сохтмони дарвозаи даромадгоҳҳои ноҳияро танҳо пас аз таҷдиди роҳҳо салоҳ донистанд.

 Масъалаи таҷдид ва азнавсозӣ кардани шоҳроҳи Ёвон-Бохтар бошад, аз салоҳият ва доираи имкониятҳои ноҳия берун аст, аммо дар ин масир ҳамасола таъмирҳои ҷорӣ гузаронида ва бо ин мақсад маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.

 Матлабҳои «Ёвон: симчӯбҳои фарсуда», «Ёвон: Проблемаро кӣ ҳал мекунад?» ва «Ёвон: симчӯб аз ҳисоби мардум?». Ҳамасола дар ноҳия то 100 адад симчӯбҳои куҳна бо сутунпояҳои оҳанубетонӣ иваз карда мешаванд. Танҳо дар давоми 9 моҳи соли гузашта 59 симчӯби фарсуда, 56 км ноқили барқӣ ва 1,028 км хатҳои кабелӣ иваз карда шуданд ва бо истифода аз ҳама шароиту имкониятҳо дар ин самт чораандешӣ идома ёфта истодааст. Новобаста аз он ки хизматрасонӣ аз ҷониби Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Ёвон анҷом дода, ширкати мазкур худмаблағгузор аст ва аз буҷаи ноҳия вобастагӣ надорад, аммо мувофиқи имконият дар самти мазкур аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва соҳибкорону саҳми маҳал низ корҳои муайян ба сомон расонида мешаванд.

Ҷ.Саидзода,

раиси н.Ёвон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter