ХАБАРИ ДОҒ

 

   Шахсоне, ки шиносномаи душаҳрвандӣ доранд ба фоидаи кӣ ё кадом давлату миллат кор мекунанд? Ман аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурсиданиам, ки чӣ гуна инҳо соҳиби шиносномаи душаҳрвандӣ мегарданд?

Дар рӯзҳои ноороме, ки қирғизҳои нашъамаст ба хоки мо ҳуҷум карданд, ин «фарзандони Ватандӯст» ба тарафи Россия фирор карданд ё баръакс аз ҷангҳои Россияю Украина тарсида, ба Тоҷикистон омада паноҳ бурданд.

Дар 1 шумораи ҳафтаномаи мардумии «СССР» хонда будам, ки шахсони душаҳрвандӣ дошта хоин мебошанд, дар асл воқеан чунин аст! Инҳо рӯбоҳоне мебошанд, ки Ватани худро фиреб медиҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ин масъала бояд ҷиддӣ андеша намояд. Бигзор мардум ба кадом давлате, ки мехоҳанд, рафта зиндагӣ кунанд, ин бад нест, вале дар ҳолати зарурӣ бояд, ки дар паҳлӯи Ватан бошанд.

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter