ХАБАРИ ДОҒ

 

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти кишвар дар маркази ноҳияи Файзобод бо дастгирии Ҷамъияти “Тоҷикматлубот” ва раиси он дар ноҳия Ҳадиса Қурбонова бозори замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бозори нав дорои тамоми шароити муосир буда, дар дохили бозор сартарошхона, сехи дӯзандагӣ,  ошхона-чойхона, растаҳои дӯконҳои гӯшт, меваю сабзавот, меҳмонхона ҷой дода шудааст. Тоҷирону соҳибкорон маҳсулоташонро вориди бозор карда, бо нархи дастрас ба мардум мефурӯшанд.

Дар бозор инчунин барои мӯйсафедон гӯшаи махсус ташкил карданд, ки онҷо пиронсолон омада, чой нӯшида, суҳбат мекунанд, ба бозиҳои шоҳмоту шашка машғул мешаванду рӯзномаҳои «СССР», «Тоҷикистон», «Фараж», «Самак» ва «Минбари халқ»-ро дастрас карда, мехонанду истироҳати бофароғат мекунанд. Тавре раиси бозор Ҳадиса Қурбонова иброз намуд, то бунёди бозори нав, бозори қаблӣ ба талабот ҷавобгӯй набуда, масоҳати ҷойгиршавии тоҷирону соҳибкорон танг ва он бозор талаботи мардумро қонеъ карда наметавонист.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter