ХАБАРИ ДОҒ

Марказҳои тибби чиниро бандем

  • Чоршанбе, Июл 13 2022

 

Нафаре дар назди беморхонаи марказии н.Мастчоҳ истода, бо рӯймолчаи дасташ ашкони худро пок мекард. Нафаре наздаш омаду аҳволпурсӣ намуд, ки ако чаро гиря мекунед? Ин марди гиря мекардагӣ ҷавоб дод, ки писарам ҷарроҳӣ мешавад ва он доруҳое, ки духтурон ба ман навиштаанд, ҳатто 1%-ашро харида наметавонам. Сӯзану риштаи тиббиро низ ман бояд харида орам. Савол медиҳӣ, ки чаро ин тавр бошад, дарав ҷавоб медиҳанд, ки ин Қарори № 600 аст, аммо дар ягон ҷои девор нусхаи ин қарор дида намешавад ва касе онро ёфта хонда ҳам наметавонад. Соҳибони пул ба дарди худ даво ёфта метавонанд, вале нодору бечораву камбизоат чӣ кор кунанд?

Он доруҳое, ки ройгон ҷудо мешаванд, ягон таъсир расонда наметавонанд, рӯйхати дорухатҳои беморонро мебинед, фақат ҳавои бепул нест. Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии н.Мастчоҳ бо сифати баланд таъмир карда шудааст, ҳуҷраҳо озодаю омода буда, табъи касро хурсанд мекунад, вале нарху наво умеди зиндагиро коста мегардонад.

Дарди сари дигаре дар вилояти Суғд пайдо шудааст. Ин табибони чинӣ мебошанд. Чунон бо ҳарорат тарғибу ташвиқ менамоянд, гумон мекунӣ мурдаро зинда гардонда, фотиҳаи дарозумрӣ медиҳанд. Вале то ҳол касе аз онҳо шифо наёфтааст. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя кайҳо роҳи ин исонафасҳоро бастанд ва мо бошем ба доруҳои бардурӯғи онҳо бовар карда, маблағҳои зиёдеро садқаи сар мекунем!

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter