ХАБАРИ ДОҒ

 

 

Салом бародари азиз Ҷ. Исмоил! Шумо маро аз дини Ислом бехабар ҳисобидед. Агар аз ин дин бехабар мебудам, норасоиҳои онро исбот карда наметавонистам. Вақте ман дар бораи ин дин маълумот гирифта будам, эҳтимол шумо дар «пушти» падаратон ҳам набудед. Мунофиқ гуфта, одами дурӯяро мегӯянд, ман бошам «якрӯяам»-ку? Ҳамеша тарафдори ақидаҳои пешқадами илмиам. Шумо аз телефон, телевизор, мошин, самолёт, электрик истифода мебареду саҷдаро ба сӯи саҳронишинҳои гумроҳкунанда мегузоред. Кӣ «дуруя» ё «мунофиқ» будааст?

«Қуръон» аз калимаи арабии «қараъа»- «қироат» гирифта шуда, маънояш «хондан» ё «хониш» мебошад. «Қуръон» аз 114 сура ва 6204 (дар аввал) баъдтар боз илова карданд 6238 оят иборат аст.

Шумо қайд кардед, ки «Қуръон» дашном доданро манъ кардааст, куштан он тараф истад». Хунрезии ноҳақе, ки арабҳо карданду карда истодаанд, на фашистон кардаанду на коммунистон. 1 бор китоби «Таърихи табарӣ»-ро хонед, чи хел нисбати арабҳо нафрат пайдо карданатонро нафаҳмида мемонед.

Барои «танқид» карданатон ман аз шумо хафа нестам. Лекин ба журналисти варзида, донишманди беҳамто, миллатдӯсту Ватандӯст – Зайналобиддин Ҳусейнов эрод гирифтанатон гуноҳи азим аст.

Бародари азиз, Ҷ. Исмоил, биёед Худоро бо ақлу заковати худӣ шиносем, на бо нишондоди дигарон. Ягон миллати дунё ба мисли миллати мо шоирону донишмандон надорад. Лекин мо тилисми сеҳру афсуни бегонагон гашта, худиро инкор мекунем.

Ҳаким Ғуломов,

н.Дӯстӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter