Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар мақолаи «Бохтар: қиморхонаи сарироҳиро бандед»-ро дар ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр бо иштироки шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба ин масъала бо 3 нафар кару гунгоне, ки ба ин амал даст мезананд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, муҳлат дода шуд, ки фаъолияташонро қатъ намоянд. Аз ин лиҳоз санаи 15.04.2022 нисбати онҳо аз ҷониби Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ҷарима карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар масъалаи мазкурро зери назорат қарор дода, барои роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Н. Қурбонзода, муовини раиси ш. Бохтар