ХАБАРИ ДОҒ

Имконият шуд, беҳтар мекунем

  • Чоршанбе, Сен 14 2022

 

ҶСП «Вавилон-Мобайл» бо арзи эҳтиром, маводи «Вавилон-М шабона кор намекунад!», ки 16.06.2022 дар нашрияи «СССР» чоп шудааст, баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки сифати хизматрасонии алоқа мувофиқи қонуну қоидаҳои муқарраршуда пешниҳод шуда истодааст.

Вобаста ба шикояти Асомуддин Сайёдӣ аз ҷониби мутахассисони ширкат санҷишҳои зарурӣ оид ба сифати алоқа дар минтақаи зикршуда гузаронида мешаванд. Баробари пайдо шудани аввалин имконият, мо ҳатман кӯшиш мекунем, ки вазъиятро беҳтар намоем. Ширкат қаблан барои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миннатдории худро баён менамояд.

У.Асоев,

директори ҶСП «Вавилон-Мобайл»

Аз редаксия: инсофан бояд гуфт, ки сифати хизматрасонии тамомии ширкатҳои мобилӣ дар шаб (бо сабабҳои танҳо бо хадамоти алоқа маълум) суст, заъиф ва ғайристандартиянд. Зимнан соҳа бояд дар кулл реформа шавад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter