ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: проблема ҳаст, вокуниш не

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

 

Чаро Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» таҳти №622 аз 07.02.2009 ба тасвиб расидаро дар н.Файзобод раисони шаҳраку деҳот ва раиси ноҳия Холзода Бобишоҳ Нарзулло бо муовинонаш иҷро намекунанд?

Банда борҳо дар рӯзномаи СССР матлабҳои таҳлилӣ ва танқидӣ навиштааам, аз ҷумла дар шумораи №34 аз 25.08.2022 «Симчӯбҳои фарсудаи Мискинобод», «Тарбузфурӯши фиребгар» шумораи №29 (722) аз 21.07,2022, «Ном наву проблема кӯҳна…» дар шумораи №30 (723) аз 28.07.2022, «Дарвозаҳои нообод…» дар шумораи №50 (691) аз 16.12.2021, «Замин ҳасту қарор не…» дар шумораи №1 (694) аз 06.01.2022, «Пробка дар Мискинобод» дар шумораи № 24 (712) аз 16.07.2022 рӯи чоп овардам, аммо раиси ноҳия ва муовинонаш вокуниш нишон надоданд. Чаро?

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter