ХАБАРИ ДОҒ

 

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Келинам муросо карданӣ нест», ки дар рӯзномаи «СССР» санаи 02.06.2022, таҳти №22 (715) ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян гардид, ки Латипова Фирӯза Маҳмадхоновна бо аризаи даъвогӣ нисбати хушдоманаш Юсупова Ҳилолбӣ дар бораи аъзои оилаи охирин эътироф намудан ва маскун кардани ӯ бо 3 фарзандони ноболиғаш ба манзили истиқоматӣ ба суди ш.Кӯлоб муроҷиат намудааст. Аризаи даъвогиашро бо он асоснок кардааст, ки ӯ (Латипова Ф.М.) бо писари Юсупова Ҳ.Г. Ҳаитов Хуршед Ҳасанович 28.10.2009 акди никоҳ баста, онро дар шуъбаи САҲШ-и ш.Кӯлоб ба қайд гирифтаанд. Аз ҳамон рӯз ҳамчун зану шавҳар дар хонаи Юсупова Ҳ.Г. бо бурдани хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагонӣ намуда, соҳиби 3 фарзанд гардида, 10.07.2021 аз ҳам ҷудо шуданд.

 Манзили истиқоматии хушдоманаш дар ш.Кӯлоб, маҳаллаи Борбад, хонаи №28, ҳуҷраи 67 воқеъ мебошад. Хушдоманаш Юсупова Ҳ.Г. бошад ӯ ва фарзандони ноболиғашро аз манзили истиқоматиаш пеш карда истодааст. Ӯ бо фарзандонаш хонаи истиқоматии дигар надоранд. Аз суд пурсидааст, ки ӯ бо фарзандони ноболиғаш дар манзили истиқоматии хушдоманаш Юсупова Ҳ.Г. маскун карда шаванд. Бо ҳалномаи суди ш.Кӯлоб аз 21.09.2021 аризаи даъвогии Латипова Ф.М. қонеъ карда, охирин бо фарзандони ноболиғаш дар манзили истиқомати Юсупова Х,.Г. маскун карда шудаанд.

 Тавре аз маводи парвандаи оилавӣ бармеояд, Латипова Ф.М.-ро Юсупова Ҳ.Г. ба писараш келин карда, дар манзили истиқоматии худаш, воқеъ дар суроғаи дар боло зикргардида ҷой дода, бо пешбурди хоҷагии умумй аз соли 2016 то соли 2021 якҷоя зиндагонӣ кардаанд. Тибқи талаботи моддаи 121 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсар ва фарзандони ҳамроҳашон доимӣ сукунатдошта аъзои оилаи молик ҳисоб меёбанд.

 Аз талаботи моддаи 122 Кодекси манзил дида мешавад, ки аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматӣ ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари молик аз манзили истиқоматӣ истифода баранд. Ин шахсон ҳуқуқи истифодаи хонаро дар мавриди қатъ гардидани муносибати оилавӣ бо молик низ нигоҳ медоранд.

 Бояд қайд намуд, ки бо ҳукми суди ш.Кӯлоб аз 12.11.2021 падари кӯдакони Латифова Ф.М. - Ҳаитов Х.Ҳ. бо моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (сӯиқасди ба худкушӣ расонидан) гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин карда шуда, дар муассисаи ҷойҳои адои ҷазо қарор дорад. 3 фарзанди ноболиғи онҳо бошад ҷойи зисти дигар надоранд. Бо назардошти ҳолатҳои дар боло зикргардида ҳалномаи суд асоснок ва қонунӣ буда, барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардан ва ё тағйир додани ҳалнома асос вуҷуд надорад.

А. Исҳоқӣ,

муовини раиси Суди Олии ҶТ

Аз редаксия: Бо ҳамин посухи Суди Олии ҶТ ин баҳс дар саҳифаҳои мо хатм гардид. Дигар дар ин мавзуъ тарафҳо нанависанд, ки нашр намешавад. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter