Ман ростӣ, солҳо дар ин бора фикр мекардаму акнун ҳарчӣ бодо бод, мнеависам. Ба фикри ман, раиси шаҳру ноҳияе агар иваз шавад, бояд командааш низ бо ӯ равад. Ё не мӣ? Фарзи мисол, раисони шаҳрҳои Кӯлоб ва шаҳраки Восеъ аз чӣ бошад, ки тез-тез иваз мешаванду қудратиҳо не. Раиси нав меояд, ҳамон раиси амният, ВКД, прокуратура, андоз, коррупсия... О, мебахшед, раиси пештара агар гуноҳе ҷурме карда бошад, инҳо медонистанд-ку? Пас бояд иваз шаванд, зеро пешгирӣдаанд!
Вале агар намедонистанд, пас бо чӣ кор машғул буданд? Масъулият ҳис намекардаанд. Дар ҳар сурат инҳо ё бо раисҳои пешин қӯшанд ё зид. Пас, раиси нав, ки ӯро Президенти ҶТ таъин мекунад, бо ин прокурору қудратиҳое, ки ба масал “гурги борондидаанд” чӣ хел кор мекунад?
Ба фикри ман, вақте Президент раиси дилхоҳ шаҳру ноҳияро иваз мекунад, КДАМ, Агентии коррупсия, Гумрук, ВКД муваззафанд раисони ниҳодҳои худро дар ҳамон шаҳру ноҳия зуд иваз кунанд, то раиси нав бар нафъи ҷамъият бо командаи нав кору бор намояд. Ин пешниҳод ба Шуъбаи кадрҳои ҳукумати кишвар аст. Ё нодуруст гуфтам?
Алии Беҳудуд
ҷанговари башардӯст, нафақахӯр