Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Ховалинг тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилию танқидии ВАО» хабари нашргардида дар шумораи зикршудаи рӯзномаро мавриди баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор дода, ба иттиллои ҳайати эҷодӣ ва ихлосмандони рӯзнома мерасонад, ки ҳар 1 муроҷиати сокинон чӣ дар шакли хаттӣ ва чӣ дар шакли шифоҳиву электронӣ баррасӣ гардида, аз натиҷааш ба муаллиф ҷавоб гардонида мешавад.
Аз ҷумла, истиқоматкунандаи Гузари Қозии ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, Гулмуродов Қурбоналиро шахсан 2 маротиба дар рӯзи қабули шаҳрвандон қабул карда, ба ҳамаи муроҷиатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ҷавоб гардонида шудааст.
Оиди надоштани манзили истиқоматӣ қайд кардан зарур аст, ки дар асоси қарори Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо (собиқ Сари Осиёб) аз 14.03.2007, таҳти №10 ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 02.07.2007 тахти №7743 бо дараҷаи Б№0354564 ба Гулмуродов Қ 0,15 га замини наздиҳавлигӣ ва 0,03 га зери сохтмон вобаст карда шудааст. Ин манзил ҳамон хонаест, ки 70 сол Гулмуродов Қ. дар он зисту зиндагонӣ карда, фарзандонашро ба воя расонидааст ва дар китоби хоҷагидории №28- и Ҷамоати дехоти ба номи Ғаффор Мирзо, деҳаи Гузари Қозӣ дар саҳифаи 18, ҳамчун хоҷагии алохида ба кайд гирифта шудааст.
Асоси муроҷиати Гулмуродов Қурбоналӣ талаби бинои маъмурии собиқи Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо мебошад, ки бино ҳамчун амволи давлатӣ дар мувозинати ҷамоат қарор дорад. Дар бинои мазкур Марказҳои тропикӣ ва безараргардонӣ ҷойгир карда шуда, бинои маъмурии собиқ Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо ба касе фурӯхта нашудааст ва музояда ҳам гузаронида нашудааст.
М.Маҷидӣ,
раиси н.Ховалинг
Аз редаксия: Бо ҳамин посухи расмии раиси ноҳия мо даричаи ин баҳсу додуситадро низ мебандем ва ягон мақола, аз ягон ҷониб дигар нашр намесозем. Мо Метавонем!