ХАБАРИ ДОҒ

Раҳими Ғармӣ корхона созад!

  • Чоршанбе, Авг 03 2022

 

Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, ҳарчанд зодгоҳам Бадахшон аст. Дар ҳафтаномаи СССР аз 07.07.2022 мақолаи  «Раҳими Ғармиро намешиносам»-и сардабир Сайёфи Мизробро хондам, ки ба ман хеле писанд омад.

Рости гап дар бораи Раҳими Ғармӣ чӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, чӣ дар кӯчаю бозорҳо, куҷое наравӣ, таърифу дуои нек мешунавӣ. Раҳими Ғармӣ  ба бисёр муҳтоҷон ёрдам мекунад. Лекин баъзеҳо аз софдилии ашхоси саховатманд суистифода карда, рӯй ба талбандагию бечоранолӣ меоранд.

 Эй мардум, шумо ризқу рӯзиатонро аз Худо талаб кунед. Раҳими Ғармӣ ҳам мисли шумо бандаи Худост ва бо меҳнати ҳалол аз Худо ризқу рӯзӣ талаб мекунад. Ӯ бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби пулу мол шудааст. Вай ҳоло хеле ҷавон асту оянда дар пеш дорад. Ба ҷавонияш нигоҳ накарда, аллакай ба чандин касон дасти кӯмак дароз кардааст. Аммо агар ба мардуми мо ба 1 нафар кӯмак расаду ба дигараш не, тамом, қиёмат мехезонад.

 Ман аз Раҳими Ғармӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ягон корхонаи васлу насби нақлиёти барқӣ (электромобил, электроскутер) бисозад, зеро дар пайи он чанд кас соҳиби ҷойи кор мешаванд. Инчунин вобастагии Тоҷикистон аз бензину соляркаи аз хориҷа меомада кам мешаваду илова бар ин ҳаво тоза мемонад.

Оламгули Мазлум,

ш.Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter