ХАБАРИ ДОҒ

Бо назардошти беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди пойтахт имруз сифат ва шумораи нақлиётҳои ҷамъиятӣ низ хуб гаштаанд. Солиёни қабл дар хатсайри №22 маршрутҳо амал мекард. Пас аз ворид гардидани автобусҳои муосир дар он дар автобус роҳандозӣ гардид

Вале мутаассифона дар баробари дигар хатсайрҳо амалкарди автобуси №22 дар вазъи нохуб асту шуморааш ҳам кам мебошад. Мусофирон соатҳо дар истгоҳҳо омадани автобусро интизорӣ мекашанду аз он дараке нест. Ҳол он ки бештари истифодабарандагони он донишҷӯёнанд ва ба дарс дер карда мераванд.

Мисоли равшан: дирӯз 1 соат дар истгоҳ омадани автобуси 22-ро интизорӣ кашидам. Дар сурате, ки ҳар 5 дақиқа пас маршрути №19 ҳозир мешуд, вале № 22 намеомад. Аз самти муқобил 2 автобус ҷониби истгоҳи ахир равона гаштанд, вале аз ягонтоашон дараке нашуд. Маҷбуран пас аз 1 соат ба нақлиёти дигар савор шуда, дер карда, ба ҷойи лозима рафтам…

Беҳруз Сайфуллоев,

ш.Турсунзода, меҳмони пойтахт

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter