ХАБАРИ ДОҒ

Восеъ: норасоии кадрҳо бартараф гардид

  • Чоршанбе, Сен 21 2022

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Восеъ ба маълумоти шумо мерасонад, ки мақолаи «53 ҳазор муаллим рафт…»-ро, ки дар рӯзномаи «СССР» аз 19.05.2022, №20 (713) ба таъб расида буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар он омадааст, ки танҳо дар мактаби №53-и ноҳия муаллимони фаннҳои технологияи иттилоотӣ, таъриху математика ва ҳатто суруд намерасад, муаллимони ҷавон қариб намондаанду омӯзгорон имрӯз ҳавасмандӣ надоранд.

Ба иттилои шумо мерасонем, ки омӯзгори фанни таърих баъди 2 ҳафтаи ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанаш, ба ҷойи кори аввалааш баргашта, соатҳои дарсии дигар омӯзгорони фанҳои болозикр сарборӣ ба омӯзгорони соҳибихтисос вобаста гардид. Дар муассиса норасоии кадрӣ бартараф карда шуд.

Ҳамзамон ба маълумоти шумо мерасонем, ки вобаста ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар соли хониши 2021-2022 дар асоси дархост ба омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои қонеъ гардонидани талабот маблағҳои имтиёзнок ба миқдори ҳар кадоме 6 ҳазор сомонӣ дода шуд. Илова бар ин бо қарори раиси ноҳия ҳамасола барои қадрдонии омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои фаъолияти хуби корӣ ва дастовардҳои шогирдон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо нишони сарисинагии «Омӯзгори фахрии Восеъ» сарфароз гардонида мешаванд.

М.Орифзода,

мудири Шӯъбаи маорифи н.Восеъ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter