ХАБАРИ ДОҒ

 

Салом СССР! Мақолаҳои «Масҷид  ва чойхона» (14.07.2022) ва «Ба гузашта салавот ё респект» (21.07.2022)-ро хонда, чунон ҳаловат бурдам, ки ҳатто аз ҳаяҷон ашки шодӣ рехтам. Дар ҳақиқат ҷомеаи имрӯзаи мо ба «касалӣ»-и бегонапарастию хурофот гирифтор шуда, ки табобати он амри муҳол аст.

04.07.2022. Раиси Иттифоқи касабаи шуъбаи маорифи н.Дӯстӣ Нилуфар Раҷабова хидматҳои арзандаи моро дар рушди маорифи ноҳия ба назар гирифта, ба истироҳатгоҳи «Хоҷа оби гарм» роҳхат дод. 1 илоҷ карда, ба осоишгоҳ расидем ва аз назорати мутахассисон гузаштем. Табиату обу ҳавояш аз биҳишт ҳам хубтар будааст. Лекин дар «биҳишт» одамони бо тафаккури паст ҳам ҷой гирифтаанд. Дар суфачае, ки гирду атрофаш бо хараку ҷойи нишаст муҷаҳҳаз шуда буд, нишаста ҳавои тоза нафас мегирифтем, шахси дар сурат мадание дохил шуда, ба «амри маъруф» кардан сар кард.

- Ҳамаи ин пешравиҳои замони мо бо ташаббуси китоби Худо-«Қуръон» муяссар гардидааст. Ҳамаи техникаву энергетика дар китоби «Қуръон» нишон дода шудааст…

Пурсидам, ки бародар чӣ кораед? - Ман муаллими фанни физика мебошам!-гуфт...

Муаллими фанни забони русӣ, ҳоҷии «курк» дар васфи Мадина, чунон муҳобот мекард, ки шунаванда ҳар чи зудтар ба он ҷо рафтанӣ мешуд. Шахси кӯҳансоли дигар даъво дошт, ки ҳамаи чашмаву буғҳои Хоҷа оби Гарм бо дуои ҳазрати Алӣ ба вуҷуд омадааст! Ҳамхонаи ман корманди соҳаи маориф, ҳоҷӣ аз соати 4-пагоҳӣ хеста, таҳорат кардаву азон гуфта, бо овози баланд, сура қироат мекард, «қандата зану» хоб кун!

Аз ҳамаи ин чунин хулоса баровардам, ки нақшаҳои кашидаи оппозитсия пурра амалӣ гашта истодааст. Бинед идҳои мусалмонӣ чунон бо самимият ҷашн гирифта мешавад, ки дар Арабистон ин тавр ҷашн намегиранд. Аммо Рӯзи Ғалаба 9-майро чӣ хел таҷлил кардем?

Ҳаким Ғуломов,

н.Дӯстӣ 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter