Ҳафтаи 2-юми моҳи сентябри соли 2022 бо супориши раиси н.Мастчоҳ Аъзам Ализода директорони заводҳои пахтатозакунӣ бояд дар назди раиси ноҳия ҷамъ омада, дар бораи нарху навои пахта гуфтугузор мекарданд, вале афсӯс директори заводҳо ба назди раис ҳозир нашуданд. Акнун 1 хулоса бароред, ки таъсири эҳтиром ба раиси ноҳия, ки намояндаи президент мебошад, то куҷо аст.
Аз рӯи шунидамон хати барқи он корхонаҳое, ки ин супоришро иҷро накарданд, бурида шудааст. Бигузор барқи корхонаҳое, ки ба қадри меҳнати деҳқон намерасанд, тамоман бурида шавад.
Ҳоло дар н.Мастчоҳ нархи пахта ба 1 сомонӣ баробар аст, ки он зарари хоҷагии пахтакорро бароварда натавонад. Шудгор аз 1000 то 1600 сомонӣ барои 1 гектар, сӯзишворӣ 12 сомонӣ, 1 халта селитра то 600 сомонӣ харидорӣ карда шуд…
З. Дилшод,
н.Мастчоҳ