(Ҷавоб  ба пурсиши бародар Талбони Мункӣ, «СССР» № 22, 02.06.2022).

Дӯсти гиромӣ! Пеш аз ҳама ба ақлу заковати худӣ бовар кардан даркор. Яъне сухане мешунавӣ, ҳар амри маъруфе, ки гӯш мекунӣ, ҳар таълимоте, ки мегирӣ ҳар китобе мехонӣ, ҳар филме тамошо мекунӣ, дар худат бояд андеша карда,  кашф намоӣ. Агар онҳоро айнан қабул намоӣ, пешравие дар тафаккури шумо ва ҷомеа ба вуҷуд намеояд. Агар мо гузаштаи худро дуруст шиносем, дуруст омӯзем, таълимоти бегонагон хандаовар менамояд, чунки ҳамаи таълимоти онҳо хаёлӣ буда, асоси илмӣ надоранд.

Шумо хуб кардед, ки ба донишманди беҳтарини имрӯзаи миллатамон – Абдулқодири Абдуқаҳҳор муроҷиат кардед. Ҳатман он кас ҷавоби сазовор медиҳанд. Агар эҷодиёти шоирону мутафаккирони гузаштаамонро дақиқтар омӯзию ба гуфтаи онҳо сарфаҳм равӣ, аз асри X сар карда (ҳатто пештар аз ин ҳам), ба ҳамаи саволҳо ҷавоб гуфтаанд. Азбаски мутаассибони дин бо сеҳру афсун майнаи моро баста, кӯру кару гунг кардаанд, мо на худиро мешиносему на Худоро. Ягона роҳи халосӣ аз ин «шармандагӣ» давлатро аз дин ҷудо кардан аст. Аввал худи ҳукуматдорон аз ин хурофот дурӣ ҷӯянд, баъдан шахсони донишманду миллатдӯстро ба халқ роҳбар гузоранд. Пеш аз ҳама мактабу маорифро аз ин «вабо» (касалӣ) озод кардан лозим аст.

Муаллиме, ки ба бегонагон саҷда мекунаду саловот мефиристад, чӣ тавр хонандагонро дар рӯҳияи худшиносию миллатдӯстӣ тарбия менамояд?

Ҳаким Ғуломов,

н.Дустӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase