ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: мактабҳо дар назоратанд

  • Чоршанбе, Нояб 16 2022

Дар таърихи 04.08.2022 дар ҳафтавори «СССР» мақолае таҳти унвони «Панҷакент: мактабҳои садамавии Амондара» аз номи Абдураҳмон Маматқулов ба нашр расид. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Дар Ҷамоати деҳоти Амондараи ш.Панҷакент 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд буда, 7-тои он кай сохта шудааст, касе намедонад. Аксарияти онҳо меҳмонхона ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ буда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд».

Дар вақти санҷиш маълум гардид, ки соли таъсис ва бунёди мактабҳои ҷамоати деҳоти Амондара бар ин қароранд:

Аз он ҷумла, МТМУ № 44-и деҳаи Равот дар соли 1983, МТМУ №19-и деҳаи Майката соли 1963, МТМУ №32-и деҳаи Амондара соли 1970, МТМУ №63-и деҳаи Роҷ соли 1968, МТМУ №66-и деҳаи Муғулон соли 1988, МТМУ № 88-и деҳаи Хӯҷапанҷ соли 1975, МТМУ №92-и деҳаи Зарринрӯд соли 1974, МТМУ №96 -и деҳаи Турки Роҷ, МТМУ №100-и деҳаи Хӯҷағариб соли 1974 сохта шуда, ҳамчун муассисаи таълимӣ ба фаъолият оғоз кардаанд ва дар айни замон дар ҳолати садамавӣ қарор надоранд. Ҳолати муассисаҳои №19, 32, 66, 88, 96 ва 100, ки боиси нигаронии муаллиф шудааст, хуб буда, ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва дастгирии Кумитаи падару модарон ва шахсони саховатпеша таъмиру тармим карда мешаванд.

Дар МТМУ №19-и деҳаи Майката 4 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст бо дастгирии Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми аҳолӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, ки бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

Инчунин, МТМУ №63-и деҳаи Роҷ дар соли 2019- 4 синфхонаи иловагӣ, барои 120 нафар хонанда, МТМУ №32-и деҳаи Амондара дар соли 2018 -2 синфхонаи иловагӣ барои 30 нафар хонандагон бо саҳми аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамаи синфхонаҳои МТМУ №100-и деҳаи Хӯҷағариб соли 2019 пурра аз таъмир бароварда шуда, ба талаботи замон комилан ҷавобгӯ мебошанд.

Муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Амондара бо мизу курсиҳои талабагӣ таъмин буда, ҷиҳати мустаҳкам кардани пояи моддию техникии мактабҳо ҳамасола аз тарафи МИҲД ш.Панҷакент, шахсони саховатпеша ва бо дастгирии Кумитаи падару модарон тадбирҳои самарабахш роҳандозӣ карда мешавад.

Соли равон боми МТМУ №63-деҳаи Роҷ пурра таъмир шуда, тирезаҳои синфхонаҳо иваз ва майдончаи варзишӣ дар арафаи 31 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Абдухолиқ Холиқзода,

раиси ш.Панҷакент

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter