ХАБАРИ ДОҒ

 

Чанде пеш бо ҳамроҳи писарам Шокирҷон ва ҳамкорам Сироҷ Маҳмадшоев сӯи Панҷакенти бостон роҳ пеш гирифтем.  Дар ҳудуди н.Айнӣ маълум буд, ки мардуми ин диёр бо меҳнати ҳалол дар миёни сангҳо низ ризқ пайдо мекунанд ва беҳуда ин ноҳияро дар гузашта Заҳматобод намегуфтанд. Ҳоло  сокинон дар 7 ҷамоати ноҳия ба кишоварзию чорводорӣ шуғл доранд. Баъзе деҳаҳо дар 2 домони дарёи Зарафшон бо зичии аҳолӣ ба таври ҳайратангез бунёд шудаанд. Баробари ба Панҷакент ворид шудан, Рукнобод ва акси устод А.Рӯдакӣ сайёҳонро пешвоз мегирад ва кас беихтиёр  шеърҳои рӯҳбахши ӯро зери лаб замзама хоҳад кард. Дар роҳ боз бо пайкараи Лоиқ Шералӣ вохӯрдем ва дар ин сарзамини шоирхез худро шоирбунёд дарёфтам.

Панҷакент – ин шаҳрест, чӣ дар гузашта ва чӣ ҳозира лоиқи ҳама таърифу тавсиф. Машъалони адабу сухан Рӯдакию Лоиқ – ин диёрро маҳбубу машҳури олам кардаанд. Дар бозгашт низ шеъру шиор, номи деҳаҳо ва аксу навишатаҳои тараннумгари Ватан дар 2 канори роҳ диққати моро ҷалб намуд. Деҳаи Дар-Дар табиати дилписанд доштааст. Канори роҳ бо 1 қурутфурӯш  ҳамсуҳбат шудам. Ӯ аз Гулназар Келдӣ бо меҳрубонӣ ёд кард. Чун гуфтам чаро ин ҷамоатро ба номи ин шоир нагузоштаанд,  ӯ сукут кард ва хомӯш монд. Воқеан, оё зодгоҳи Гулназар Келдӣ, ки деҳаи Дар-Дар аст, наметавонем ҷамоати деҳотро ба номи ӯ гузорем? Дуруст аст, ки домодаш 1 ҳарзагӯй ва душмани миллати тоҷик аст, ки талош дорад, миллати тоҷик ном ва забонашро дигар кунад. Вале саг меҷакаду корвон меравад-ку?

Хидмати Гулназар Келдӣ дар самти таҳкими худшиносии миллӣ зиёд аст. Ҳоло ба поси хотири  Муъмин Қаноат ва  Мирсаид Миршакар 2 қуллаи куҳҳои Бадахшон номгӯзорӣ шудаанд, ки иқдоми ифтихоровар аст. Хулас пешниҳод дорам, ки  ҷамотаи Дар-Дар ба номи шоир Гулназар Келдӣ гузошта шавад.

Сафаров Талбони Мункӣ-сайёҳи дохилӣ,

собиқадори мақомоти Прокуратура

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter