КФ КВД “Почтаи Тоҷик” дар вилояти Суғд матлаби дар шумораи №28 аз санаи 14.07.2022 бо номи “Деваштич: кори почта бад”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Мақолаи мазкур дар ҷаласаи корӣ бо иштироки сардорони Марказҳои алоқаҳои почтавии вилоят муҳокима гардид. Дар ҳақиқат дар фаъолияти баъзе хаткашонҳо камбудиҳо дида мешавад. Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар қисми хароҷоти буҷаи марказҳои алоқаи почтавӣ боби махсус барои кашонидани маводи почтавӣ аз марказ то шӯъбаҳои алоқа ба назар гирифта шудааст ва дар асоси ин боб бо шартнома ронандагони кироя дар 1 ҳафта 4-5 маротиба муросилоти почтавиро аз марказ то шӯъбаҳои алоқа саривақт дастрас менамоянд ва гуфтаи он, ки Ҷумъабой Яҳёев, ки гӯё аз ҳисоби маоши худ муросилоти почтавиро ба хонандагон дастрас менамояд, тамоман нодуруст мебошад.
Масъалаи дувум, ки дар мақола дарҷ гардидааст ин гӯё, ки дар Маркази деҳоти ҷамоати “Исмоили Сомонӣ” рӯзи бозор Ҷумъабой Яҳёев бо обуначиён рӯзномаву маҷалаҳоро тақсим мекардаанд. Дар асоси қоидаҳои почтавӣ ба обуначиён рӯзнома ва маҷалаҳоро ба суроғаи дар расонаки обунаи нишондодаи худ аз тарафи хаткашонҳо мувофиқи рӯйхати рузномаву маҷалаҳои обунашуда дастрас менамоянд, ё ин ки дар асоси мактубу аризаҳои корхонаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида дар Маркази алоқа қуттиҳои махсус кушода мешаванд ва мизоҷон дар вақти мувофиқ гирифта мераванд.
Дар шӯъбаи алоқаи деҳоти “Исмоили Сомонӣ” хаткашон Саидов Ориф фаъолият мебаранд, ки маоши ин корманд 600 сомонӣ дар 1 моҳ буда, ин корманд 36 сол собиқаи корӣ дар соҳаи алоқаи почтавӣ дорад. Лек дар ҳайати кормандони Маркази алоқаи почтавии н. Деваштич Ҷумъабой Яҳёев фаъолият намебаранд.
КФ КВД “Почтаи Тоҷик” дар вилояти Суғд камбудиҳоро ба назар гирифта, дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муросилоти почтавӣ, аз он ҷумла рӯзнома ва маҷалаҳоро ба хонандагон саривақт дастрас намояд.
М.Юсупов,
директори КФ КВД “Почтаи Суғд”