ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳрванд аз ҳуқуқи худ истифода мебарад

  • Панҷшанбе, Нояб 10 2022

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Назарухмат Мусоевро таҳти сарлавҳаи «Аз Прокуратура ва Суди Олӣ хоҳиш дорем…», ки дар шумораи №35 (728) аз 01.09.2022 дар газетаи СССР нашр шуда буд, мавриди омӯзиш қарор дод.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди н.Синои ш.Душанбе аз 18.06.2019 аризаи даъвоии Маҷидов Шариф бо ҷавобгарии Ҷароилов Абдулло Ҳабибуллоевич, Ҳалимов Исо Мусохонович ва дигарон қонеъ карда, шартномаҳои хариду фурӯши мағозаи №7 аз 30.06.2000, воқеъ дар н.Сино, к.Маяковский 29/1, байни Маҷидов Ш ва Ҷароилов А.Ҳ. басташуда беэътибор дониста, қарори раиси н.Фрунзе (ҳозира н.Сино)-и ш.Душанбе аз 05.01.2004, №12 оиди тасдиқ намудани санади комиссияи давлатӣ дар бораи қабул ва ба истифода додани иншооти нуқтаи савдо байни Ҳалимов И.М. ва Хоҷаева О. аз 30.04.2004 басташуда, шаҳодатнома ва қарор дар бораи қонунигардонии мағозаи мазкур аз 16.05.2008, №№60 ва 306 бекор карда шудаанд.

Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди ш.Душанбе аз 29.01.2020 ҳалномаи мазкур бетағийр, шикояти кассатсионии ҷавобгар Ҳалимов И.М. беқаноат мононда, бо таъиноти судяи Суди Олӣ аз 18.03.2021 эътирози назоратии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бекор кардани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд рад карда шудаанд.

Дар муроҷиаташ шаҳрванд Мусоев Н. қайд намудааст, ки гарчанде пас аз марги даъвогар Маҷидов Шариф соҳибмулкӣ ба бинои мағоза ба фарзанди марҳум гузашта бошад ҳам, ҷониби ҷавобгарон бо далелҳои гуногуни беасос баҳси судиро давом дода истодаанд. Барои ҳалли ин масъала мавсуф мусоидат намуданро дархост кардааст. Ҷавобгар Ҳалимов И.М. нисбат ба санадҳои судӣ норозигӣ изҳор намуда, ба судҳои болоӣ шикоятҳои кассатсиониву назоратӣ пешниҳод карда, ба муроҷиатҳои ӯ ҷавобҳои мушаххасу муфассал ирсол гардидаанд.

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 365 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби шахсони иштирокчии парванда мумкин аст бо тартиби муқарраргардида шикояти назоратӣ пешниҳод карда шавад. Модоме, ки Ҳалимов И.М. аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ истифода бурда истодааст, ягон шахс ва ё ташкилоту корхона ҳаққи маҳдуд намудани ҳуқуқҳои ӯро надорад.

А.Исҳоқӣ,

муовини раиси
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter