ХАБАРИ ДОҒ

Меҳмоннавозӣ хоси Балҷувон аст

  • Чоршанбе, Авг 24 2022

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Балҷувон навиштаи хурди рӯзномаи СССР-ро аз 07.07.2022, №27 (720) зери муаллифии Камол Достӣ таҳти сарлавҳаи «Балҷувон-шаҳри бе дарвоза» баррасӣ намуда, дастовардҳо ва вазъи имрӯзаро пешниҳоди хонандагони сершумори рӯзнома мегардонад.

Воқеан ҳам, гуфтаҳои муаллифи матлаб воқеӣ буда, хусусияти хоси мардуми Балҷувон аз замонҳои қадим меҳмоннавоз будан аст ва имрӯз низ ин анъана пойбарҷост. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон н.Балҷувон соли 1996 аз нав эҳё гардид ва марҳилаи нави рушди он оғоз ёфта, ба дастовардҳое ноил гардид, ки ба садсолаҳо баробар аст. Махсусан давоми 3 соли охир дар н.Балҷувон зиёда аз 386 адад иншооти таъиноти гуногун, бо шумули 20 муассисаи таълимӣ, 15 адад тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 180 адад иншооти маишию хизматрасонӣ, 8 адад бинои маъмурӣ, 5 корхонаи саноатӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шуд.

Бо ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳия вусъати тоза касб намуда, бо назардошти нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида амалӣ намудани 257 адад иншооти гуногун то соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо барои рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон, равона гардидаанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2001, №498 н.Балҷувон минтақаи туризми байналмилалӣ эълон гардида, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои зебою нотакрор ва ёдгориҳои таърихию табиии ноҳия дидан менамоянд.

Яке аз самтҳои асосии рушди туризм ин роҳандозии сатҳи баланди меҳмоннавозӣ маҳсуб меёбад, ки ин одати ҳамешагии сокинони сарбаланди Балҷувони бостонӣ мебошад. Дастурхони пур нозу неъмати сокинони ноҳияи Балҷувон бо маҳсулоти табиию хоси ин минтақа ҳамеша барои тамоми меҳмонони дохилию хориҷӣ кушода аст ва доимо мунтазири ташрифоти онҳоем. Мо Метавонем!

Хадамоти матбуоти
раиси н.Балҷувон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter